Паёми Муҳиддин Кабирӣ ба ҳукумат, гурӯҳҳои хориҷ аз кишвар ва ҷавонон

Паёми Муҳиддин Кабирӣ ба ҳукумат, гурӯҳҳои хориҷ аз кишвар ва ҷавонон

Зуҳри имрӯз, 17-уми октябри соли 2014 Муҳиддин
Кабирӣ – роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН зимни мулоқот бо
ҷавонон дар толори қароргоҳи марказии ҳизб аз гурӯҳҳои хориҷ аз кишвар хост, то
фаъолияти сиёсии худро дар чорчуби қонун роҳандозӣ кунанд ва ҳамзамон аз
ҳукумат даъват намуд, ки аз ҳодисаи ахир дарс бигираду ислоҳоти решаиро шуруъ ва
интихоботи ояндаро озод ва шаффоф баргузор кунад. Ӯ аз ҳама, ба вижа ҷавонон
даъват кард, то дар интихоботи парлумонии оянда ба хотири расидан ба зиндагии
беҳтар ва шарофатмандона фаъолона ширкат варзанд.

Муҳиддин Кабирӣ хитоб ба гурӯҳҳое, ки дар
таърихи 10-уми октябр ба митинг фаро хонда буданд гуфт, Наҳзат ҳарчанд дар
хостаҳои машруъ ва ҳадафҳои некашон мисли овардани ислоҳот дар ҳама ҷанбаҳои
зиндагӣ бо онҳо шарик бошад ҳам, аммо дар роҳ ва услуби кор бо онҳо ихтилоф дорад ва аз онҳо мехоҳад, ҳамаи фаъолияти худро дар чорчуби қонунҳои мавҷуда роҳандозӣ намоянд.
Роҳбари Наҳзат гуфт: “Биёед, бо ҳам роҳҳои қонунии расондани интиқодҳо ва
пешниҳодҳо ба ҳукуматро пайдо кунем ва даст ба амалҳои ғайриқонунӣ назанем,агар
мехоҳед бо ҳам бошем. Вале агар гӯед, ки роҳи интихобкардаи ҲНИТ ғалат аст ва
сиёсати сабру таҳаммули он иштибоҳ аст ва ягона роҳ ба майдон кашидани мардум
аст, дониста бошед ва ошкор мегӯем, ки мо дар интихоби ин роҳ бо шумо нестем.
На ба маънои он ки Наҳзат гирдиҳамоиро усулан кабул надорад, балки баргузор
кардани гирдиҳамоӣ ҳаққи табиӣ ва қонунии ҳар як шаҳрванд аст. Агар бубинем,
ки воқеан ҳама каналҳо ва василаҳои расондани эътирозу пешниҳодҳо ба ҳукумат
боқи намондааст ва ҳатто Наҳзат ҳамчун як ҳизби оппозитсионӣ ва парлумонӣ наметавонад паёмҳои худ ва мардумро ба ҳукумат бирасонад, то аз сиёсатҳои
иштибоҳии худ даст бикашад, ҲНИТ маҷбур мешавад, ки аз ҳаққи қонунӣ ва
конститутиониаш истифода барад ва расман дархост барои баргузории гирдиҳамоӣ
намояд. Дар чунин сурат, додани иҷозат ва таъмини амнияти тазоҳуркунандагон аз
вазифаҳои ҳукумат мебошад ва ҳатман аз ин ҳаққи худ истифода хоҳем кард. Аммо,
суол ин аст, ки оё ҳама имкониятҳо барои расонидани эътирозҳо ва пешниҳодҳо
истифода шудаанд ва бенатиҷа будаанд, ки аз ин хаққи худ , яъне, тазоҳурот
истифода намоем?”

