Панду андарз

Ҳаст Қуръон ҳолҳои анбиё,
Моҳиёни баҳри поки Кибриё.
Чун ту дар Қуръони Ҳақ бигрехтӣ,
Бо равони анбиё омехтӣ.
(Мавлонои Румӣ)
– Ин (Қуръон) китобест, ки нест ҳеҷ шакку шубҳае дар он, роҳнамост парҳезгоронро, (сураи «Бақара», ояти 2).
– Ва гуфтанд: (муъминон) шунидему фармонбардорӣ кардем, мехоҳем омурзиши Туро, ай Парвардигори мо. Ва ба сӯи Туст бозгашт, (сураи «Бақара», ояти 285).
– Воҷиб намекунад Худо бар ҳеҷ кас, магар ба қадри тоқату бардошти ӯ. Ба фоидаи ӯст (худи он шахс аст) амали некаш ва бар зарари ӯст он чи (гуноҳ) кард. (гуфтанд:) Ай Парвардигори мо, ба уқубату азоб магир моро агар фаромӯш кунем ё хатое кунем, ай Парвардигори мо, манеҳ бар сари мо бори гаронро, чуноне ниҳодӣ онро бар касоне, ки пеш аз мо буданд. Ай Парвардигори мо, манеҳ бар сари мо ончиро, ки тоқати бардошти онро надорем, афв кун аз мо ва биёмурз моро ва бибахшой бар мо, Туӣ Худованди мо, пас нусрату ғалаба деҳ моро бар болои кофирон, (сураи «Бақара», ояти 286).

Аз аҳодиси шариф
– Ҳар касе мақсадаш охират бошад, Худованд ӯро (хотирашро) ҷамъ мекунад ва боигариро дар дилаш медиҳаду дунё ба сӯи ӯ иҷборан равона мешавад. Ва ҳар касе нияташ дунё бошад, Худованд молҳояшро зоеъ мекунад ва камбағалиро ба чашми ӯ медиҳад ва аз дунё даст намеоварад, магар он миқдореро, ки барояш навишта шудааст.
– Аз Аби Кабша Умар ибни Саъди Ансорӣ (р) ривоят шудааст, ки гуфт: аз Паёмбар (с) шунидам, ки мефармуд: Се чиз ҳаст, ки ман (бар ният) бар онҳо савганд мехӯрам ва сухане барои шумо мегуям, онро ба ёд дошта бошед ва фаро гиред:
1. Ҳаргиз сарвати ҳеҷ шахсе, аз садақа кам нашудааст.
2. Ҳар бандае, ки бар ӯ зулме бишавад ва ӯ бар он сабр кунад, яқинан Худованд иззаташро зиёда мегардонад.
3. Ҳар бандае дареро барои гадоӣ боз кунад, ҳатман Худованд даре аз тангдастӣ ва фақр (ё нороҳатиҳои дигар) бар ӯ мегушояд ва сухане барои шумо мегӯям, онро ҳифз кунед ва он ин аст, ки дунё барои чаҳор нафар аст:
– Бандае, ки Худованд сарват ва илме ба ӯ ато кард ва ӯ дар онҳо аз Худои худ метарсаду силаи раҳмро анҷом медиҳад, ҳаққи Худоро дар моли худ медонаду мешиносад, чунин шахс дар болотарин дараҷот аст.
– Бандае, ки Худованд донише ба ӯ дод, вале моле ба ӯ надодааст. Ӯ дорои нияте дуруст асту мегӯяд: агар моле медоштам, монанди фалон кас рафтор мекардам, чунин шахс, бо нияташ санҷида мешавад. Пас бо шахси молдор ва бахшанда мусовӣ (баробар) ва подоши ҳар ду яксон аст.
– Бандае, ки Худованд сарват ба ӯ дод, вале илм надодааст. Ӯ дар молаш бидуни илм ва ноогоҳона иқдом мекунад ва дар он аз Худо наметарсад ва силаи раҳмро анҷом намедиҳаду дар молаш ҳаққе барои Худо қоил нест, чунин кас дар поинтарин дараҷот аст.
– Бандае, ки Худованд илм ва мол ба ӯ надодааст ва ӯ мегӯяд, агар моле доштам, монанди фалон кас рафтор мекардам, чунин инсон бо нияташ санҷида мешавад, пас гуноҳашон (бо нафари саввум) якест, (ривояти Имом Тирмизӣ).

