Categories Uncategorized

Дархости Кабирӣ аз Раҳмон барои афви мухолифони собиқ

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), аз раиси ҷумҳури ин кишвар хостааст мухолифони собиқеро, ки дар зиндонҳо ба сар мебаранд, афв кунад.

Вай дар як номаи саргушода ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон навиштааст, ки ин амр дар остонаи таҷлил аз 15-умин солгарди имзои созишномаи сулҳи тоҷикон “ҳадяе идона” хоҳад шуд.

Оқои Кабирӣ дар номаи худ нахуст бар аҳаммияти имзои созишномаи сулҳ таъкид карда ва навиштааст, ки ин рӯйдод “яке аз муваффақтарин таҷрибаҳои сулҳофаринӣ дар таърихи башарият мебошад.”

Ба навиштаи ӯ, дар пайи имзои ин санад ҳазорон нафар аз ширкаткунандагони даргириҳои замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон афв шудаанд.

Вале ӯ таъкид мекунад: “Ҳоло низ садҳо шаҳрвандони кишвар, ки дар ин ҳодисаҳо ҳамчун размандагони Фронти халқӣ (Ҷабҳаи халқ) ё ИНОТ (Иттиҳоди мухолифони тоҷик) ширкат доштанд, бо сабаби мутобиқат накардани санадҳои афв ба амалҳои содиркардаи онҳо ё сабабҳои дигар, мавриди афв қарор нагирифтанд.”

Ба навиштаи оқои Кабирӣ, муҳлати муҷозоти бештари ин афрод сипарӣ шуда ва “қисме солхӯрдаву бемор буда, барои ҷомеъа хатаре надоранд.”

Муҳиддин Кабирӣ муътақид аст, ки ҷашни 15-солагии имзои созишномаи сулҳ “беҳтарин ва муносибтарин фурсат барои афви ин шаҳрвандон ва ҳадяи идона ба ҳазорон падару модар ва фарзандон дар арафаи ин санаи таърихӣ мебошад.”

Бо ироаи ин нома, раҳбари ҲНИТ “ба хотири осон гаштани кор” феҳристи асомии бархе як размандагони Иттиҳоди мухолифонро, ки то ҳол дар зиндон ба сар мебаранд, ба раиси ҷумҳур ирсол кардааст. Ҳарчанд асомии ин афрод эълом нашудааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар ин феҳрист асомии 161 нафар мухолифи собиқ оварда шудааст. “Ин афрод худ аз раҳбарияти ҲНИТ дархости кумак барои афв кардаанд.

Дар посух ба ин суол, ки оё дар ин феҳрист исми Маҳмадрӯзӣ Искандаров, яке аз фармондеҳони собиқи мухолифони тоҷик ва раҳбари Ҳизби демукроти Тоҷикистон, низ ҳаст ё хайр, оқои Сайфуллозода гуфт, ки на худи оқои Искандаров ва на пайвандонаш бо чунин хоҳише ба раёсати ҲНИТ муроҷиъа накардаанд ва ба ин далел раҳбари пешини демукротҳои тоҷик шомили ин феҳраст набудааст.

Вале оқои Сайфуллозода афзуд, ки Маҳмадрӯзӣ Искандаров бо таваҷҷуҳ ба нақши ӯ дар расидан ба сулҳи миёни тоҷикон низ бояд дар остонаи таҷлил аз 15-умин солгарди имзои ин санад, афв шавад.

Зимнан, соли 2011 дар остонаи таҷлил аз 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон Президент Раҳмон дастури афверо содир кард, ки аз он ба унвони “афви тилоӣ” ном бурда шудааст.

Тибқи ин фармон, ҳудуди 4 ҳазору сесад нафар аз зиндон озод шудаанд. Ҳамчунин, муҳлати муҷозоти панҷ ҳазор нафари дигар коҳиш дода шудааст.

Соли гузашта дар таърихи истиқлоли Тоҷикистон барои 13-умин бор қонуни афв мавриди иҷро қарор гирифт. Дар ин муддат ҳудуди як сад ҳазор нафар аз зиндонҳо озод шудаанд.

Вале ба эътиқоди соҳибназарон, ба далоили мухталиф муқаррароти қавонини афв дар қиболи чеҳраҳои саршиноси мухолифони собиқ ё Ҷабҳаи халқ иҷро намешуд.

Ба ин далел, то ҳол Ёъқуб Салимов, яке аз фармондеҳони собиқи Ҷабҳаи халқ ва вазири собиқи кишвар, ва Маҳмадрӯзӣ Искандаров, аз фармондеҳони мухолифон ва раҳбари Ҳизби демукроти Тоҷикистон, ҳамчунон дар зиндон ба сар мебаранд.

«Бӣ-Бӣ-Сӣ»

More From Author

You May Also Like