Categories Uncategorized

Оё ширинии намозро чашидаӣ?

Муаллиф: Амр Холид

Мутарҷим: Иброҳим Соидӣ

Баргардонанда: Муҳаммад Шукуров

04.03.2012, 12:30

Талош барои хушуъ ва фурутанӣ дар намоз

Чӣ тавр хушуъу фурутани дар намозро биомузам?A

Шумо бандаи Худо ҳастед ё бандаи дунё?

Оё ширинии намозро чашидаӣ?!

Баргард намоз бихон, зеро ту намоз нахондӣ

Расули акрам (с): «Тез хондани намоз бадтарин дуздист»

Охирсухан

Талош барои хушуъ ва фурутанӣ дар намоз

Ба ҷуз касоне, ки Худоро дӯст медоранд, касе хошеъ ва бо фурутанӣ дар намозаш нест!

Як намуна аз касоне, ки Худоро воқеан дӯст доранд, Ибни Қайим аст, ки мегӯяд: «Дар қалб як шикастагист, ки ҷуз рӯ овардан ба Худо чизи дигаре онро тармим намекунад. Дар қалб як ваҳшатест, ки ҷуз бо унс гирифтан бо Худо чизи дигаре онро дӯр намекунад ва дар қалб як тарс ва нигарониест, ки ҷуз бо фирор кардан ба сӯи Худо чизи дигаре онро аз байн намебарад».

Оё як бор ҳам шуда, ки ин мафоҳимро эҳсос кардаӣ? Бародари хонанда, оё то ба ҳол эҳсос кардӣ, ки мехоҳӣ ба сӯи Худо фирор кунӣ? Ва бо забони ҳолат мегӯӣ: «Парвардигоро! Ман ниёзманди дини ту ҳастам!» Иштиёқу гароише эҳсос кардӣ, ки ҷуз бо хушнудии Худованди азза ва ҷалла хомӯш намешавад?!

Ҳамчунин Ибни Қайим мефармояд: «Вақте мардум бо дунё  талаби бениёзӣ карданд, ту бо Худо талаби бениёзӣ кун; вақте мардум бо дунё хушҳол шуданд, ту бо Худо хушҳол шав; вақте мардум бо дӯстонашон унс гирифтанд, ту бо Худо унс бигир; вақте мардум барои талаби ризқу рӯзӣ назди подшоҳону бузургон рафтанд ва барои онҳо ибрози муҳаббат карданд, ту барои Худо ибрози муҳаббат кун!».

Ай бародари гиромӣ! Ин сухани мардест, ки воқеан Худоро дӯст доштааст, оё ту эҳсос мекунӣ,  ки Худоро дӯст медорӣ? Ҳамвора аз худат бипурс, дунёро мехоҳӣ ё биҳиштро? Чаро зиндагӣ мекунӣ? Ҳадафатро мушаххас кун, то битавонам бо ту вориди мавзуъи хушуъ ва фурутанӣ дар намоз шавам.

Чӣ тавр хушуъу фурутани дар намозро биомузам?

Қабл аз ҳар чиз сухани Ибни Қайимро барои ту ёдовар шудам, ки мегӯяд: «Аз истодан пеши дари Парвардигорат хаста машав, агар чӣ ронда шавӣ!». Яъне аз истодан назди дари Ҳақ азза ва ҷалла хаста нашав, ҳатто агар дар ибтидо бароят хушуъ ҳосил нашавад, пас аҷала ва шитоб макун, ки мабодо кушиш бо нафсатро барои ба даст овардани  хушуъ раҳо кунӣ, балки бисёр гиря кун ва мураттаб дари Подшоҳро бизан, чун ӯ бидуни тардид дарро ба рӯят боз хоҳад кард. Барои Худо фурутанӣ кун, ба даргоҳаш дуо кун, маъзаратхоҳиро раҳо макун, эҳсоси  тақсир ва кӯтоҳиро раҳо накун… Агар нофармонии ӯ кардӣ, ба суръат ба сӯи ӯ боз гард, тавбаву истиғфор кун.. Худо  раҳмат кунад касеро, ки гуфтааст: «Агар Худованд дарашро барои бандагоне, ки дӯсташон медорад, боз кард, ту бо онон дохил шав. Ба унвони мисол, агар дарси илмие дар масҷид ё дар ҷои дигаре буд, ту ҳам бирав ва миёни онҳо бинишин, шояд бо гуруҳе ҳамнишин бошӣ, ки зарар намекунанд. Агар диди иддае аз бародарон барои эътикоф мераванд, ту ҳам бо онҳо ба эътикоф бирав. Агар намози шаб мехонанд, ту ҳам бо онон намози шаб бихон, зеро мисоли ҳамнишини солеҳ , мисли касест, ки мушк дарбар дорад, ки ё ба тӯ ҳадия медиҳад, ё аз ӯ мехарӣ ва ё бӯи хуше аз ӯ баҳра мебарӣ.

