Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири моляи кишвар, Ҷамшед Норинов аз вазифаи муовинӣ сабукдуш карда шуд.
Тавре дар ин бора як манбаъ аз ҳукумат хабар додааст, қарори Ҳукумат дар ин маврид 9-уми марти соли равон ба имзо расидааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҷойи муовини Вазири молия, ки онро Ҷамшед Норинов соҳиб буд, ҳоло холӣ боқӣ мемонад. Айни замон Ҷамшед Норинов муовини раиси вилояти Суғд таъин гардид. Дирӯз Раиси вилояти мазкур Қоҳир Расулзода ӯро ба ҳайати дастгоҳи вилоят муаррифӣ намуд.
Ҳамзамон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дирӯз бо иштироки раиси вилоят, Қоҳир Расулзода ҷаласаи корӣ баргузор гардида, зимни он муовини нави раиси вилоят муаррифӣ шуд. Раиси вилоят қарорашро дар бораи муовини раиси вилояти Суғд таъин шудани Ҷамшед Норинов, ки қаблан муовини вазири молия буд, қироат намуда, ӯро ба ҳозирин муаррифӣ кард.