Умед Сиддиқ
nahzat.tj
«Обукорез»: Об қимат мешавал, аммо ҳоло маълум нест
Аз якуми апрел барқ қимат шуд. Ҳамзамон болоравии нархи об ногузир аст, зеро обкашҳои ин корхона бо барқ кор мекунанд. Дилшод Қодиров, сарнозири шӯъбаи фурӯши оби Корхонаи «Обукорез»-и шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ҳоло дақиқ нашудааст, ки аз моҳи апрели соли ҷорӣ нархи об чанд дирам мешавад, зеро нахуст нархномаи нави обро масъулини Хадамоти зиддиинҳисории кишвар пешниҳод мекунанд ва баъд аз он, мо онро ба мардум пешниҳод мекунем.
Қодиров мегӯяд, ки феълан дар хонаҳои бисёрошиёна ҳаққи барқ 3,50 дирам мувофиқи истифода аз обу хироҳ, пардохт карда мешавад. Андоз дар хонаҳои заминӣ дар як моҳ 2,07 дирам дар як моҳ муқаррар шудааст. Бар иловаи он, соҳибони ҳайвоноти чорпо ва замини назди ҳавлигӣ боз маблағ пардохт мекунанд. Масалан барои як чорпо дар як моҳ 360 литр муқаррар карда шудааст, ки андозаш 0,49 дирам мебошад.
Сардори шӯъбаи фурӯши об, Мирзомурод Убайдов дар ин маврид мегӯяд, қимати об ахиран моҳи октябри соли 2011 боло рафта буд. Вале дар мавриди ин ки аз моҳи апрел чанд пул мешавад, маълум нест. Зимнан бояд гуфт, мувофиқи як барномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар хонаҳои бисёрошёна барои як нафар истифодабаранда дар як моҳ 10,8 метри мукааб ва дар маҳаллаҳо барои ҳар як нафар истифодабаранда 6 метри мукааб муқаррар шудааст.
Ҷаноби Убайдов мегӯяд, ки меъёр танҳо дар сурате иваз мешавад, ки ҳисобкунакҳои об насб шуда бошанд, яъне истифодабарандагон ҳар миқдор оберо, ки истифода мебаранд, маблағашро низ маҷбуранд пардохт намоянд.
Дар корхонаву ташкилоти давлатӣ нархи об 1,04 дирам барои як метрии мукааб ва дар корхонаҳои ғайри буҷавӣ 2 сомониву 71 дирам вобаста бо категорияашон мебошад. Ин нархнома барои як метри мукааб муқаррар карда шудааст.
Раҳмат Бобокалонов: Об бепул аст, вале…
Раҳмат Бобокалонов, вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки об дар ҷумҳурӣ бепул аст, вале истифодабарандагон барои хизматрасонӣ бояд маблағ пардохт кунанд. «Дар ҷое, ки намояндаи вазорат хизматрасонӣ намекунанду мардум аз он об бевосита истифода мебаранд, об бепул бояд бошад. Вале дар он ҷое, ки иншооти бузург, каналҳои калон ва дар он минтақае, ки ҷӯйборҳо вуҷуд дорад ва садҳо нафар ходимони соҳа фаъолият мекунанд, онҳо бояд музди меҳнат гиранд. Ва ин ҳам хизматрасонии об ном дорад, на нархи об. Феълан барои як гектар замин 100 сомонӣ муқаррар шудааст. Имсол як қатор барномаҳо ҳаст, ки барои беҳбудии мардум мусоидат мекунад…»
Ӯ инчунин гуфт, ки ин масъаларо мардум бояд дурусттар дарк кунанд. Ба ин гуфтаҳо, ҷаноби вазир мехоҳад гӯяд, ки ғайриқонунии пардохти ҳаққи об вуҷуд надорад. Яъне, Бобокалонов бар ин назараст, ки дар сурати ҷой надоштани хизматрасонӣ дар бахши об, об ройгон мебошад.
Вале, ин дар ҳолест, ки дар баъзе минтақаҳои кишвар дар сурати об ба заминҳои деҳқонон беягон хидмати техникӣ ё хидмати масъулини соҳа меравад, вале аз деҳқонон маблағ талаб карда мешавад.