“То омадани табар кунда
меосояд” набояд шиори мо бошад


Ҳамчунин, роҳбари Наҳзат хитоб ба мақомоти
давлатӣ гуфт: “Паёми мо ба мақомоти давлатӣ ва ҳамватанонамон дар
ҳукумат ин аст. Агар ин дафъа ба ҳар далеле митинг баргузор
нашуд, ин маънои онро надорад, ки мақомот билохира ин мушкилотро ба фаромушӣ
бисупоранд ва то омадани мушкили дигар боз ҳамон сиёсатҳои худро идома бидиҳанд.”

Ӯ афзуд: “Суол ин аст, ки оё воқеан мақомоти
давлатӣ инро дарк карданду ба ислоҳоти худ шуруъ мекунанд ё на? Ё боз ҳам фикр
мекунанд, ки онҳо ҳама корҳоро дуруст анҷом дода истодаанд ва ягон мушкиле дар
ҷомеа нест, танҳо чанд нафар норозиҳо дар дохил ва хориҷ ҳастанд, ки эътироз
мекунанд ва “пешравиҳо”-и мақомотро намебинанд. Мо он қадар инсоф дорем,
ки пешравиҳои мақомотро бубинем ва аз корхои хубашон қадрдонӣ кунем . Аммо
мардум дар баробари қадрдонӣ аз пешравиҳо бо мушкилоти афзояндаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва хуқуқӣ дар ҳаёти худ рубару мешаванд ва хаки онҳост ки ислоҳи вазъро талаб
намоянд. Ва ин ҷасоратро ҳам доранд, ки бароятон ошкор бигӯянд: Бародарон, дар
баъзе ҷойҳо иштибоҳ мекунед. Биёед, 
ислоҳотро шуруъ кунед.”

Муҳиддин Кабирӣ аз интихоботи парлумонии оянда
суҳбат карда, аз мақомот хост, то мардумро аз ҳоло итминон бидиҳанд, ки ин
интихобот фарқкунанда хоҳад буд ва дигар раъйи мардум дуздида намешавад ва
мардум ҳаққи интихоби масъулони худро озодона хоҳанд дошт.

Ба моликияти хусусӣ эҳтиром қоил шавед

Ӯ ҳамчунин аз масъулини давлатӣ хост, ба
мардум ваъда бидиҳанд, ки дигар ба моликияти онҳо ба баҳонаҳои гуногун
дастдарозӣ намешавад ва ба моликияти хусусӣ қудсияти қонунӣ ва эҳтиром қоил
ҳастанд. Ӯ афзуд, ки мардум бояд мутмаин шавад, ки
моликияташро ҳеч кас ғасб карда наметавонад ва ҳифзи моликияти шахсии
шаҳрвандон аз вазифаҳои аслии ҳукумат аст.

Роҳбари ҲНИТ аз мақомот хост, то пеши роҳи
фишорҳову таҳдидҳо ва монеъагузориҳо дар масоили динӣ гирифта шавад ва итминон
дода шавад, ки мардум дигар ба хотири андешахои фарккунандаи диниву сиёсӣ,
интихоби либосу намуди зоҳирашон ва узвият дар ин ё он ҳизби сиёсии қонунӣ мавриди фишору таъқиб қарор нахоҳанд гирифт.

Ҳалли масъалаҳо ва пешгирии эътирозҳо

Ба назари Муҳиддин Кабирӣ, агар ҳукумат дар
таъмини масаъалахои калидии зикршуда омодагӣ нишон бидихад ва содиқ бошад, ягон
нафар ба митинг намебарояд. Ӯ афзуд: “Агар шумо имконот ва озодиҳои минималиро
барои мардум таъмин кардед, ҳеч кас дар фикри митингу тазоҳурот намешавад.
Мехоҳед, ки ҳам ба мардум иҷозати рафтан ба масҷид надиҳед, масъалаи руймолу
риш ва ҷомаашро доим миннат кунед, раъйяшро тақаллуб кунед, моликияташро аз
дасташон бигиред, барқ надиҳед ва даҳҳо мушкили иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва сиёсии
дигарро болои мардум биёред ва боз ҳам бигӯед, ки мардум ношукр ҳастанд ва
шукрона намекунанд ва ба дасисаву иғвои чанд нафар гирифтор мешаванд.”