Вақте дари Худои раҳмон дар вақтҳои саҳар ва иҷобати дуо мисли саҷда ва ғайра боз шуд, ту ҳам зуд дохил шав. Дастатро ба сӯи Худо дароз кун ва бигӯ,  бечораам, ба ман садақа бидеҳ. Дар он ҳангом, ширинии муноҷот ва ширинии хилват бо Худои Азза ва Ҷалларо эҳсос хоҳӣ кард.

Аз ту мепурсам, бародарам! Туро ба Худо қасам, охирин боре, ки дар намозат барои Худо хошеъ ва фурутан будӣ, кай буд? Оё орзӯ намекардӣ, ки ҳаргиз аз саҷда баланд нашавӣ? Охирин боре, ки дар баробари Худо истодӣ ва аъзо ва ҷавореҳат хошеъ шуд ва дилат ларзид, кай буд?

Шумо бандаи Худо ҳастед ё бандаи дунё?

Ман метарсам, ки аҳаммияти ин суханонро эҳсос накунем, зеро дил каме сахт аст. Мо мехурему менушем, издивоҷ мекунем, тавлиди насл мекунему мемирем ва фаромӯш мекунем барои чӣ офарида шудаем? Мо барои ҳадафе офарида шудаем, ки мухолифи он чизҳоест, ки анҷом додаему анҷом медиҳем? Офарида шудаем, то дар канори Аллоҳи раҳмон ва дар хидмати Воҳиди маннон бошем ва чӣ иззате аз ин болотар, ки бандааш бошӣ?!

Як бор бо баъзе ҷавонон нишастем ва тасмим гирифтем, ки неъматҳои Худованд бар худро бишуморем. Бархе аз мо гуфтанд, саломатӣ; бархе гуфтанд, фарзандон; бархе гуфтанд, шунавоӣ ва биноӣ; яке дигар гуфт, модарам; яке дигаре гуфт, пул ва дигаре гуфт, Ислом, то ин ки як ҷавон, ки синнаш ҳудуди 18 сол буд, гуфт: «Бузургтарин неъмате, ки Худованд ба мо ҳадия кардааст, инаст, ки Худованд Парвардигори мост»!

Оё ин маъноро фаҳмидаӣ? Ин ҷавони кам синну сол эҳсос мекунад, бузургтарин неъмат дар ҳастӣ инаст, ки умури мо фақат дар дасти Парвардигори мост. Ӯ сарпарастии моро бар ӯҳда дорад, дилу дасти моро мегирад ва моро ба роҳи хайру салоҳ мерасонад. Пас бузургтарин неъмат инаст, ки Худо ва фақат Худо парвардигори туст.

Ай бародар! Ин маъноро эҳсос кун, ки ту аз они кӣ ҳастӣ? Оё ту бандаи худат ҳастӣ ё ту бандаи сарват ҳастӣ? Мабодо аз ин афрод бошӣ, зеро Расули Худо (с) алайҳи бандагони дунё, шаҳватҳо ва зиннатҳо дуо карда ва фармудааст:

“تعس عبد الدراهم.. تعس عبد الدینار.. تعس عبدالقطیفه.. تعس عبد الخمیصة.. تعس و انتکس، و اذا شیک فلا انتقش”.

Яъне: «Бадбахт шуд бандаи дирҳам (дулори ҳозира), сияҳрӯз шуд бандаи динор (евро), бечора шуд бандаи порча, нобуд бод ва ба зимин хурад ва чун хоре бар баданаш халад, натавонад онро берӯн кашад».

Оё ширинии намозро чашидаӣ?!

Ибни Таймия мегӯяд: «Аҳли дунё бечораанд, аз дунё рафтаанд ва ширинтарин чизеро, ки дар он аст, начашидаанд.» Ба ӯ гуфта шуд, ширинтарин чизе, ки дар дунёст чист? Гуфт: «Муҳаббат ва ишқ ба Аллоҳи азза ва ҷалла»!

Ай касе, ки гиряро дар намозат дар баробари Худо таҷриба накардаӣ! Ту бечора ҳастӣ. Ай зане, ки ба хотири гуноҳе, ки анҷом додаӣ, эҳсос накардаӣ, ки бадану қалбат аз тарси Худои ягонаи қаҳҳор меларзанд, ту бечора ҳастӣ!

