Categories Ахбори рӯз

Мамониат ва ё тадбирҳои фитназо дар Чин

Мамониат ва ё тадбирҳои фитназо дар ЧинДар яке аз
шаҳракҳои вилояти Синтзяни Чин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимият қонунеро содир кардаанд, ки
дар асосои он мусулмононе, ки ба корҳои тиҷорӣ машғуланд вазифадоранд, то ки дар
мағозаҳои худ машруботи спиртӣ (шароб) ва маҳсулоти тамокӯ барои харидорон ба
фурӯш гузоранд, хабар медиҳад:Ислам.ру.

Ин манбаъ
меафзояд: ” Сар аз 1 май тамоми
тарабхона ва мағозаҳои дар минтақаи мазкур, дар қатори асортиментҳои худ,
муваззафанд ҳади ақал панҷ навъи номгӯи нӯшокиҳои спиртӣ ва сигорро  барои мизоҷон муаррифӣ намоянд.

Дар робита ба
қабули чунин қонун, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ошкоро изҳор медоранд, ки ин
тадбирҳо барои бартарафсозӣ ва ё решакан кардани дин дар митақа мебошад.

ба муҷарради мутолиъаи чунин хабари номатлуб, мисраҳое аз Алллома Иқболи Лоҳурӣ ба ёд меояд, ки дар асоси ҳадиси Паёмбари Ислом (с) гуфта шудаанд:

Аз каломи Мустафо дорӣ насиб,

Дини ҳақ андар ҷаҳон омад ғариб.

Оре, боз бармегардем ба мазмуни каломи гуҳарбори Расулуллоҳ (с), ки замоне ҳимоят аз дин ва диндориро баробари гирифтани ахгар (оташпораи сурх) дар кафи даст унвон карда буданд.

Вале бояд донист, ки ин тадобир ва қавонини ҷоҳилона алайҳи дини Ҳақ аз тарафи ҳар низоме, ки набошад, нақше дар рӯи об асту бас.  

More From Author

You May Also Like