Categories СИЁСАТ

Оё дороиҳои Занҷонӣ ба Эрон равона мешавад ё дар Тоҷикистон мемонад?

Бобак Занҷонӣ, соҳибкор, тоҷир ва миллиардери эронӣ, ки дар Тоҷикистон ба сармоягузорӣ машғул буд, санаи 30-юми декабри соли 2013 аз ҷониби мақомоти қудратии Эрон боздошт шуда, ба зиндони Эвини шаҳри Теҳрон интиқол дода шуд. Пас суоле ба миён меояд, ки дар ҳоли суд шудани Занҷонӣ молу мулки дар Тоҷикистон будааш куҷо мешавад?

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос: “Дар ин ҳолат мо бояд дар мадди авваал аз рӯи қонунгузории Эрон баҳогузорӣ намоем. Агар дар қонунгузории Эрон мусодираи молу мулк ҷой дошта бошад, пас молу мулки Занчонӣ мусодира карда мешавад новобаста аз он ки дар куҷо он моликият мебошад ё ин ки ҷойгир мебошад. Агар ин бонк ва дигар тиҷорати Занҷонӣ дар Тоҷикистон ба номи ӯ бошад, ин моликият мусодирот карда мешавад.”

Сафват Бурҳонов, рӯзноманигор: “Молу мулки дар Тоҷикистон будааш ҳатман дар Тоҷикистон мемонад. Ҳоло ягон кас чизе аз мо набароварда аст. Инро аз пеш медонистанд.”

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос: “Новобаста аз он, шахс суд мешавад ё ба солҳои тӯлонӣ маҳкум менамоянд, ҳуқуқи моликии ашхос боқӣ мемонад. Зеро ҳуқуқ ба моликият ин яке аз ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шаҳрванд, новобаста аз он ки ӯ шаҳрванди хориҷӣ мебошад, буда, ашхоси дигар ҳуқуқи бегона кардани онро берозигии худи соҳибмулк надорад. Бинобар ин, новобаста аз он, ки Занҷонӣ суд мешавад ё не, дилхоҳ вақт метавонад омада моликияти худро соҳибӣ ва ихтиёрдорӣ намояд.

Ҳамчунин ҳуқуқ ба моликият бемуҳлат мебошад ва ҳатто баъди солҳои тулонии озод шудан аз зиндон ҳуқуқ дорад моликияташро талаб намояд, агар ба он ашхоси дигар ҳуқуқӣ пайдо намуда бошад.”

More From Author

You May Also Like