Дар сухан бо дӯстон оҳиста бош,
То надорад душмани хунхор гӯш.
Пеши девор он чӣ гӯӣ ҳуш дор,
То набошад дар паси девор гӯш.
(Саъдии Шерозӣ)
Аз каломуллоҳи маҷид
– Ва сифату ҳоли сухани нопок монанди дарахти нопок аст, ки решакан карда шуд аз рӯи замин, нест барояш ҳеҷ истиқроре, макону қароргоҳе, (сураи «Иброҳим», 26).
– Ай муъминон! Хиёнат макунед ба Худо ва Расули Ӯ ва хиёнат макунед амонатҳои якдигарро (чӣ ҳамдин бошад ё ғайри он) дидаву дониста, (сураи «Анфол», 27)
– Ва яқинан бидонед, ки молҳои шумо ва фарзандонатон озмоишу имтиҳони бузург аст (барои шумо) ва назди Худост аҷру савоби бузург (агар итоъату фармонбардорӣ кунед), (сураи «Анфол», 28).
– Ва битарсед аз он рӯзе, ки бозгардонида шавед дар он рӯз ба сӯи Худо, пас пурра дода шавад подоши амалу кирдори ҳар шахс ва мазлум нашаванд.
Аз аҳодиси шариф
– Аз Абӯсаъиди Худрӣ (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуд: Соҳиби бадтарин манзалат (ҷойгоҳ) аз мардум дар назди Худо, дар рӯзи қиёмат мардест, ки бо занаш ҳамбистар мешавад ва занаш бо ӯ ҳамбистар мешавад ва он гоҳ сирри занро фош мекунад, (Ривояти Муслим)
– Аз Абдуллоҳ ибни Умар ибни Ос (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд: Чаҳор хислат ҳаст, ки дар ҳар касе вуҷуд дошта бошанд, ӯ мунофиқи холис аст. Ҳар кӣ яке аз ин хасоил дар ӯ бошад, хислате аз нифоқро дорад, то вақте онро тарк кунад.
1. Вақте амонате ба ӯ супурда шавад, дар он хиёнат мекунад.
2. Вақте ҳарф мезанад, дурӯғ мегӯяд.
3. Ҳар гоҳ паймоне бандад, аҳдшиканӣ мекунад.
4. Ҳар гоҳ бо касе душманӣ ва даъво кунад, аз ҳаққу ҳад мегузарад ва ҳарфи зишт зада, дашном медиҳад.
– Аз Ибода ибни Сомит (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуд: Касе шаҳодат диҳад, ки ҷуз Аллоҳ маъбуде нест ва Ӯ танҳо ва бешарик аст ва Муҳаммад (с) банда ва фиристодаи Ӯ ва Исо банда ва калимаи Ӯст, ки ба Марям илқо кард ва рӯҳи Худост ва биҳишту дӯзах ҳақ асту рост, ҳар амале, ки дошта бошад, Худованд ӯро вориди биҳишт мекунад, (ҳадиси ««Муттафақун-алайҳ).
Қавли ёрони Расулуллоҳ (с)
– Ҷисме, ки бо ҳаром рушду нумӯъ карда бошад, ҷояш дар ҷаҳаннам аст, (ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р)),
– Агар байни даҳ хислати инсон нуҳи он дуруст бошад ва якаш нодуруст, ҳамин як рафтори нодуруст тамоми рафторҳои некро ғарқ мекунад, (ҳазрати Умар (р)),
– Бори худро бар кас маафканед, агарчи кам бошад, (ҳазрати Усмон (р)),
Тамаъ корест, ки мардон дар заминаи он ба хориву зиллат гардан мениҳанд, (ҳазрати Алӣ (р)).
Қавли бузургон
– Касе доимулвузу (ҳамеша бо таҳорат) ва доимузикр ҳаст, дасташ ба кори хато намеравад ва дар натиҷа баъд аз муддатзамоне сабук мешавад.
Бишнав-бишнав, вақте Шиблӣ (р) рӯзи ид ҷомаи сиёҳ пӯшида буд ва навҳа мекард. Гуфтанд: Имрӯз чӣ рӯзи навҳааст?
Гуфт: Имрӯз халқро мебинам ба ид чунон машғул шудаанд, ки аз Ҳақ ёд намеоранд, бар ғафлати ишон навҳа мекунам, (Зиёуддини Нахшабӣ),
– Фуқаҳо ва муҷтаҳидин иттифоқ бар он кардаанд, ки ҳар он чӣ бар зарар тамом шавад (аз қабили тамоку ва ё банг ва ғайра) ва одамиро ба ҳалокат андозад, аз он дурӣ ҷустан воҷиб аст. Анҷом доданаш бо далели қавли Худованди мутаъол: «ва худро ба дасти худ ба ҳалокат наафканед», («Бақара», 195), ҳаром аст,
– Ҳеҷ миллате ғулом шуда наметавонад, агар дар байни он мардуми ғаддор набошанд. Зеро табар бидуни даста дарахтро қатъ карда наметавонад ва даста зодаи дарахт аст, (Муҳсин Ризоӣ),
– Ҳар он сирре, ки дорӣ бо дӯст дар миён манеҳ, чӣ донӣ, ки вақте душман гардад. Ҳар газанде, ки тавонӣ, ба душман марасон, бошад, ки вақте дӯст гардад, (шайх Саъдӣ),
– Агар таваҷҷуҳ кунед, дар кишварҳои ғайриисломӣ дар муқоиса бо он кишварҳое, ки шариъат риъоя мешавад, мизони гирифторӣ ба СПИД ва дигар бемориҳои таносулӣ ба маротиб болост,
Риъояи муқаррароти шариъат заминаи солими барқарории фазои мусоиди хонаводагӣ ва гарави самимияти муносиботи зану шавҳар ба ҳисоб меравад, (устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ),
– Иддаъоҳои мардуме, ки Исломро дур аз сиёсат медонанду таъсиси ҳизб ё ҳаракатеро номақбул меҳисобанд, асоси воқеъӣ надорад. Зеро агар Ислом аз сиёсат холӣ карда шавад, дигар чизе аз он боқӣ намемонад, (устод М.Ҳимматзода, китоби «Расоил ва масоил»),
– Оре, созандаи иморати исломӣ аз маводи хоми дунёи инсонӣ он чиро, ки муфид ва маҳкаму қавист, баргузида, аҷзои парокандаи онро бо риштаи имон ва амали некӯ бо ҳам пайванд додааст. Аз он иморати баланде сохтааст, ки салоҳияти гунҷоиши уммати ҷаҳонӣ, ба ибораи дигар, уммати ташкилёфта аз ҳамаи башариятро дорад, (Абул-Аъло Мавдудӣ),
– Агар нодонӣ ва шарорати раҳбарон набуд, дар ин дунёи паҳновар рӯзӣ ва комгорӣ барои ҳама муяссар мешуд, (Муҳаммади Ҳиҷозӣ),
– Ҷаҳонро метавон монанди як хона дид, ки дар ҳар як ҳуҷрае аз он, миллате сокин аст. Агар ҳуҷрае хароб гашт, ҳуҷраҳои дигар осеб намебинанд? (профессор, Р. Мусулмониён).
Фароҳамсоз
Муҳиддин Асозода