Categories Ахбори рӯз

Тирандозии маргбор дар яке аз донишгоҳҳои Амрико

Ҳафт нафар дар воқеаи тирандозие дар донишгоҳе дар иёлоти Калифорнияи Амрико кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории “euronews”, панҷ нафар дар маҳалли воқеа ҷони худро аз даст доданд ва аз панҷ маҷрӯҳе, ки ба бемористон мунтақил шуданд, ду нафар дар бемористон ҷони худро аз даст доданд. Ин тирандозӣ субҳи рӯзи душанбе дар коллеҷи масеҳӣ дар шаҳри Укланд рӯй дод.

Гумонбаршудаи аслии ин воқеа, ки марди миёнсол аст, ки пас аз таъқиб ва гурези чандсоата дар як маркази харид боздошт шуд. Гузоришҳо баён доштаанд, ки ин мард 43 сол дорад ва аз мардуми Корея ба шумор меравад. Полис ин шаҳр гуфтааст, ки соати 10 : 30 пас огоҳ шудани ин ҳодиса нерӯҳои худро равонаи маҳал кард. Ҳамзамон манбаъи мазкур баён медорад, ки ин мард пештар дар ин донишгоҳ ба ҳайси дониҷӯ таҳсил мекардааст.

More From Author

You May Also Like