Categories Ахбори рӯз

Парастори итолёӣ ба иттиҳоми куштани беморон дастгир шуд

Як парастори итолёӣ, ки тавассути мақомоти қазоӣ ба куштани 37 бемори худ муттаҳам шуда, рӯзи сешанбе дар ин кишвар дастгир шуд.

Додгоҳ зимни таҳқиқи парванда бар ин боваранд, ки Донело Пуҷиёлии 42 сола беморонеро, ки аз назари ӯ озордиҳанда будаанд бо истифода аз як маводи қатлкунанда мекуштааст ва ҳамзамон бо ҷасади онҳо акс мегирифтааст.

Ба гузориши “euronews”, Донело замоне гумонбар дониста шуда, ки мақомоти қазоӣ дар моҳи апрели гузашта дарёфтанд, ки як зани бемори 78 сола дар ин парасторхона аз тарафи номбурда бо истифода аз моддаи заҳрнок ба қатл расидааст.

Ба гуфтаи ҳамкорони Донело, ин зан ҳамеша кушиш мекардааст, ки навбати кории худро аз тарафи шаб интихоб намояд ва ҳамеша шабона ба кор меомадааст. 

More From Author

You May Also Like