Баъди ҳаводиси ахири Миср кишварҳои дигари баҳори арабӣ вазъи нигаронкунандаеро ба сар мебаранд. Чун бо комёб шудани тарҳи “табаддулот” аз тарафи низомиён дар Миср боқӣ кишварҳои баҳори арабӣ низ барои вуҷуди масири демократии худ, ки ҳанӯз марҳалаи “навзодӣ”−ро аз сар мегузаронад, хатари ҷиддиеро мебинанд.
Ҳодисаи куштори як намояндаи мардумӣ ва мухолифи маъруфи ҳукумати кунунӣ дар Тунис аз тарафи ашхоси номаълум, ба қатл расонида шудани як нафар аз фаъолони сиёсӣ ҳамроҳ бо чанд тани дигар дар Либиё ва ахиран, таркиш дар бинои додгоҳи марказии шаҳри Бинғозӣ, ки мунҷар ба тазоҳурот ва эътирозҳои бесобиқаи мардумӣ дар ин кишварҳо гаштанд, шоҳиди гӯёи ин эҳсосу интизориҳо мебошад.
Беш аз ҳама дар Тунис, ки афрӯзандаи шарораи нахустин дар баҳори арабӣ буд, фазои нигаронкунанда ҳукмфармо мебошад. Зеро бо истифода аз кушта шудани як шахсияти маъруфи мухолифи ҳукумат дар кишвар садои сарнагун намудани ҳукумати феълӣ, ки аз тарафи ҳаракати Наҳзат идора мешавад, баланд шудан дорад. Дар пайи ин вазъ перомуни то чи андоза имкон доштани такрори “тарҳи мисрӣ” дар Тунис ба миён меояд. Оё бархилофи назири мисрии худ, ҳукумати феълӣ дар Тунис метавонад, “моҳирона” аз ин варта халосӣ ёбад?
Коршиносон бар ин ақидаанд, ки барканор намудани нирӯҳои исломӣ аз ҳукм дар Миср метавонад чун оғоз дар кори аз байн бурдани нирӯҳои исломии масил дар минтақа бошад. Хусусан, дар Тунис, ки ҳаракати Наҳзати ҳоким бахши сиёсии Ихвонулмуслимини маҳаллӣ аст.
Аз диди ин коршиносон “миёни вазъ дар Тунис ва Миср монандӣ дар нуқоти зер ошкор ба назар мерасад:
Якум, дигаргуниҳое, ки дар кишварҳои баҳори арабӣ дар сатҳи ҳукм рух дод, аз тарафи бархе аз давлатҳои арабӣ ба ҳеҷ ваҷҳ пазируфта нашуд ва бо ҳар роҳу восита ин давлатҳо мекӯшанд, то пеши роҳи комёб шудани онро гиранд;
Дуюм, аз он ки нирӯҳои исломӣ зимоми идораро дар ин Миср ва ё Тунис бар ӯҳда мегиранд, боиси хавфу ҳароси давлатҳои ғарбӣ ва Амрико мебошад. Аз ин рӯ, ҷараёнҳои мухолифи нирӯҳои исломӣ аз таъйид ва дастгирии ҳамаҷонибаи ин давлатҳо бархӯрдоранд. Илова бар нигаронии Исроил аз боло рафтани нуфузи исломиён дар минтақа;
Сеюм, дар ин кишварҳо бо вуҷуди он ки сарон аз байн бурда шуданд, вале ҳанӯз низоми пешин ва намояндагони он дар мавқеъҳои муҳимму калидии идора побарҷо кору фаъолият доранд ва ҳар вақт метавонанд мушкилотеро эҷод намоянд.
