Ширкати “Excel” дар Вестрвели Амрико 18 коргари мусалмонро ба далели иқомаи намоз дар соати корӣ ихроҷ кард.
Ба гузориши як пойгоҳи хабарӣ, ба нақл аз хабаргузориҳои арабӣ, як гурӯҳи ҳомии мусалмонони Амрико шикоятҳои федеролро алайҳи як компании амрикоӣ, ки 18 коргари мусалмонро ба хотири адои намоз дар маҳалли кор ихроҷ кардааст, ироа дод.
Корфармоёни ширкати “Excel”, ки дар Вествели Амрико қарор дорад, 18 коргари мусалмони аҳли Сумолро ба далели ин ки ду навбат дар тӯли соати корӣ ва ҳар бор 10 дақиқаро ба хондани намоз ихтисос медоданд, аз кор ихроҷ карданд.
Шикояткунандагони ин ширкатро муттаҳам ба бетаваҷҷӯҳӣ ба дархости коргарони мусалмон карданд, ки тақозо карда буданд ба онҳо иҷоза дода шавад, то дар авқоти истироҳат бахше аз замонро ба адои намоз ихтисос диҳанд.
Ба гуфтаи коргарони ихроҷшуда, ин ширкат собиқае тӯлонӣ дар аъмоли табъизи нажодӣ алайҳи мусалмонон дорад.
Коргарон мегӯянд, ки аз дастрасӣ ба дафтари манобеи инсонӣ барои ироаи дархостҳо ва ё шикоятҳои худ манъ шуда буданд.