Categories Uncategorized

Иззат Амон: «Рамзи ҳизб бояд таҷассумгари ормонҳои ҷавонон бошад»

«Дар рамзи ҳизб бояд беҳтарин ормонҳои ҷавонони тоҷик, зарфиятҳои феълии онҳо, зарурати такя ба неруҳои ҷавон, нишонаҳои адолату ҳақиқатхоҳии эшон, рушди зина ба зинаи давлату давлатдорӣ, такя ба неруҳои воқеии ватанӣ, ногузир будани раванди фарогирии илму дониш, ки омили рушди ҷомеа ва инсоният мебошад, бозтоби худро дарёбанд», ин нуктаро раҳбари ҳизби сабтиномнашудаи Ҳизби ҷавонон Тоҷикистон, Иззат Амон зимни суҳбат бо оҷонси иттилоотӣ «Тоҷнюз» гуфт.

Ӯ барои беҳтарин рамзи ин ҳизб як озмуни умумимиллӣ эълом кард ва хоҳишмандон метавонанд ба ин имейл
Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
лоиҳаҳои худро равон кунанд.

Ӯ дар хусуси таърихи натиҷагирии ин озмун ва ҳаҷми маблағи туҳфаҳо барои ҷои аввал, дуввум ва саввум чунин гуфт: «Озмун дар арафаи 23 май, ки Рӯзи ҷавонон ба ҳисоб меравад, аз ҷониби доираи васеи коршиносону таҳлилгарони ҳирфавӣ натиҷагирӣ хоҳад шуд. Барои барандаи ҷойи аввал 500 доллар, барои мақоми дуюм – 300 доллар ва барои ҷойи савум 200 доллар ҷоиза таъин шудааст».

More From Author

You May Also Like