Categories Uncategorized

Шаҳодатномаҳои хидматӣ беэътибор мешаванд?

Мижгона Ҳалимова

19.04.2012, 19:15


«Барои ман беҳтар аст, ки пулро ҳамчун нақд (ба ҷои ҳуҷҷати хидматӣ) ба ман диҳанд, агар ман хоҳам аз ин пул истифода мекунам ва агар нахоҳам, не. Чунки ҳаст ҳолате, ки ман ин ҳуҷҷатро бо худ дораму аз хона дар як моҳ як маротиба мебароям.»- чунин гуфт нафақахӯр, ҚурбонгулНарзуллоева, дар масъалаи додани пули нақд дар ивази шаҳодатномаҳои хидматие, ки ба шахсони имтиёзнок дода мешавад.

Ин масъала дар ҷаласаи оиди баррасии масоили нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва тарифҳои нави ҳамлу нақли мусофирон, ки дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев дирӯз баргузор гардида буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо инобати мутобиқат накардани ин лоиҳа оид ба таъмини ҳифзи иҷтимоии категорияҳои алоҳидаи шаҳр, онро бе ҷонибдорӣ, барои коркарди иловагӣ баргардонданд.

Вақтҳои охир баҳсу мунозираи чиптачинҳо ё ронандагони нақлиётҳои мусофиркаш бо нафароне, ки дорои шаҳодатномаҳои хидматӣ мебошанд, зиёд шудааст. Ба таври маълум, ҳангоми савор шудан ва пешниҳод кардани ҳуҷҷати хидматӣ, чиптачинҳо нороҳат шуда, кореро анҷом медиҳанд, ки ба шакле нисбати нафақахурон беэҳтиромӣ аст.

Ба таври мисол, боре як чиптачин бо ду нафақахӯр хитоб карда, гуфт: «Як нафаратон ба автобуси ман шинеду дигаратон дар автобуси дигар. Зеро ман наметавонам чанд нафарро бепардохти роҳкиро ба ҷои лозимааш бубарам. Ман низ бояд ба давлат пул супорам.»

Барои аз байн бурдани ин мушкилӣ, шаҳрдорӣ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи монетизатсия»-ро ба парлумони кишвар пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи Шавкат Саидов, сухангуйи шаҳрдорӣ, «Категорияҳое, ки ба ин гуна маблағҳо имтиёзи қонунӣ доранд, дигар маблағҳои онҳо ба корхонаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ равона карда намешавад. Ҳукуматҳои маҳаллие, ки ваколатдоранд, маблағҳоро бевосита бурда, ҳамчун нақд ба онҳо медиҳанд».

Ӯ афзуд: «Вақте, ки мо дар ҳар як категорияи имтиёзнок маблағҳояшонро шахсан месупорем, дар ин маврид ягон нафар ҳуқуқи шаҳодатномаҳои худро нишон додан надорад. Яъне шаҳодатномаҳои хидматӣ дар нақлиёт дигар эътибор надорад. Дигар ҳама ҳангоми истифодаи нақлиётҳои ҷамъиятӣ роҳкироро пардохт мекунанд».

Коршиноси масоили иҷтимоӣ, Муҳаммад Иброҳим мегӯяд: «Агар ин лоиҳа қабул гардад, бисёр хуб мешавад. Зеро ҳастанд нафароне, ки ҷои кори онҳо номаълум аст, бо худ як ҳуҷҷати номаълуми сурхро доранду онро дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ нишон дода, аз ин намуди нақлиёт истифода мебаранд. Агар шаҳрдорӣ ин ҳуҷҷатҳоро аз байн бараду ҳамин маблағро ба худи ашхоси ниёзманд бевосита диҳад, ин беҳтар аст.»

Ҷаноби М. Иброҳим дар идомаи суҳбаташ баён кард: «Дар ин маврид он шахсони номаълуме, ки ҳуҷҷатҳои қалбакиро истифода мебаранд, аз ин маҳрум мешаванд. Бигзор шаҳрдорӣ ин маблағро ба худи имтиёздорон диҳаду онҳо низ дар нақлиётҳои ҷамъятӣ маблағ пардохт кунанд».

Ин масъала эҳтиёҷ ба баҳсу баррасии мутахассисон дорад, зеро дар сурати нодида гирифтани нозукиҳои ҳаматарафаи масъала, эҳтимол орӣ аз мушкилот набошад.

More From Author

You May Also Like