Бародарам! Вақте дар намоз бар Худо варид мешавӣ, оё барои як бор ҳам шуда табассум намудаӣ?! Бидон, ки ҳаракатҳои зиёд дар намоз далолат ба адами ҳузури қалб ва адами хушуъи он барои Худо, ки Парвардигори оламиён аст, мекунад. Ба хотири ҳамин вақте ҳазрати Умар (р) мардеро дид, ки дар намоз бо ришаш бозӣ мекунад, гуфт: «Агар қалби ин хошеъ мебуд, аъзояш низ хошеъ мешуданд». Ӯ рост фармуд, зеро аъзо оинаи қалб ҳастанд ва аз кӯза ҳамон берун ояд, ки дар ӯст.

Вақте ба мардум, ки намоз мехонанд, нигоҳ кунӣ чизи шигифтангезе меёбӣ. Иддае бо суръати шигифтангез қиём ва рукуъу саҷда мекунанд, гуё ки кудак шудаанд ва ё мошине дар онҳо гузошта шудааст. Ба унвони мисол дар ду дақиқа ё камтар намози зуҳр ё асрро мехонанд. Мумкин аст, ки онро фишурда кунанд ва онро дар яку ним дақиқа бихонанд. Саҷдаро бо рукуъ бихонанд, камарашонро аз рукуъ баланд накунанд, балки билофосила баъд аз рукуъ ба саҷда бираванд.

Ба унвони мисол шояд касеро бубинӣ, ки дар канори ойна намоз бихонад ва ба нигоҳ кардан дар ойна машғул бошад, ё дар канори талевизион намоз бихонад, то вақте, ки яке аз ду тим гол бизанад, мутаваҷҷеҳ бишавад.

Мо набояд шоҳиди чунин намунаҳое бошем. Бояд аз Худованди баландмартаба шарм кунем. Шояд хоҳареро бубинем, ки дар миёни намоз чашмонаш ба чиркҳои болои сақфи хона бияфтад, пас бо худ бигӯяд, баъд аз хондани намоз ин чиркро пок хоҳам. Ба ин васила шайтон ӯро аз намоз ва хушуъ хориҷ мекунад. Шояд бародареро бубинӣ, ки дар ҳоли намозхондан аст ва бачашаш муртакиби иштибоҳ мешавад, пас садояшро баланд мекунад, то таваҷҷӯҳи писарашро ҷалб кунад, оё ин ҷоиз аст?!

Шояд фарди дигар фикраш машғули мусобиқаест, ки баъд аз муддате оғоз мешавад, пас дар ҳангоми намоз ба соаташ нигоҳ мекунад, то вақти боқимондаро ҳисоб кунад ва дар ҳамон вақт намозашро тамом кунад.

Баргард намоз бихон, зеро ту намоз нахондӣ

Чӣ қадар фосила аст миёни ин саҳнаҳое, ки барои мо пеш меояд ва шеваи намози Паёмбари Худо (с), саҳоба (р) ва тобеъин  ва солиҳин. Намоз иборат аз чанд ҳаракати автомотикӣ, бидуни ҳузури қалб ё дарки мафоҳими қироатшуда нест. Рӯзе Расули Худо (с) дар масҷид нишаста буд, ки марде ворид шуд ва ба Расули Худо (с) салом гуфт. Расули Худо (с) ҷавоби саломашро дод. Он мард бархост ва намоз хонд. Вақте намозашро тамом кард, назди Расули Худо (с) рафт ва ба ӯ салом дод. Расули Худо (с) ҷавобашро дод, сипас ба ӯ фармуд: «Баргард  намоз бихон, зеро ту намоз нахондӣ». Он шахс рафт ва дубора намоз хонд, сипас  баргашт ва салом дод. Расули Худо (с) ҷавоб дод, сипас ба ӯ ҳамон дастурро дод: «Баргард ва намоз бихон, зеро ту намоз нахондӣ».

Он мард боз ҳам ин корро кард, сипас баргашт ва салом дод. Расули Аллоҳ (с) ҷавобашро дод ва бори дигар гуфт, ки намозашро ду бора бихонад. Он мард гуфт: «Қасам ба зоте, ки туро ба ҳақ фиристодааст, ман чизе ғайр аз он чӣ анҷом додам, намедонам, ба ман биёмӯз! Расули хайрхоҳ ва амин ба ӯ фармуд: «Вақте, ки барои намоз хестӣ, такбир бигӯ, сипас ҳар чӣ аз Қуръон бароят муяссар аст бихон, сипас рукуъ кун, то дар ҳолати рукуъ ором бигирӣ. Сипас бархез то дуруст биистӣ (яъне ҳар узве дар ҷояш қарор бигирад), сипас саҷда кун то  дар ҳолати саҷда ором бигирӣ. Сипас бинишин то дар ҳолати  нишастан ором бигирӣ, сипас саҷда кун то дар ҳолати саҷда ором бигирӣ ва инро дар тамоми намозат адо кун».

Расули акрам (с): «Тез хондани намоз бадтарин дуздист»

Аз Расули Аллоҳ (с) дар мавриди нигоҳ кардан ба атроф дар намоз пурсида шуд, фармуд:

“هو اختلاس یختلسه الشیطان من صلاة العبد “.

