Баъд аз ба рӯзи дигар интиқол додани идомаи муҳокимаи додгоҳии «қазияи бозори« Саховат »дар шаҳри Турсунзода, мухбири« Озодӣ »аз шаҳри Прог бо Муҳиддин Кабирӣ дар тамос шуд, диду назари ӯро нисбати ин қазия фаҳмиданӣ шуд, ки оё ин баҳси додгоҳӣ дар пояи мулоқоти раҳбари ҲНИТ бо Е.Примаков ё вазъияти Укроин рабт надорад? Ва Мирзои Салимпур суолоти хеш маҳз аз ҳамин фарзия оғоз бахшид.
– Фикр намекунам, ки ин қазия ба сафари ахири ман ба Русия ва мулоқот бо Евгений Примаков рабт дошта бошад, чун ин таъқибу фишорҳо аз замони интихоботи президентӣ шурӯъ шуда, чанд моҳ боз идома доранд. Фақат намехостем, ки гирди ин амалкардҳо ҳангома зиёд ва мавзӯъ матбуъотӣ шавад. Вале билохира ин мурофиъаи додгоҳӣ масъаларо ошкор карду хабараш ба матбуъот ҳам расид.
– То ҷое шунидем, қабл аз ин бозор ду сохтмони марбут ба наздикони шумо дар Душанбе, аз ҷумла дафтари маркази таҳлилии “Диалог” ҷарима баста шуд. Ин ҳама, фикр мекунед, ҳалқаҳои як занҷиранд?
– Бале, тамоми он ширкату корхонаҳое, ки ба хонаводаи мо рабте доранд, ҳамаи онҳоро ҷарима бастанд. Ҳатто барои тафтиши як хоҷагии деҳқонии бародарам, ки дар кӯҳистони Файзобод асту ғайри замини лалмӣ чизе ҳам надорад, ҳайатеро аз Душанбе фиристоданд. Ин хоҷагии деҳқониро чунон ҷаримаҳои сангин бастанд, ки ба шароити ягон хоҷагии кишоварзӣ аслан мувофиқат намекунад. Ин ҳама мушкили хонаводаи мо баъди ирсоли номаҳои махсуси мақомот ба ниҳодҳои андозу мубориза бо фасод шурӯъ шуд.
– Худи шумо чӣ фикр мекунед? Чӣ истодааст дар пушти ин ҳама?
– Ҳанӯз гуфта наметавонам, ки ин ҳама аз куҷо сарчашма мегирад ва ҳадафи асосӣ Наҳзат аст ё шахси ман? Вале рӯшан аст, ки ин ҷо ҳадаф сиёсист, ба хотири фишор овардану заъиф гардонидан аз лиҳози иқтисодӣ. Вақте мебинанд, як сиёсатмадор аз нигоҳи иқтисодӣ мустақил аст ва муттаҳами касе нест, шояд ба хулосае омаданд, ки мо ҳам мисли раҳбарони дигар аҳзоби сиёсӣ чунин тавоноиро надошта бошем ва дар чорабиниҳо ҳукумат ҳамаи сарони аҳзобро дар як «маршрутка» савор карда, ноҳия ба ноҳия бигардонад.
– Соли оянда Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ дорад, интизоратон чист? Оё бо наздиктар шудани ин корзор фишорҳо ҳам зиёдтар хоҳанд шуд?
– Аз шурӯъи кор маълум аст, ки зиёд мешаванд, бахусус ҳизбҳои мухолиф бояд ба ин тарзи бархурд омода бошанд. Вале боз ҳам умед дорем, ки ақли солим боло мегирад ва ба хотири манфиъатҳои шахсиву гурӯҳӣ манофеъи миллату давлатро зери хатар қарор намедиҳанд.
– Идомаи ин фишорҳо метавонад боиси тағйири мавқеъи ҳизб шавад?
– Ҳоло дар бораи мавқеъгириҳои ҳизб чизе гуфта наметавонам, вале мавқеъгириҳои худам тағйир нахоҳанд кард, чунки ин гуна фишорҳоро дар гузашта ҳам дида будем. Мавқеъгирии ҳизб набояд марбут ба манфиъатҳои шахсӣ бошад. Мо набояд, агар тиҷоратамонро аз дастамон бигиранд, танқиди зиёдтар кунем ва баракс, агар иҷозатамон бидиҳанд барои идомаи тиҷорат, фақат тавсиф кунем.
