Бар асари инфиҷорҳое дар хориҷ аз ду масҷид дар минтақае дар шимоли Покистон, ки рӯзи ҷумъа сурат гирифт, дастикам 10 нафар кушта ва 20 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ба гузориши хабаргузориҳои расмии Покистон, Шаҳид Алӣ яке аз намозгузорон гуфтааст, ки инфиҷори аввал замоне рух дод, ки намозгузорон барои намози ҷумъа қомат баста буданд.
Лозим ба ёдоварист, ки то кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорҳоро ба уҳда нагирифтааст.