Амалҳои носанҷида
омили ҳодисаҳои охир

Ба эътиқоди ӯ омили аслии сарусадоҳои митинг , амалҳои носанҷида ва фишорҳои
мақомот мебошанд. Ӯ гуфт: “5 сол пеш агар ҳар касе ба митинг даъват мекард,
ягон нафари солимақл ба ҳарфи ӯ гуш намедод, вале чаро дар ин чанд соли ахир
мардум шуруъ карданд ба шунидани ҳарфи касоне, ки даъват ба митингу тазоҳурот
мекунад? Зеро шумо мушкилот эҷод кардед ва муносибати шумо бо мардум тағйир
кард. Мардуми мо ҳамон мардуми сабур ва қаноатпеша ҳаст, вале баъзе мақомот аз
ин сабру таҳаммули мардум суистифода карданд. Ба ҷои он ки масъулин биёянд
дасти ҳар яке аз мардумро барои сабру таҳаммулаш бибусанд, онҳо боз болои
мардум миннат бор мекунанд, ки онҳо ба мардум ин карданду он карданд. Баръакс,
бояд мардум болои шумо миннат кунад, ин хама мушкилоту махрумрятхоро тахаммул
карда истодааст ва сабрро пеша мекунад.”
Сипас, оқои Кабирӣ аз мақомот ва масъулини
давлатӣ хост, ба мардум ин озодиҳоро таъмин кунад ва ба қадри мардум бирасад.

Ӯ илова кард, ки мардум ин дафъа ба ҳарфи
ҳукумат, нерухои сиесиву ва имомхатибон гуш доданд ва даст ба тазоҳурот
назаданд, вале, ин маънои онро надорад, ки бо ҳамин мушкилӣ рафъ шуд ва дар
оянда ягон мушкилӣ намеояд. Ба назари роҳбари Наҳзат, агар фишор болои мардум,
хизбхои сиеси ва ҷомеаи шаҳрвандӣ давом кунад, дар оянда мардум ҳарфи касеро
нахоҳад шунид.
Муҳиддин Кабирӣ муътақид аст, ки сарусадоҳои
митинг ва эҳсоси бесуботии ахир дорои паёме барои ҳама мебошад: “Ин паёме барои
ҳукумат, оппозитсия, Наҳзат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳама буд. Мутмаиннан, мо даҳҳо
ва шояд садҳо тарафдори худро аз даст додем ва хоҳем дод ва ҳар рӯз даҳҳо паём
мегирем, ки Наҳзат бо сиёсати сабру таҳаммулаш умеди мардумро барои расидан ба
як зиндагии шоиста шикаста истодааст.”

Ҳодисаҳои охир ва паём ба эмомхатибон

“Ин паёме ба
имомхатибони муҳтарами мо буд, ки дар оянда ба хотири анҷом додани дастур ё
хоҳиши кадом ниҳоде худашон ба як василаи пахн кардани овозахо , хангомахо ва
беамниятиву бесуботӣ табдил нашаванд. Агар варақеро ба дасташон медиҳанд, бояд
бидонанд, ки ин варақро аз минбари Паёмбари Ислом (с) мехонад ва ин чи хабар
аст, хадафаш чист? оё ин хабаре, ки онҳо мехонанд, боиси таъмини амнияти
мусалмонон мешавад ва ё баръакс боиси пахн гаштани овозаву бесуботӣ. Ое ноором
кардан ва мушавваш сохтани намозгузорон, табдил додани минбари масчид ба
василаи таблиготхом сиеси ба зиди касе е тарафдории каси дигар муносиб ба рисолати
ходимони он мебошад?”- афзуд ӯ.