Барои мисол, ба гуфтаи Ҷаббор Каримов, сокини ноҳияи Панҷ, дар ноҳияи онҳо об беягон хизматрасонии барқӣ ба заминҳои деҳқонон меравад, вале деҳқонон ҳар моҳ барои об маблағи муайян месупоранд, зеро масъулини соҳа маблағ талаб мекунанд.
Ҳамчунин ба гуфтаи Бадриддин, як нафар сокини шаҳри Душанбе, ки пештар дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекардааст, мегӯяд: «Об дар баъзе атрофи ин ноҳия лой аст, беягон техникаи хизматрасонии Вазорати мелиоратсия ба заминҳои мардум мерасад. Вале масъулини соҳа аз мардум ҳар моҳ маблағи муайянро талаб менамоянд ва мардум ҳам ноилоҷ пардохт мекунанд.»
Бобокалонов аз он нигаронӣ мекунад, ки мардум аз супоридани маблағи об худдорӣ карда, баъд аз он ки мавсим тамом шуд, аз супоридани маблағ даст мекашанд.
Ба қавли вазир, қарзи умумии корхонаи зертобеъи Вазорат аз истифодаи нерӯи барқ дар назди ширкати «Барқти тоҳик» 181,1 милион сомониро ташкил медиҳад, ки 26,7 милион сомонии он қарзи соли 2011 мебошад. Сабаби инро вазир дар пурра напардохтани ҳаққи хидмати обрасонӣ аз ҷониби истифодабарандагон мебинад.
Тағоймуродов: Агарчи дар саргаҳи обҳои мусаффоем…
«Агарчи Тоҷикистон давлати обҳои фаровони мусаффост, бояд иқрор шуд, ки бештар аз нисфи аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ дастрасӣ надоранд. То соли 2015 пура таъмин намудани сокинони кишвар бо оби тоза яке аз вазифаҳои асосиест, ки ҳукумат бар дӯши мо гузоштаанд.»- гуфт дар сӯҳбат бо журналистон Алимурод Тағоймуродов, директори «Хоҷагии манзилию коммуналӣ».
Пас аз талошҳо ва пешниҳоди барномаҳои мукаммал кишварҳои донор – Олмон, ИМА, Норвегия, Ҷопон, Финляндия ва Швейтсария таъминоти пураи сокинони шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Норак, Ҷалолиддини Румӣ ва Ховалингро бо оби тоза ба ӯҳда гирифтанд. Аз соли 2012 барномаи таъмини обрасонӣ ба сокинони шаҳрҳои Хуҷанд, Чкаловск, Қайроққум ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз меёбад. Тарҳрезии барномаи обрасонӣ барои ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Ҳисор ва шаҳри Турсунзода идома дорад. А. Тағоймуродов афзуд, ки вазъи бадтарин дар бахши дастрасӣ ба оби тоза дар ноҳияи Темурмалик ба назар мерасад. Сокинони ин ноҳия оби техникиро истеъмол мекунанд, ки ҳар ойина пайомади нохуши он пайдоиши бемориҳои гурда, меъда, ҷигар ва сироятист.
Хулоса, вақте хоҷагӣ ё ассотсиатсия таҷҳизоти обҳисобкунӣ дорад, аз рӯи нишондоди он ба ҳар метри мукааб маблағи муқаррашудаи обрасонӣ месупорад ва агар чунин таҷҳизот надорад, аз рӯи обталабии зироат, яъне аз рӯи нархнома ба ҳар зироат, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Вазорати мелиоратсия тасдиқ кардааст.
Дар умум коршиносон бар ин назаранд, ки фурӯши об дар ҳудуди кишвар айб аст, зеро ки Тоҷикистон дорои 60 дарсади оби минтақа аст. Дар кишварҳои ҳамсоя Қазоқистон, Туркманистон бисёри имтиёзҳо барои мардум ройгон дода мешавад, ба монанди барқ, газ, об, намак ва ғайра. Вале Тоҷикистон, ки яке аз дороии асосиаш об аст, чаро ба мардум ройгон дода нашавад? Ё чаро ҳадди ақал нархаш арзонтар ва маблағаш, на дар кисаи нозирон, балки дар буҷаи кишвар ворид нашавад?