Сарпарасти сафорати Ҷумҳурии Исломии Ирон (ҶИИ) дар Тоҷикистон, ҷаноби оқои Сайидмаҳмуди Садрӣ баъд аз зуҳри рӯзи 30-уми октябр нишасти матбуъотӣ доир намуд ва зимни сӯҳбат диду назари хешро дар мавриди баъзе аз ҷанбаҳои муҳими равобит ва сатҳу сифати муносибатҳои ду кишвари дӯст ва бародар, ҳамчунин лоиҳаҳои амалишуда ва амалишавандаи ҷонибҳои Ирон дар Тоҷикистон ироъа дошт.
Яке аз ин лоиҳаҳои муҳим ва ҷиддие, ки амалӣ шудани он барои ҷониби Ирон хеле сангин уфтод, сохтмони нақби “Истиқлол” ва таъмири он мебошад ва чанде аз суолҳои хабарнигорони тоҷик ҳам ба ҳамин масъала равона гардиданд, ки чӣ омилоне анҷоми корро ба дарозо кашиданд?
Дипломати иронӣ ҳангоми шарҳи мушкилоти нақби «Истиқлол» ишора ба он кард, ки ҷониби Ирон дар заминаи нишондодҳо ё барномаи тароҳишудаи русҳо даст зад ба сохтмони нақби мазкур ва ин масъала хеле печида аст. “Нақб дар маконе воқеъ шуда, ки эҷоди ин гуна корҳо дар он ҷо сахт аст ва обҳои фаровоне низ аз ин минтақа убур мекунанд…, аммо аз лиҳози он ки дӯстони тоҷик барои рафтуои сокинон шитоб доштанд», ширкатҳои иронӣ бар асоси ҳамон тарҳу омӯзишҳо корро оғоз карданд.
Яъне фурсати омӯзиш вуҷуд надоштааст ва ҷониби Тоҷикистон мехоста, ки ҳарчи зудтар нақби мазкур дар гарданаи Анзоб ба истифода дода шавад. Тавре ҷаноби оқои Садрӣ гуфт, дар ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор додани ин нақб ҳам каме шитоб шудааст, ҳамчунин рафту омади нақлиёти зиёд имкон надода, ки кор ба тарзи лозим анҷом бигирад.
Ба ҳар ҳол, ҷаноби оқои Садрӣ ишораи дигаре ҳам дошт, ки ширкати масъули сохтмон бояд бо дарназардошти комил набудани нақб онро дубора мебаст ва корҳои тармимро идома медод. Вале ӯ боз ҳам таъкид кард, ки нақби “Истиқлол” ба таври комил то соли оянда аз таъмир мебарояд ва барои анҷоми дурусти кор, нақб баъд аз моҳи март ба муҳлати як ё ду моҳ баста мешавад.
Дар воқеъ, барои анҷоми ин тарҳ 39 миллион доллар сарф шудааст, ки аз ин ҳисоб 21 миллион доллари онро Ирон ҳамчун кумак ба Тоҷикистон бахшидааст.
Дар идомаи суҳбат ба масъалаи қарзи “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ҳам ишора шуд, неругоҳе, ки аз ҷониби ҶИИ сохта шуда, дар дурнамо беягон шартгузорӣ ба Тоҷикистон бахшида мешавад, вале имрӯз қарзи ҷониби Тоҷикистон аз истифодаи барқи «Сангутуда-2» алакай ба 40 миллион доллар расидааст ва тавре ҷаноби оқои Садрӣ гуфт: “Дӯстони тоҷик мушкил доранд, аз ин рӯ маблағро пардохт карда натавонистаанд. Умед аст, ин мушкил ҳалли худро меёбад», агарчи сари ҳар се моҳ ин маблағ ба андозае боло меравад.
Тавре дар боло ишора рафт, дипломати иронӣ ба сатҳу сифати муносибат миёни Ирону Тоҷикистон ҳам мавқеъи хешро рушан кард, ки он дар як марҳала дар ҳолати рукуд карор дошт, агарчи феълан он хеле боло рафтааст, вале ҷавобгӯи муносибатҳои ду кишвари дӯст ва бародар буда наметавонад.
Ҳамчунин ҷаноби оқои Садрӣ зимни суоли хабарнигор ба вазъияти амниятӣ дар ҷаҳони Ислом ва хатароти ифротгароӣ дар он, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ҳам диду назари хешро ба таври муфасал ироъа дошт, яъне онро хатарзо арзёбӣ кард ва асли хатаротро дар ноогоҳии мардуми мусалмон донист.
Сайидмаҳмуд Садрӣ наздик ба як сол сарпарастии сафорати кишвари Ирон дар Тоҷикистонро ба таври хуб анҷом дод ва рӯзҳои наздик сафири нави Ирон, ҷаноби Фағонӣ, ки то ба ин дам масъулияти хосе оид ба Афғонистонро дар ВУХ-и Ирон доштааст, ба Душанбе хоҳад омад. Аммо оқои Садрӣ ҳамчун сафир дар кишвари ҳамсояи Туркманистон таъин шудааст.