Илм аз сомони ҳифзи зиндагист,
Илм аз асбоби тақвими худист.
Илму фан аз пешхезони хаёт,
Илму фан аз хоназодони ҳаёт.
(Аллома Иқбол)
Аз Каломи Ҳақ
Ҳамоно дини муътабар назди Худо Ислом аст ва ихтилоф накарданд (яъне дар қабули Ислом) аҳли китоб (яъне яҳудуд насоро) магар баъди он ки омад ба онон дониш (китоб) (яъне ошкоро сохта буд ҳақиқати Ислому Муҳаммадро (с) ва ҳақиқати ҳолро дониста буданд) лек аз рӯи ҳасаде, ки доштанд дар миёни хеш (инкор намуданд). Ва ҳар ки кофир шуд ба оятҳои Худо, ҳамоно Худо зудкунандаи ҳисоб аст. (сураи «Оли Имрон», ояти 19).
Пас агар муноқиша кунанд бо ту (ай Муҳаммад (с) дар боби дин) пас бигӯ (дар ҷавобашон) : мунқод сохтам рӯи худро (яъне Ислом овардам) барои Худо ва ҳар ки пайравии ман кард, (низ мутеъ шуд). Ва бигӯ аҳли китобро ва нохонандагонро (яъне ононеро, ки аз аҳли китоб нестанд), оё Ислом овардед? Пас агар Ислом оварданд, яқинан роҳ ёфтанд (яъне ҳидоят шуданд) ва агар рӯй гардониданд аз Ислом пас яқинан бидонанд, ки бар ту (ай Муҳаммад (с)) пайғом расонидан аст (яъне вазифаи ту танҳо расонидани амри Худост) ва Худо биност ҳоли бандагонашро (сураи «Оли Имрон», ояти 20).
Аз аҳодиси набавӣ
Аз Расули акрам (с) пурсиданд: наҷот чист?
1. Забонатро нигаҳ дор. (Нигаҳ доштани забон аз ҳама гуна дашному ҳақорат, ғайбату суханчинӣ, дурӯғу беҳудагӯӣ, туҳмату дасисакорӣ, асоси наҷоти ин дунё ва охират аст).
2. Хонаат туро ғунҷонад. (Мусалмон бояд аввал хонаи худро обод намояд, хонаи дар асоси равиши Қуръон ва суннати Паёмбари акрам (с) бино намояд, зану шавҳар якдигарро дар дину дунё дастгирӣ намоянд, оилаи хушбахти мусалмон барпо созанд, ки тавонад асоси ҷамъияти мусалмон шавад).
3. Бар гунаҳҳоят гиря кун. (Тавба ва истиғфор кардан, ба гуноҳҳои гузашта пушаймон шудан аз пушаймони гиря кардан, даруни инсонро мешӯяд, охирати инсон обод мешавад).
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шудааст, ки гуфт: аз Паёмбар (с) шунидам, ки мефармуд: «Ҳар гоҳ намоз барпо шуд, бо аҷала ва давидан ба сӯи он наравед, балки бо шеваи роҳ рафтан (ва бовиқору муаддабона) биравед ва дар он ширкат кунед ва матонат ва оромишро риоят кунед, он гоҳ ба ҳар миқдор аз ҷамоат, ки расидед, онро бихонед ва ҳар миқдоре ҷамоат бар шумо фавт шуд ва нарасидед, онро тамом (пурра) кунед», (ҳадиси «Муттафақун-алайҳ).
Аз қавли ёрони Расулуллоҳ (с)
Онон ки барои охират дунёро тарк мекунанд, мақбул нестанд, балки мақбул касе аст, ки ҳаққи дунё ва охиратро адо мекунад (ҳазрати Абубакри сиддиқ (р)).
Аз рафоқати камақл дур бош, зеро, ки агар ӯ иззати туро ҳам бихоҳад, бо камақлӣ бароят товон мерасонад (ҳазрати Умар (р)).
Он илм бефоида аст, ки ба он амал нашавад ва он мол беҳуда аст, ки дар роҳи хуб масраф нашавад (ҳазрати Усмон (р)).
