Categories Uncategorized

“Пас аз сафари Путин бензин арзон мешавад?”

Хушае аз боғи матбуот

Муҳаммад Насруллоҳзода бо мақолаи “Тақсими илм ба динӣ ва ғайридинӣ кори душманони дин аст“, ки “Чархи гардун” ба хонандагонаш тақдим доштааст. Дар асоси оёту ҳадис исбот менамояд, ки илм диниву ғайридинӣ намешавад, балки онро душманони дин эҷод кардаанд.

Ба ташрифи Путин ба Тоҷикистон қариб ҳама газетаҳо матлабе ба чоп расонидаанд ва муаллифи мақолаи “Чархи гардун” мепурсад, ки “Пас аз сафари Путин бензин арзон мешавад?

“Миллат” ҳам айнан дар бораи мулоқоти Путин ва Раҳмон мақолае бо сарлавҳаи олиҷаноб “Аз мулоқоти Путин бӯйи бензин меояд“, ки ба қалами Фарид Маздак мансуб аст, ба табъ расонидааст. Муаллиф аз ин вохурӣ умеди зиёд дорад ва онро “Дар асл… тақдирсоз” маънидод карда, боз таъкид дорад, ки Русия низ аз ин мулоқот суди чашмрас бардоштанист ва дар оянда Тоҷикистонро метавонад барои ҳалли муносибатҳои худ дар муқобили Ӯзбекистон истифода кунад.

“Озодагон” мақолаи Ҳумайрои Бахтиёр “Рақси навбатӣ дар Парлумон“-ро ба нашр расонидааст. Фишурдаи навишта он аст, ки Маҷлиси намояндагон ширкати “Осиё экспресс”-ро аз андоз озод кард, ҳарчанд дар бораи ин ширкат пешакӣ маводи мушаххасе таҳия нашуда будааст, вагарна мавриди шубҳаи худи раиси МН Шукурҷон Зуҳуров намегардид.

Муаллиф менависад, ки як тоифа ширкатҳои “эрка” вуҷуд доранд, ки намояндгони мардум онҳоро аз андоз озод кардаанд: IRS, “Хауксин Гаюр семент” ва “Тоҷирон”.

Ҳумайробону хулоса мебарорад: “пеш аз муҳлат пароканда шудани парлумон ва ё баргузории интихоботи шаффофу роҳ ёфтани номзадҳои аслӣ ба ин ниҳоди қонунбарории кишвар, МН, қонунҳои баҳсбарангезро қабул намекунад.” Танҳо илова мекунем, ки албатта, ин орзуи хеле хайрхоҳона аст, аммо бо ин ҳукумату бо ин ашхос дар солҳои наздик интихоботи озод гузаронидан имкон дорад? На!

“Фараж” мусоҳибаеро аз “Фейсбук” кучондааст бо номи “Ҳоҷӣ Акбар Турачонзода: “Агар гуноҳеро бинеду нагӯед, шумо низ гунаҳгоред…” ва он ба сафари бародарон Турачонзодаҳо ба Русия ва дигар мавзӯъҳои сиёсӣ бахшида шудааст. Ва се пора аз он ақидаҳои эшонро меорем, ки ба қавлашон “нугуфтанаш гуноҳ аст”: “Мутаассифона, имомҳоро аз ҳисоби онҳое монда истодаанд, ки аз як сӯ дониши кофӣ надоранд ва аз тарафи дигар дар ҷомеа ҷойгоҳ ва маҳбубият надоранд…”

“Пайдоиши гуруҳҳои норозӣ аз сиёсати имрӯза ин нишондиҳандаи он аст, ки агар ҳукуматдорони Тоҷикистон тадоруки ин амрро набинанд, пештозӣ накунанд ва иҷрои ислоҳоти ҳақиқиро дар кишвар роҳандозӣ накунанд, шояд дар оянда сарнавишти кишварҳои шимоли Африқо ва арабҳо ба болояшон биёяд.”

“То қонуни интихобот иваз нашавад, одаме, ки худашро ҳурмат мекунад, номзадиашро (ба маснади президентӣ – идора) намегузорад.”

“ИмрузNews” бо Абдулло Ҳабибов, генерали мустаъфӣ ва сарвари созмони ғайридавлатии “Дустони Русия”, суҳбате анҷом додааст ва аз номи созмонаш бармеояд, ки ӯ ҷонибоди Русия аст ва бовар дорад, ки: “мақсади Русия ҳамин аст, ки ба Тоҷикистон барои мустаҳкам кардани қувваҳои низомии Тоҷикистон мадад расонад.” Кош, чунин мақсад беғараз мебуд…

Бо ҳикояти Тоҷинисои Азиз аз “Тоҷикистон” фишурдаро ба итмом мерасонем.

“Шарм надор”

Солҳои ноором дар бозор нишаста, пушока мефурухтам. Нохост аз дур дидам, ки устодам, нависандаи маъруф, Мутеъулло Наҷмиддинов меоянд. Дидаму зери тахта пинҳон шудам.

Нохост ғайричашмдошти ман, устод дар тори сарам пайдо шуданд:

– Духтарам, шарм надор ва пинҳон нашав. Дирӯз ман ҳам ғулинг оварда, фурухта будам…

More From Author

You May Also Like