Албатта, пиллакорӣ ҳам дар қатори пахтакорӣ ва чорводорӣ яке аз соҳаҳои сердаромади ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Вале баъди соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ аз чӣ бошад, ки муносибат ва тарзи корбарии ин соҳа ба куллӣ тағйир ёфт. Ҳарчанд 20 – солагии соҳибистиқлолиамонро ҳам ҷашн мегирем, вале ҳанӯз ҳам беҳбудие ва ё тарзи нави корбарие дар ин соҳа намебинем.
Нақшаву ӯҳдадориҳои ноҳияҳо бо ҳарфҳои калону хоно навишта шуда, дар ҷойҳои намоён овезонанд. Вале аз пиллакори одӣ нисбати қаноатмандӣ ва тарзи пардохти ҳаққи меҳнаташ пурсӣ, ҳеҷ қаноатмандӣ ва ё розигие дар вай намебинӣ.
Ноҳияи Восеъ яке аз ноҳияҳои калонтарини пиллакори ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. То аввалҳои моҳи июн дар ноҳия 51 тонна пилла ҷамъоварӣ карда шуда буд, дар ҳоле ки 4-5 сол пештар пиллакорони ноҳия 100-150 тонна пилла ҷамъоварӣ мекарданд. Солҳои охир ҷамъоварии он ба 50-60 тонна поин фаромадааст. Сабабаш маълум – набудани ҳавасмандӣ ва сари вақту ба табъи дил пардохт нашудани музди пиллакор мебошад.
Боре дар сӯҳбат Абдураҳим Давлатов, яке аз мутахассисини ин соҳа аз собиқ хоҷагии овозадори ба номи Миралӣ Маҳмадалиев гуфтанд, ки «солҳои аввали кории ман, ки ба замони собиқ ҳукумати шӯравӣ рост меоянд, бобои Миралӣ ба ивази ҳар як килои пиллаи пиллакорон 21 килоӣ гандум ва 5-6 сумӣ (12-14 доллари амрикоӣ) ҳаққи меҳнат медод. Имрӯз бошад, тарзи корбарӣ ва муносибат ба соҳа тамоман дигар шудааст. Дилгармӣ ва ҳавасамандии пиллакорро намебинӣ».
Пиллакорӣ ва муносибат ба он дар дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб низ қариб ҳамин тавр аст. Дар ноҳияи Фархор нисбати ин соҳа сӯҳбатҳо доштем ва мушоҳидаҳо намуда, хулосабарорӣ ҳам кардем.
-Мо ба ҳар як килограми пиллаи пиллакорони ноҳия 5 сомонӣ музд дода истодаем. Аз дасти мо ҳамин қадар кор меояд. Дигар ягон хел пешпардохт нест, ин ҳам дар ҳолест, ки берун аз кишвар ҳар як килограмм пилла ба маблағи 4 доллари амрикоӣ фурӯхта мешавад. Агар нисбат ба фоида ва зарари пилла сухан ронем, аз се килограмм пиллаи супоридашуда танҳо як килограми он ба фоидаи мо мемонад. Боқӣ, дигар ҳама пастсифату навъи дуюму сеюм мешаванд. Бинобар ин пиллапарвар сари ҳар як кило пиллаи сипоридааш панҷ сомонӣ ҳақдор мешавад, ки аз ин мо зарар мебинем, на фоида,- гуфт роҳбари ҶС «Абрешим»-и ноҳияи Фархор Маҳмадқул Абдулҳақов.
ӯро суол кардам: модоме шумо зарар мебинед, чӣ зарурате дорад, ки ба ин кор машғул шавед, беҳтар он нест, ки аз пиллапарварӣ даст кашед? Он кас посух медиҳанд, ки «ин сиёсати давлат аст». Пас кӣ аз ин гуна «сиёсат» манфиат мебинад? Ё худ чаро пиллапарвари асосӣ фоидае намебинад? «Ин кори мо нест, ман намедонам. Мо ҳамагӣ панҷ нафар коргарони мавсимӣ дорем. Мардум аввалҳо шароити беҳтари корӣ доштанд ва пилла гирифта парвариш мекарданд. Сол то сол шароити мардум барои гирифтани пилла ҳам вазнин шудааст. Аввалҳо мардум утоқ ё ҳуҷраҳои зиёдатӣ доштанд, имрӯз бошад, дар як хона чор-панҷ оила зиндагӣ менамоянд, бо кӯдакони худ дар як хонаи тангу шароити вазнин ба сар мебаранд. Бо вуҷуди ин агар пиллапарварӣ кунанд, маблағе, ки ба онҳо дода мешавад, барои харидорӣ кардани 10 килограм оҳак намерасад».
Ба гуфтаи масъуле, ки ҳамсӯҳбаташ будам, баъди пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шароит ва музди пиллакор хеле ва хеле ночиз шуд. Ҳатто соли 2002-2003 ягон дирам ба пиллакорон ҳақмузд надоданд. Зеро пиллаи истеҳсолшудаи дусола дар анборҳо хобида буд, харидор наёфт. «Баъди соли 2004 дар соҳаи пиллакорӣ каме беҳбудӣ ба чашм расид. Дар ҳоле ки дар замони шӯравӣ пиллакорони машҳур бо мошини сабукрав қадрдонӣ мешуданд, яхдону телевизору қолину дигар мукофотҳо мегирифтанд, ҳозир бошад, баръакс аст, пуштора шохаи тут мекашонад, -гуфт ӯ.
Дар чанд нишасти матбуотие ба раисони ноҳияҳои Восеъ, Фархору Мӯъминобод оиди ҳамин масъала суол додем ва пурсидем, барои чӣ муносибат ба ин соҳа чунин аст? Онҳо посух доданд, ки ин соҳа, ба ростӣ, зараровар аст. Боз пурсидем, ки агар зараровар аст, чаро аз баҳри он намегузарем? Эшон посух доданд, ки «чун аз «боло» амр мешавад, мо маҷбурем, онро иҷро кунем». Охир, дилхоҳ фармон истисмори заҳматкаш нест –ку! Пас, барои чӣ бо чунин амрҳо ҳаққи меҳнати пиллакор ақаллан ба таври зарурӣ дода намешавад? «Мо намедонем, фақат фармонро иҷро мекунем. Ин ашёи стратегӣ ҳисоб аст, барои ҳамин мо ба парвариш ва нигоҳубини пилла машғул мешавем».
Categories
Uncategorized
Пилла ба кӣ фоида меорад?
М. Мустақим, Кӯлоб