nahzat.tj
Тибқи иттилоъи Вазорати энергетика ва саноати кишвар сар аз 1-уми августи соли равон дар маркази тиҷоратии «Ёқут-2000», ҳамарӯза аз соати 8 то 17 барои толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ярмаркаи фурӯши таҷҳизоти мактабиро доир менамояд.
Ба гуфтаи масъулини Вазорати мазкур, дар ярмарка маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ, амсоли сарулибоси мактабӣ, китобу дафтар, маҳсулоти конселярӣ ва дигар ашёи хониш ба фурӯш гузошта мешаванд.