– Аммо баррасии сарнавишти бозори марбут ба хонаводаи Шумо дар додгоҳи Турсунзода ҳамагӣ моҳе баъд аз ҳаводиси Украина оғоз ёфт. Оё ин навъе “эмкунӣ”-и мухолифини тоҷик нест, ки зиёд додаи он рӯйдодҳо нашаванд?
– Фикр накунам, чунки ин фишорҳо чанд моҳ боз идома доранд. Ин бештар давоми мантиқии ҳамон протоколи 32-20 аст. Ҳарчанд мақомот вуҷуди чунин санадеро рад мекунанд, вале ҷараёни ҳодисот нишон медиҳад, ки мушкилоти аъзо ва тарафдорони Наҳзат маҳз баъди қабул шудани ҳамон протокол оғоз ёфт. Ҳатто ширкати мо дар интихоботи президентӣ бо пуштибонӣ аз Ойниҳол Бобоназарова ҳам яке аз сабабҳост. То ҳол орзуи бархе ин аст, ки ҷангу сулҳ гузашт ва миссияи Наҳзати исломӣ ҳам анҷом ёфт. Аз ин рӯ, фикр мекунам, решаи фишорҳо алайҳи Наҳзат хеле чуқуртар ва сатҳаш ҳам аз як ҳодисаи алоҳидаи чӣ интихобот ва ё чӣ ҳодисаҳои Украна хеле фаротар меравад.
– Яъне дар зеҳни бархе мақомот то ҳол сенарияи комилан аз саҳна рӯфтани ҳизби шумо низ матраҳ боқӣ мемонад ?
– Бисёриҳо ин орзуро пеш ҳам дар сар мепарвариданд ва то ҳол ин орзуро доранд. Вале инҳо мехоҳанд ин корро на бо роҳи манъ кардан анҷом диҳанд, балки аз уламои дин истифода мебаранд, ки бархеаш гирифтани сифати исломиро аз номи ҳизб талқин мекунанду бархе комилан бастани онро. Кӯшишҳое ҳам ҳаст, ки дар дохил, бо аъзои ҳизб ҳам “кор” кунанд, вале муваффақ нахоҳанд шуд, чун Наҳзат реша дар ормонҳои мардум дорад.
– Вале бубинед, мақомот шояд баръакс биболанд, ки корашон натиҷа дорад. Чун ҳизбе, ки 4 сол пеш иддаъои ба даст овардани 30-35%-и раъйро дар интихоботҳо дошт, дар тирамоҳи соли гузашта ҳамроҳ бо ҷамъи аҳзоби дигари мухолифин барои сабти номзадии Ойниҳол Бобоназарова, ҳатто 210 000 имзоро, ки 5%-и орост, ҷамъ карда натавонист …
– Ҳамон 204 ҳазор имзое, ки Наҳзат ҷамъ кард, шояд ягон ҳизби дигар, ҳатто ҳизби ҳокими халқию демократӣ, он қадар имзо ҷамъ накарда бошад. Ба дигарҳо фақат дар қоғаз навишта доданд, ки имзои шумо ин қадару аз дигаре фалон қадар. Дар он шароиту фурсати танг ҷамъ кардани имзои бештар имкон надошт. Табиъист, ки фишорҳо таъсири худро расонданд ва инро эҳсос мекунем, вале на дар азму иродаи аъзои ҳизб, балки дар шакли фаъолият. Пештар агар узвият ё тарафдориашонро аз Наҳзат ошкор эълон мекарданд, ҳоло ин каме табиъати эҳтиёткорона гирифтааст, онҳо талош мекунанд, дар ин бора камтар гап зананд.
– Аммо баргардем ба мулоқоти ахири шумо бо сарвазири собиқи Русия Евгений Примаков, ки ба далели нуфузи то ҳол зиёдаш дар саҳнаи сиёсии Русия сарусадои зиёде кард. Ин дидор ибтикори худи Шумо буд ё ба “болоҳо” фаротар мерафт?
– Мо бояд ҳанӯз дар як сафари қаблӣ мулоқот мекардем, вале ҷаноби Примаков мариз буданд ва паём фиристод, ки ҳар боре гузарам ба Маскав уфтод, аз қабл огоҳаш кунам, то барои ин. дидор омода шавадЧун ишон ҳам Дар Як анҷуман Аз таҷрибаи тоҷикон ВА сиёсатҳои ахири Наҳзат хеле тавсиф карда буд.