Қавли ёрони расулуллоҳ
– Чашми хешро ҳифозат кунед, зеро он дарвозаи дил аст ва тамоми офат аз ин роҳ дохили ҷисм мегардад, (Абубакри Сиддиқ (р)).
– Қабул шудани дуъо мунҳасир (вобаста) ба хулус (ихлос ва самимият) аст, на ба алфози дуъо, (Умари Хаттоб (р)).
– Агар гуноҳ мекунед, дар ҷое кунед, ки Аллоҳ (ҷ) онро набинад (ин имконнопазир аст) (ҳазрати Усмон (р)).
– Агар дар мавриди чизе аз шумо пурсида шавад ва ба шумо маълум набошад, бояд бигӯед: намедонам, (ҳазрати Алӣ (р)).
– Ҳазрати Салмони Форсӣ (р) мегӯяд: Худованд агар барои бандае ҳалокатро ирода кунад, ҳаёро аз ӯ мегирад, вақте ҳаёро бардошт, дигар вай дар назари ҳама зишту манфур мегардад. Вақте инсон зишту манфур гашт, аз ӯ амонатдорӣ бозгирифта ва ӯ хоин мешавад. Вақте хиёнаткор гашт, меҳру шафқат ва раҳмат аз дилаш дур ва ӯ зиштхӯю бадгӯй мегардад. Вақте зишту бадахлоқ шуд, ҳалқаи ресмони имон аз гарданаш берун карда мешавад, вақте ҳалқаи ресмони имон аз гарданаш берун карда шуд, ӯ дигар шайтони лаъину малъун мегардад.

Қавли бузургон
– Агар аз подшоҳ ва ҳокими вақт коре ва ё рафтореро мушоҳида намудӣ, ки ба арзишҳои илмӣ ва меъёрҳои динӣ мухолиф аст, бо изҳори итоъати хеш ба вай тазаккур бидеҳ ва мутаваҷҷеҳи иштибоҳи худаш гардон, зеро вай аз ту тавонотар аст.
Масалан, ба вай бигӯ, ки дар корҳои кишвардорӣ ман аз ту итоат мекунам, вале бинобар тахассуси илмӣ ва масъулияти шаръии хеш дар шумо рафтор ва ё кореро мушоҳида кардам, ки аз назари меъёрҳои шаръӣ дуруст намебошад, шуморо мутаваҷеҳи иштибоҳатон мегардонам (маъни аз насиҳатнома) (аз «Насиҳатнома»-и Имоми Аъзам (р) ба шогирдаш Абуюсуф (р)».
– Порсоеро дидам бар канори дарё, ки захми паланг дошт ва ба ҳеҷ доруе беҳ намешуд. Муддатҳо дар он ранҷур буд ва шукри Худои азза ва ҷалл бардавом гуфтӣ. Пурсидандаш, ки шукр чӣ мегӯӣ?
Гуфт: шукри он ки ба мусибате гирифторам, на ба маъсият (гуноҳе), (Шайх Саъдӣ (р).
– Фарҳанг маҷмуъае аз донишу ҳунар, афкору ақида, , одобу расм ва қонуну муқаррарот ба таври кул урфу одатҳои як ҷомеъа мебошад. Дар асри нав душманон ҳуҷуми фарҳангиро барои истеъмор ба кор мебаранд. Бо аз байн бурдани фарҳанги миллӣ оҳиста-оҳиста худи миллатро низ зери юғи истеъмор қарор медиҳанд.
Бинобар ин, моро лозим аст, ки фарҳанги миллии худро эҳё намуда, онро рушд ва хешро аз таҳоҷуми фарҳанги бегона наҷот бидиҳем, (устод С. А. Нурӣ).
– Ба онҳое, ки бозгашт ба асолат ва ҳувияти миллиро шиори худ қарор дода, аз тарафи дигар ба сатру ҳиҷоби занону духтарон ҷанг эълон кардаанд, мегуем, корҳои амалиатон сад дар сад мухолифи иффату покии занон будани шуморо нишон медиҳад, (устод М. Ҳимматзода).
– Мард чун пир шавад, рафтори кӯдакона гирад, (аз «Мақолоти Шамси Табрезӣ»).
– Хушо ба ҳоли нодурусте, ки дар аввалин найранг ба дом биафтад, (Муҳаммади Ҳиҷозӣ).
– Зан ба нафаре, ки дӯсташ намедорад, раҳм намекунад, (аз «Хазинаи Маърифат»).

Фароҳамсоз,
Муҳиддин Асозода

More From Author

You May Also Like