Бо душмани доно машварат кун ва аз фикр ва ройи дӯсти нодон эҳтироз (дури) кун (ҳазрати Алӣ (р)).
Гурӯҳе аз занони қабилаи Бани Тамим назди Уммул-муъминин Оишаи Сиддиқа (р) омаданд ва либосҳои нозуке бар тан доштанд, ҳазрати Оиша (р) фармуданд: «Агар шумо муъмин ҳастед, ин либос-либоси муъминон нест ва агар муъмин нестед, метавонед аз ин либосҳо баҳраманд гардед».
Қавли бузургон
Айби ҳамсояаатро бипӯш! Зеро он дар назди ту амонат мебошад. Ва умуман асрори пӯшидаи мардумро фош насоз! (имоми Аъзам (р)).
Аз Суфёни Саврӣ (р) пурсиданд: Марде дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад, бароят маҳбубтар аст, ё марде, ки Қуръон мехонад. Гуфт: Ҳамоне, ки Қуръон мехонад, зеро Паёмбар (с) мефармоянд: «Беҳтарини шумо касест, ки Қуръонро омӯхта ва онро ба (дигарон) меомӯзонад» .
Дини ҳамаи анбиё Ислом буда ва ҳамаи онон мардумро ба сӯи Ислом даъват карда ва иқрор ва эътироф ба Ислом доштанд, Исломе, ки Паёмбари мо Муҳаммад (с) ба он мабъус шуд, поёнбахши ин адён (динҳо) аст (доктор Юсуф Қарзовӣ).
Бо вуҷуде, ки башарият ба ҳазораи саввум –ҳазораи пешрафт ва тамаддун расидааст, ҳанӯз ҳам куштори инсон аз тарафи инсон боқист. Ҳатто давлатҳое, ки ба иддаъои худашон ба авҷи аълои тамаддун ва тараққӣ расидаанд, қасди таҷовуз ба ҳарими ҳуқуқ ва озодиҳои дигаронро доранд. Гоҳҳо чунин ба назар мерасад, ки иддаъои демократия ва ҳуқуқи башар низ яке аз василаҳои барои салби ҳуқуқ ва озодиҳои давлатҳои заъиф будааст (устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ).
Дар робита ба интихобот ҳамин нуқта қобили қайд аст, ки Ислом ҳама гуна интихоботро таъйид мекунад. Вале мутаассифона, боз ҳам андешаи ғалати дигаре дар байни мардуми кишвари мо ҳаст, ки гуйё интихобот ва овоз додан ба дин иртиботе надошта бошад. Дар ҳоле, ки худи овоз додан ва дар интихобот ширкат ҷустан ба манзалаи шаҳодат додан аст (устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода).
Набояд аз хаста будани худ шарманда бошӣ, балки ҳамеша саъй кун, ки хастаовар набошӣ.
Яке аз бузургон гуфт порсоеро: Чӣ гӯи дар ҳақи фалон обид, ки дигарон дар ҳаққи вай ба таъна суханҳо гуфтанд? Гуфт бар зоҳираш айб намебинам ва дар ботинаш ғайб намедонам ( шайхСаъдии Шерозӣ).
Подшоҳ бояд, ки кори хеш ба дасти носазоворон боз надиҳад ва андар дасти худованди (соҳиби) аслу насаб ниҳад, ки агар ба дасти носазо диҳад, мулки хеш ба бод диҳад ва мамлакат вайрон шаваду халалҳои бисёр падид ояд, аз ҳар рӯй ва ҳар ҷинсе…(Имом Ғазолӣ (р)).
Адаб ва инсофу ҳақшиносӣ ва соири сифоти хуб маҳсули тарбият аст, на фитрии инсонӣ (Муҳаммади Ҳиҷозӣ).
Бо пул мешавад хона харид, вале ошёна на.
Рахти хоб харид, вале хоб на.
Соат харид, вале замона на.
Метавонед мақом харид, вале эҳтиром на.
Метавонед китоб харид, вале дониш на.
Дору харид, вале саломатӣ на.
Хона харид, вале зиндагӣ на.
Билохира метавонед қалб харид, вале ишқро на.
(ҳунарманд, Чарли Чаплин)
Фароҳамсоз Муҳиддин Асозода