Categories Ахбори рӯз

Пешгирии табаддулоти давлатӣ дар Кувайт

Ҳукумати Кувайт дар мавриди манъи пахши наворҳо дар ВАО, ки дар онҳо аз омодагириҳои мақомдорони баландпояи собиқ ҷиҳати сарнагун сохтани режими ҳоким сухан меравад, фармон содир кардааст. Ҳамчунин маҳкамаи амрии Кувайт қарор карда, ки тафтишоти ин масъала пинҳонӣ сурат мегирад ва ба кадом «бозӣ»-ҳои матбуъотие роҳ дода намешавад. Нашрияҳои маҳаллиро манъ доштаанд, ки хабаре дар ин маврид пахш насозанд ва мардум ҳам дар шабакаҳои иҷтимоъӣ дар масъалаи сарнагусозии режими имрӯза набояд муҳокимаронӣ дошта бошанд, гуфтааст додситони ин кишвар ҷаноби Зирор Аласусӣ.
Ниҳодҳои интизомӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди «муносибат бо наворҳои хабарӣ, ки аз ширкати мақомот дар табаддулоти режим ва ҳукумати шахси амир мардумро хабар медиҳанд, тафтишот мебаранд», омадааст дар изҳороти додситонӣ. Ба гуфти Аласусӣ, манъи ин масъала дар ВАО ниҳоят муҳим аст, чунки муҳокимаи табаддулот «ба ваҳдати миллӣ шадидан зарар дорад».

More From Author

You May Also Like