Муҳиддин Кабирӣ аз нақши ҷавонон, бахусус
дастёрони Наҳзат дар интихоботи 2010 ситоиш карда, аз ҷавонон хост як бори
дигар дар интихоботи оянда фаъолон ширкат кунанд. Ӯ қайд кард: “Аз ҷавонон
хоҳиши бародарона ва ошкор мекунам, ки як бори дигар ин интихоботро бо шуру
шавқ ва ҳамосаву ангезаи хуб баргузор кунем. Хоҳарон ва бародарони ҷавони азиз
моро дар интихоботи 2010 сахт кумак кардед ва мо аз онҳо миннатдор ҳастем ва
бидуни онҳо мо наметавонистем интихоботи 2010 –ро бо он шукуҳу шаҳомат баргузор
кунем. Медонам, ки ҷавонон аз натоиҷи интихобот ва то ҳадде аз сиёсати сабру
таҳаммули ҲНИТ руҳафтода ва ноумед шудед ва аз ин ноумедии шумо бархеҳо
суистифода мекунанд. Мо мехоҳем, ки як мартабаи дигар ба шумо ин умедро баргардонем.
Агар шумо бо мо дар ин роҳ шарик ҳастед ва бовар доред, ки ҳукумати ҶТ
ислоҳшаванда ҳаст ва онҳо ҳам қудрати ҳамин шинохтро доранд ва як интихоботи
нисбатан беҳтар баргузор мекунанд, биоед бо ҳам шарик бошем. Наҳзат ба
бародарон ва хоҳарони ҷавонниёз дорад.”

Фурсати дигаре барои ҳукумат

“Аз он дустоне, ки дар дохилу хорич мегӯянд,
ки интихобот дигар фоида надорад ва аз қабл тарроҳӣ шудааст, хоҳиш мекунам, ки
ин мантикро тагйир бидиханд ва интихоботи ояндаро хамчун як василаи мухим ва
яке аз фурсатхои муассир барои ислохи вазъият истифода намоянд. Бале, макомоти
давлати бо такаллубхоящон дар интихоботхо ин ноумедиро дар байни мардум , ба
хусус чавонон ба вучуд оварданд. Касе хукуматро сафед кардани нест ва агар
бихохад хам сафед карда наметавонад. Аммо, умед дорам, ки ҳукумат аз ин
вазъияти ба вучуд омада ибрат хохад гирифт ва аз интихобот хамчун фурсати нодир
барои ислохи камбудихои каблиаш истифода хохад кард. Бояд хама кишрхои ноумед
аз интихоботхоро ба чорчуби конунии муборизахои сиеси баргардонд ва ба онхо
умед дод, ки бо рохи интихобот ва ислохот метавон ба хадафхои муштарак расид .
Биоед бо ҳам шарик шавем ва дар ин интихобот ширкат кунем ва онро барои таъмини
суботи бардавоми кишвар истифода бубарем. Дар интихобот дар дохил ё хориҷи
кишвар ҳастед, фаъол бошед. Агар намехоҳед бо Наҳзат бошед, номзадҳои худро
худпешбарӣ кунед. Агар мехоҳед , биеед бо Наҳзат бошед, дар паҳлӯи мо бошед ва
бо ҳам исбот кунем, ки дар ҷомеаи мо алтернатива барои сиёсати имрӯзаи иштибоҳӣ
вуҷуд дорад.”- афзуд ӯ.

Дар охир, раиси ҲНИТ гуфт: “Агар Худое нахоста
ҳукумат ҳамон сиёсатҳояшро давом дод, ба ҳарфи мову шумо гуш надод, дар
маъракаи интихоботӣ фишор овард ва раъйи мардумро тақаллуб кард, дигар мову
шумо аз имконоти қонунӣ истифода барем ва якҷоя дар чорчуби қонун ва фарҳанги
сиёсӣ эътирозоти худро ба мақомот бирасонем.”

Маҳмудҷон Файзраҳмонов сухангӯи раиси ҲНИТ

More From Author

You May Also Like