– Аммо мӯҳтавои ин сӯҳбати пурсарусадо чӣ буд?
– Чунин мулоқотҳо ҳамеша сару садои зиёд медиҳанд, вале ин сӯҳбати мо як сӯҳбати шиносоӣ буд, чун бо ӯ боре ҳам аз наздик нанишаста будам. Вале аз рафти сӯҳбат ошкор шуд, ки Примаков аз тариқи матбуъот бо мо ошноии хуб доштааст, чунки аз чанд сӯҳбатҳоям мисол зад. Ишон ба ҷуз ходими давлатӣ ва сиёсатмадори коркушта будан, як олими қавӣ ҳам ҳаст, ки Шарқ, бахусус дунёи Исломро хуб медонад. Назарҳои Примаков барои ҷустуҷӯи роҳҳалҳо дар ҷомиъаи исломӣ ва дар муносибати Русия бо ҷаҳони Ислом хеле муҳиманд. Мо як табодули худи андешаҳо дар бораи вазъи сиёсии ҷаҳон ва муносибатҳои Русия бо Осиёи Марказӣ доштем. Аз устод Нурӣ ҳам ёд карду гуфт, ки ҳабси ӯ дар замони Шӯравӣ як иштибоҳ буд ва набояд дигар ба чунин иштибоҳҳо роҳ бидиҳанд.
– Шумо дар ҷараёни сафар ба Русия аз Қрим ҳам сӯҳбат кардеду гуфтед, ки тасарруфи ин вилояти Украина дигар як воқеъият шудааст, ки бояд бо он кор кард …
– Бале, раъйпурсии Қрим бар хилофи ҳам қонунҳои байналмилалист ва ҳам қонунҳои Украина. Вале вақте дар бораи воқеъиятҳо сӯҳбат мекунем, Қрим амалан ҷузъи Русия шуд ва бояд бо ин воқеъиятҳо сару кор гирифт. Маъқул ҳаст ё на, воқеъият ҳамин аст ҳоло. Баъди чанд сол чӣ вазъе пеш меояд, ҳарфи дигар аст, вале ҳоло пайвастани Қрим ба Русия, ҳатто аз лиҳози физикӣ ҳам бештар амалӣ мешавад. Сарвазири Русия он ҷо рафт, ҳатто Маскав вазоратхонаи алоҳидаи Қримро таъсис дод. Мо дигар ҳарчанде аз вайрон шудани ҳуқуқи байналмилал ҳарф бизанем ҳам, гӯё як воқеъиятро дида истода, онро қабул надорем. Вале барои ман як нукта муҳим аст, ки далели мухторияти Қрим, бояд назари сокинони бумии он, тоторҳо пурсида мешуд, ки барои ин сарзамин чӣ ояндаеро дидан мехоҳанд? Ин кор, мутассифона, анҷом нашуд.
– Фикр мекунед, дар ниҳоят Ғарб ҳам ин формулаи “Украина тарҳи Қрим”-ро мепазирад, барои мисол, дар ивази гузаштҳои Русия дар масоили Сурия ё Ирон?
– Аз лиҳози ҳуқуқӣ шояд тан надиҳад, вале дар робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ оҳиста-оҳиста гармии масъала пойинтар хоҳад рафт ва масъалаи Қрим, мисли имрӯз як санги бузург дар роҳи муносибатҳои Ғарбу Русия боқӣ нахоҳад монд. Худи муносибатҳои иқтисодӣ ва робитаҳои дигар болои Русияву Ғарб шароитеро таҳмил хоҳанд кард, ки оҳиста-оҳиста равобити худро ба ҳолати қаблиӣ баргардонанд. Албатта, набояд то ин ҳад содданигар буд, ки равобити Русияву Ғарб, мисли қабл одӣ хоҳад шуд. Он шароити пешин дигар ҳеҷ гоҳ пурра барқарор нахоҳад шуд ва Русия баҳои бузургеро барои тасарруфи Қрим хоҳад дошт. Вале дар ин маврид ҳам, чунин ба назар мерасад, ки ҳукумати Владимир Путин барои пардохти чунин баҳои баланд омодааст.
Бознашр аз «Озодӣ»