Поп Бенедикти шонздаҳум, раҳбари католикҳои ҷаҳон, шаби душанбеи гузашта дар маросиме дар калисои Ватикан Худо ва сулҳро меҳвари суханонаш қарор дод.
Ба гузориши “euronews”, Поп зимни суханрониҳои худ аз ҷаҳониён хост, ки дар зиндагиашон дар баробари истифодаи аз технологияи замонавӣ ҷое барои Худо боз кунанд.
Ба ақида ӯ, мардум имрӯз бо пешравии технология ва асри 21 аз Худо ва холиқи худ фаромӯш кардаанд. Вай ҳамчунин барои таҳаққуқи сулҳу оромиш дар Сурия, Лубнон ва Ироқ дуъо кард.
Ҳамзамон даъват ба дастёбӣ ба сулҳ байни арабҳо ва Исроил бахши дигари суханони ӯ ба шумор мерафт. Ҳамзамон ҳазорон зоири масеҳӣ вориди шаҳри Байтуллаҳм дар Каронаи Бохтарии руди Урдун шуданд ва маросими “Ишои Раббони” – ро баргузор намуданд.