Categories СИЁСАТ

Плюралисми сиёсӣ дар андешаи исломии муосир – 1

Вожаи плюралисм монанди демократия, ҷомеаи маданӣ ва секюларисм дар фарҳанги исломӣ як вожаи наврасида аст. Пайдоиши он эҳтимолан ба асарҳои ислоҳталабони асри 19-ум боз мегардад, аммо ишора ба он дар асарҳои пешина ба камӣ ёфт мешавад. Ҳадафи ин пажуҳиш шарҳи мухтасари баъзе намунаҳои рафторие аст, ки дар онҳо андешаи исломии муосир ба масъалаи плюралисм пардохтааст.

Дар оғози баҳс моил ҳастам бар ин нукта таъкид кунам, ки то ҳол ҳеч далеле дар таъйиди ин ақида намеёбам, ки он даста аз мутафаккирони исломие, ки аз демократия ва плюралисм дифоъ мекунанд ва дар пайи исботи созгории онҳо бо ислом ҳастанд, мудофеъ ва ё комилан дилбохтаи ғарб ҳастанд. Дар ҳоле, ки унсури эҳтиром ва таҳсини ғарбро мусалламан набояд аз назар дур дошт, аммо ангезаи аслии ин мутафаккирон додани посух ба чолишҳои навпайдои тамаддунӣ ва дар ихтиёр гузоштани далелҳои дурусти исломӣ ва идеяҳои равшану судманд ба ин чолишҳо будааст. Мутафаккирони исломии муосир таҳти таъсири ангезаи дигаре низ будаанд ва он иборат аст аз ҷустуҷӯи ҷиддӣ дар ҷиҳати пешниҳоди роҳи ҳалҳое барои масъалаҳо ва мушкилоти муосир, мушкилоте, ки дар андешаи қадим ба андозаи кофӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор нагирифтаанд.

Оғози тафаккури исломии муосир дар ҷаҳони араб маъмулан ба Рифоъа Таҳтовӣ (1801-1873) бармегардад. Ӯ дар китоби худ «Талхисулабриз ило талхис бориз»(1834) плюралисми сиёсиро бо шаклҳои плюралисми идеологӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар таҷрибаи исломӣ мавҷуд буд, муқоиса намуд. Ӯ озодии мазҳабиро ба озодии имон,ақида ва фирқа таъриф менамуд, машрут бар ин, ки бо бунёдҳои дин муғоир набошад. Ба бовари ӯ ҳамин амр дар мавриди озодии ақида ва амали сиёсӣ тавассути ҳукмронони барҷаста, ки саъй мекунанд қоидаҳо ва муқарраротеро тибқи қонунҳои кишварашон тафсир карда ва ба кор баранд, қобили итлоқ аст. Ӯ тавзеҳ медиҳад, ки шоҳон ва вазирон ин иҷозаро доранд, ки дар ҳавзаи сиёсат барои расидан ба як мақсуд, ки иборат аст аз ҳукмронии хуб ва адолат, роҳҳои мухталифро пеш гиранд.

Муҳаммад Абдуҳ (1849-1905)касе, ки тарафдори демократияи парламентӣ буд, аз плюралисм дифоъ мекард ва дар пайи радди ин иддаъо буд, ки плюралисм ваҳдати умматро заиф менамояд. Ӯ дар ин хусус истидлол менамуд, ки миллатҳои европоӣ бо эътиқод ба плюралисм дучори тақсим ва пора-пора нагардиданд. Ба назари ӯ далели ин амр ин буд, ки онҳо дар ҳадафҳо муштарак буданд ва фақат дар равишҳои дастёбӣ ба онҳо ихтилоф доштанд.

Абдурраҳмон Кавокибӣ (1849-1903) дар «Табоеъул-истибдод»-и худ ба масъалаи истибдод ва пайванди байни дин ва сиёсат пардохтааст. Ӯ бо ин иддаъо, ки ислом масъули шаклҳои мухталифи истибдодӣ, ки ба номи он зуҳур ва суқут кардаанд нест, муваффақияти миллатҳои ғарб дар даврони муосирро дар пеш гирифтани қоидаҳои мантиқӣ ва матлуб медонад. Ба назари ӯ ин қоидаҳо дар ин кишварҳои пешрафта ба таклифҳои иҷтимоӣ бадал шудаанд ва аз ончӣ, ки тақсим ба ҳизбҳо ва гурӯҳҳо пиндошта мешавад, осеб намебинанд. Дар арзёбии ӯ ин тақсим на дар бораи худи қоидаҳо, ки танҳо бар сари равишҳои корбурдии онҳо аст.

Изҳороти монанде аз ингуна дар асарҳои ислоҳталабони дигари асри 19-ум мисли Саидҷамолиддин Афғонӣ, Хайруддини Тунисӣ ва Рашид Ризо ёфт мешавад. Аммо баъд аз ҷанги ҷаҳонии аввал, ки боиси фурӯпошии хилофати Усмонӣ ва таҷзияи он шуд, чолиши пешорӯи равшанфикрони мусалмон дигар истибдод набуд. Демократияҳои Европа, ки илҳомбахш ва мавриди таҳсини ислоҳталабони араб буданд, аксари ҷаҳони арабро мустаъмираи худ карда буданд.

Таҳдиди истеъморгарон ва лозимаи он ғарбисозии ҳувияти исломӣ боис шуд, то озодсозии сарзаминҳои исломиро дар авлавият қарор диҳанд. Аз ин ру ҷунбишҳои эҳёгаро, ки байрақи ҷиҳод барои озодии уммат аз банду занҷирҳои истеъморгарон ва боз таъсиси хилофати исломиро барафрошта буданд, ҷойгузини фарохони ислоҳ шуданд.

Идома дорад…

Таҳияи А. Хатлонӣ

More From Author

You May Also Like