Categories Uncategorized

Эътикоф – Суннати Расули акрам (с)

Фароҳамсоз: Муҳиддин Асозода


Яке аз суннатҳои Расули акрам (с) ин эътикоф нишастан барои шахси рӯзадор мебошад, ки дар даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон худро барои ибодати Худо дар масҷиде фориғ месозад. Бо камоли таассуф ин суннати волои Паёмбари Худо дар ҷомеъаи мо хеле камранг ба назар мерасад. Дар робита ба ин суннати Рамазонӣ сӯҳбате доштем бо Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, ки онро тақдими хонандаи азиз мегардонем.

– Устоди муҳтарам, нахуст мехостам дар мавриди эътикоф ва фазилати он чизе изҳори назар намоед.

– Дар робита ба фазилати эътикоф метавон гуфт, эътикоф дар дар дини мубини Ислом суннати муаккада ба тариқи кифоя ба шумор меравад.

Ҳамчунон, ки фарзи кифоя дорем, суннати муаккада низ дар Ислом арзи ҳастӣ дорад. Ба монанди ин ки аз як маҳалла як нафар дар масҷид эъкитоф нишинад, аз уҳдаи дигарон соқит мегардад, дар ғайри сурат аҳолии маҳалла бо тарки ин суннат ҳама гунаҳкор мешаванд.

Вақто ин амал суннат шуд ин дигар пайравӣ аз он зоти бобаракат Муҳаммади Мустафо (с) мешавад.

Тариқаи эътикоф нишастан чӣ гуна мебошад?

– Эътикоф истодани шахси рӯзадор ба умеди аҷру савоб ҳадди ақал барои як рӯз дар масҷид аст ва авлотар он аст, ки эътикоф дар масҷиди ҷомеъ сурат бигирад.

Дар ин масъала бояд гуфт, ки байни уламо иттифоқи назар вуҷуд дорад. Дар мазҳаби мо – ҳанафиҳо дар масҷиди панҷвақта низ эътикоф нишастан ҷоиз аст. Чун дар боло чи тавре зикр кардем, ки ҳадди ақалли эътикоф як рӯз аст ва ҳар нафаре, ки эътикоф мешинад ва бо сабабе як рӯзи пурра манзур аз субҳ то шом нишаста натавонист, бар ӯ лозим аст, то ки онро қазо дорад.

Муътакифро лозим аст, ки аз масҷид хориҷ нашавад, магар барои қазои ҳоҷати инсонӣ, ҳатто агар дар масҷиди панҷвақта бошад.

Аммо рӯзи ҷумъа замоне аз масҷид хориҷ шавад, ки намози ҷумъаро дарёбад ва баъди хатми намози ҷумъа ба ҷои эътикофи худ баргардад.

Шахси муътакиф корҳои зеринро, ки аз ҷумлаи ниёзҳои табиъӣ маҳсуб меёбанд, метавонад анҷом диҳад. Ин ниёзҳои табиъӣ инҳо ҳастанд: аз ҷумла ба қазои ҳоҷат рафтан, ғусл намудан, (вале агар барои ғусли суннатӣ ва мустаҳабӣ ба монанди ғусли рӯзи ҷумъа аз масҷид хориҷ шавад, эътикофаш фосид мегардад) ва омода кардани хурду хӯрок, ба шарте, ки касе набошад, ки дар ин кор кӯмакаш намояд.

Инчунин, хурдану нӯшидан, хоб рафтан, шона ва тоза кардани мӯи сар ва риш, бо мардум сӯҳбатҳои шаръӣ кардан, аз атру хушбӯи истифода кардан, агар бемор гардад ӯро муолиҷа кардан, таълим гирифтан ва таълим додани Қуръони карим ва дигар илмҳои шаръӣ, шустан ва дӯхтани либосҳои чиркину дарида ва ғайра.

Ҳамчунин муътакиф метавонад барои азон гуфтан аз масҷид берун ояд ва пас аз азон фавран ба масҷид баргардад.

Шахс ҳар гоҳ назр намояд, ки чанд рӯзи муайян эътикоф менишнад, лозим аст, ки якҷо ва пай дар пай онро анҷом диҳад.

Муносибати маҳрамона бо занон ба василаи ҳамбистарӣ ва ламс яъне молиш кардан ва ё бусидани бошаҳват барои шахси эътикофнишста ҳаром аст.

Шахси муътакиф дар баробари зикру ибодаташ бояд сухани хайр бигуяд, куллан хомӯш нишасатан макруҳи таҳримӣ мебошад. Аз суханони зишту беманфиъат бояд парҳез намояд.

Танҳо шахси эътикофнишаста метавонад дар ҳолатҳои зарӯрӣ бидуни ҳозир кардани молу ашё хариду фурӯш намояд.

Агар ӯ як соати бидуни узр хориҷ шавад, эъткофаш фосид мегардад.

– Оё занон метавонанд эътикоф нишинанд?

– Албатта занон низ аз ҳаққи анҷом додани ин барномаи худсозии ибодӣ бархурдоранд, вале онҳо бояд дар хонаҳояшон дар ҷое, ки барои баргузории намозҳо ихтисос дорад, эътикоф бинишинад.

Дар масҷди умумӣ эътикоф нишастани онҳо ҷоиз намебошад.

Аммо агар қисмате аз бинои масҷид барои намозгузории занон ҷудо гардида бошад, онҳо метавонанд дар онҷо эътикоф нишинанд, ки таври маълум чунин имкониятҳо дар кишвари мо фароҳам нест. Барои занон ҳамон ҷое, ки дар он эътикоф нишастанд, ҳукми масҷидро дорад, бояд тамоми одоб ва муқаррароти эътикофро риъоя намоянд.

Ташаккур, домулло.

More From Author

You May Also Like