Чорум, вазъи ногувори иҷтимоиву иқтисодӣ, ки боиси шӯриши мардуми дар ин кишварҳо бар зидди низоми ҳоким гашта буд, ҳанӯз беҳбуд наёфтааст. Ин ҳолат барои ҳукумати кунунии Тунис таҳдиди бузурге мебошад. Агар аз як тараф ин ҳукумат бори гаронеро аз низоми пешин ба мерос гирифта бошад, аз сӯйи дигар намояндагони низоми пешин бо истифода аз имкониятҳои худ намегузоранд, то вазъи сиёсӣ, ки таҳаққуқи пешравии иқтисодӣ ба он иртиботи бевосита дорад, истиқрор ёбад;
Панҷум, ба саҳна ворид шудани ҳаракати “Тамарруд”, ки чун заминаи асосии табаддулот дар Миср шинохта мешавад. Ин ҳаракат чун назири худ дар Миср мардумро ба тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо баҳри аз байн бурдани қонунияти интихобӣ мехонад ва талошҳои худро барои сарнагун кардани ҳукумат ва Маҷлиси таъсисӣ (порлумон) ба роҳ мемонад;
Дар ин асно иддаи дигаре аз коршиносон даъво доранд, ки вазъи Тунис аз Миср фарқ мекунад ва омилҳое ҳаастанд, ки амалӣ шудани тарҳи мисриро дар Тунис монеа мешаванд. Аз ҷумлаи он омилҳо:
Шашум, ҷойгоҳи минтақавии Тунис. Агарчӣ ин кишвар дар минтақаи мағриби арабӣ аз ҷойгоҳи боризе бархӯрдор аст, вале онро наметавон ба мақоми Миср баробар донист. Зеро Миср дар минтақа чун қалб асту дар сатҳи оламӣ бо он аз рӯйи мавқеи сиёсиву ҷуғрофии қавии худ, ки дар харитаи ҷаҳонӣ дорад, муносибат мекунанд. Хусусан, дар ҳоле ки ба Фаластини ишғолӣ ҳаққи ҳамҷаворӣ дорад. Аз ин лиҳоз, дахолатҳои хориҷи наздику дур бо ҳадафи бар ҳам задани “шӯриши мардумӣ” дар Тунис ба он ҳаҷме намешавад, ки онро дар Миср шоҳид шудем.
Ҳафтум, низоми идораи эътилофӣ дар Тунис. Ҳукумат дар Тунис аз ҷониби эътилофи ҳаракати исломӣ бо ду ҳизби дунявигарои дигар таъсис дода шудааст. Се мансаби калиди миёни ин шарикони сиёсӣ тақсим шудааст: Раисҷумҳур намояндаи Ҳизби Мӯътамар(анҷуман), сарвазир намояндаи Ҳаракати Наҳзат ва раиси порлумон намояндаи Ҳизби Такаттул(иттиҳод). Ин чизест, ки дар низоми ҳукумати мисрӣ дар аҳди Мурсӣ дида намешуд. Зеро дар Миср азбаски мухолифон шарокат бо исломиёнро қабул надоштанд, эътилоф ё исломӣ – исломӣ буд ва ё исломӣ− мустақил.
Ҳаштум, табиати муғойири низомиёни Тунис аз ҳамтоёни мисрии худ; Низомиёни Тунис тамоман аз фаъолияти сиёсӣ дур буда, ҳаргиз ба доираи сиёсат ҳамроҳ нашудаанд. Бар хилофи ин низомиёни Миср ақида доштанд, ки бо “шӯриши мардумии 25 январ” раёсатро аз даст доданд ва онро бо табуддулот 30 июн бозпас гирифтанд.
Ҳамин тавр агарчӣ хавфи онаст, ки табаддулоти дар Миср рух дода метавонад дар Тунис низ ба вуқӯъ пайвандад, хоссатан, баъди он ки ҳаракати Тамарруди Тунисӣ рӯзи 6 августро барои тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо таъйин намуд ва мардумро барои иштирок дар он даъват кард ва ин даъват аз тарафи Ҳизби “Нидои Тунис”, ки зери боми худ намояндагони низоми пешинро гирд овардааст, ба хубӣ пазируфта шуд вале коршиносон таъкид бар он доранд, ки ингуна талошҳо дар муқобили пойбандии мардуми Тунис бар дастовардҳои худ ба нокомӣ дучор мешавад, хусусан, баъди амалкардҳои инқилобиён дар Миср дар муносибат бо мухолифони худ, ки чун “поймол намудани асосҳои демократӣ” ва “эҳёи низоми дикторурӣ” баҳогузорӣ мешавад.
Метавон гуфт, ки Миср барои Тунисиён хусусан, ва дигар мардуми кишварҳои баҳори арабӣ дар умум, ки баъди даҳсолаҳои хориву зиллат насими озодиро чашиданд, ҳамчун намунаи “ибрат” боқӣ мемонад.
01.08.2013 10:53 |