Яъне: «Ин дуздист, ки шайтон аз намози банда дуздӣ мекунад». Ва фармуд:

“إن أسوأ الناس سرقة الذی یسرق صلاة  «قالوا : یا رسول الله! و کیف یسرق؟ قال : “لا یتم رکوعها و لا سجودها”.

Яъне: «Бадтарини дузд касест, ки аз намозаш медуздад». Гуфтанд, ай Расули Худо! Чӣ гуна медузданд? Фармуд: «Рукуъ ва саҷдаашро ба таври комил анҷом намедиҳад».

Дар ҳадиси дигаре  омадааст: «Вақте, ки инсон намозашро мехонад ва рукуъу саҷдаашро комил анҷом намедиҳад, он намоз мисли порчаи намарғуб печида мешавад ва ба рӯяш зада мешавад ва намоз мегӯяд, Худованд туро гум кунад, ҳамон тавре, ки маро гум кардӣ. Аммо вақте рукуъу саҷдаашро комил анҷом медиҳад, мисли порчаи хуб ва марғуб печида мешавад ва намозаш барои дуо мекунад ва мегӯяд, Худованд туро ҳифз кунад, ҳамон тавре, ки маро ҳизф кардӣ!».

Ҳамчунин Расули акрам (с) мефармояд:

“إن الله عزوجل یقبل علی العبد فی الصلاة ما لم یلتفت فإذا صرف وجهه انصرف عنه”.

Яъне «То замоне, ки банда дар намоз ба ин тарафу он тараф нигоҳ накунад, Худо рӯ ба тарафи ӯ мекунад. Вақте банда рӯяшро гардонад, Худо аз ӯ ругардон мешавад».

Туро ба Худо қасам медиҳам, оё таҳаммул ва тасаввур мекунӣ, ки Парвардигорат аз тӯ рӯй бигардонад? Оё шарм намекунӣ, ки вақте Худованд ба ту нигоҳ мекунад, ту ба каси дигар нигоҳ кунӣ?! Битарс аз ин ки Худо дар намозат ба ту нигоҳ накунад, зеро Расули Аллоҳ (с) мефармояд:

“لا ینظر الله إلی صلاة عبد  لا یقیم صلبه بین رکوعه و سجوده”.

Яъне: «Худованд ба намози бандае, ки пушташро дар ҳолати рукуъ ва саҷда баробар намекунад, нигоҳ намекунад».

“إن العبد إذا أقبل علی صلاته ثم التفت یقول الله تعالی: أإلی خیر منی؟!”.

Яъне: «Вақте банда ба намоз ру меоварад, сипас ба атрофаш нигоҳ мекунад, Худованд мефармояд: «Оё ба беҳтар аз ман нигоҳ мекунӣ?!».

Бародар бидон, ки меъёри қабули намоз ҳузури қалбу ва фаҳми ақл аст, ба ҳамин хотир Расули Аллоҳ (с) мефармояд:

“لیس للمرء من صلاته إلا ما عقل منها”.

Яъне: «Фақат он чиро, ки шахс аз намозаш мефаҳмад, барояш мемонад». Яъне шояд мусалмон  намозашро ба поён бирасонад ва як ҳасана ва савоб ҳам касб накунад, фақат фаризаро аз гарданаш соқит кардааст, яъне онро адо карда ва гуноҳи бозхост шудан ба хотири тарки карданро аз худ дур кардаааст, чаро ки ӯ як оя ё як бисмиллоҳ ва ё як дуояшро нафаҳмидааст, зеро бо қалби ғофил ва фаромушкорӣ намоз хондааст.

Охирсухан

Худованди мутаол довари одил аст ва музд ҳам ба андозаи заҳмат аст, Расули акрам (с) мефармояд:

“إن الرجل لیصلی الصلاة فلا یکتب له إلا ثلثها أو ربعها أو نصفها أو سدسها أو ثمنها أو عشرها”.

Яъне: «Дар ҳақиқат шахс намоз мехонад ва ба ҷуз сеяк ё чаҳоряк ё нисф ва ё ҳаштяк ва ё даҳяк барояш навишта намешавад».

Ба ман бигӯ, чӣ қадар аз намозҳоро Худо барои мо менависад? Тасаввур кун, ки ту пеши яке аз подшоҳон ё як раис ё мудире ворид шудӣ, сипас ӯро сано ва ситоиш намудӣ ва дар пеши ӯ муаддаб ва мутеъ истодӣ, чӣ гуна ба ту подош медиҳад? Агар подоши банда ба банда чунин бошад, пас Парвардигори тамоми бандагон ба ту чӣ гуна подош хоҳад дод?!

More From Author

You May Also Like