Шаҳрдории яке аз шаҳрҳои бузурги Испания иҷозаи сохтани масҷидеро барои мусалмонон ба тасвиб расонид.
Ба гузориши як пойгоҳи хабарӣ, ба нақл аз хабаргузориҳои арабӣ, шаҳрдории шаҳри Португолети Испания эълом кард, ки дар ҳафтаҳои оянда ба мусалмонони ин шаҳр иҷоза дода мешавад, то сохти масҷиди наверо барои адои ибодатҳои худ оғоз намоянд.
Ин дар ҳолест, ки як гурӯҳи давлатӣ бо ин тасмим, ки дар маҷлис ширкат доштанд мухолифат карданд ва даъвои он намуданд, ки сокинон сохтмони ин масҷидро намепазиранд.
Ҳоло он ки ба гуфтаи мусалмонони ин шаҳр тасвиб ва тарҳи сохти масҷид дар моҳи июл аз тарафи мақомот пешбинӣ шуда буд. Ҳамзамон мардуми мусалмони ин шаҳр дар суҳбатҳои худ таъкид доштанд, ки рӯзҳои наздик сохти масҷиди мазкурро бо тасвиби мақомот оғоз хоҳанд кард.