Categories Ахбори рӯз

Посухи Раёсати Олии ҲНИТ: Вазорат воқеъиятҳоро ба назар нагирифтааст

Зуҳри дирӯз дар шаҳри
Душанбе ҷаласаи Раёсати Олии ҲНИТ баргузор гашт, ки дар кори он низ аъзои раёсат,
ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, ба таври онлайн ширкат доштанд. Дар ҷаласа
вазъи ахири кишвар, баргузории анҷумани 12-уми ҲНИТ ва посухи таҳиянамудаи
роҳбарияти ҳизб дар мавриди огоҳиномаи Вазорати адлияи ҶТ, ки рӯзи 28 августи
соли равон унвонии роҳбарияти ҲНИТ ба хотири қатъ намудани фаъолиятҳои ба гуфти
ин ниҳоди давлатӣ “ғайриқонунӣ” ирсол шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар
ҷаласа таъкид гардид, ки вобаста ба ҳаводиси ахиран дар кишвар рӯхдода,
ҳамчунин таҳдиду фишорҳои рӯзафзун болои бахшу шӯъбаҳои ҲНИТ дар маҳалҳо ва
инчунин бо қарори Суди иқтисоди шаҳри Душанбе баста шудани қароргоҳии марказии
ҳизб баргузории анҷумани навбатӣ ба вақти дигар мавқуф гузошт шуд. Дар баробар
ин ваколат ва салоҳияти Раёсати Олӣ, роҳбарият ва раиси Комиссияи тафтишотӣ,
инчунин салоҳияти бахшу шуъбаҳои ҳизбӣ то баргузории анҷумани оянда тамдид
карда шуд. Дар номаи расмӣ ба Вазорати
адлияи ҶТ аз ҷумла омадааст:

-…Вазорати адлия беназардошти
таҳдиду фишорҳо, таҳқиру қонуншиканиҳои ошкору ниҳони мақомоти интизомӣ ва иҷроия
болои аъзо ва ниҳодҳои ҳизб тайи солҳои ахир, огоҳиномаи дур аз воқеъиятро таҳия
ва дар ВАО ба нашр расонид. Интизор мерафт, ки ин вазорат ҳам ба хотири номаш,
ки ягона ниҳоди давлатӣ бо номи ”адл” мебошад ва ҳам ба хотири анҷоми
масъулиятҳои соҳавиаш, ки якеаш мусоидат ба шаҳрвандон ва созмонҳо барои
расидан ба адолат ва ҳаққи худ мебошад, мавқеъи фарқкунанда аз дигар ниҳодҳои
манфиатдор барои саркӯб кардани ҳизби қонунӣ мегирифт. Ба маълумоти Вазорати
адлияи ҶТ мерасонем, ки фишорҳо ва қонуншиканиҳо ҳанӯз соли 2012 шурӯъ шуда
буданд ва пас аз интихоботи соли 2015 ба авҷи аълои худ расиданд ва то алҳол бо
шеваҳои гуногун идома доранд. Қонуншиканиҳои мақомот болои ҲНИТ то ҳадде
ошкоранд, ки дигар аз чашми мардум ва коршиносони дохиливу хориҷӣ пинҳон
намондааст, аммо вазорати масъули назорати аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
худро аз ин раванд бехабар ба намоиш гузоштанист. Ин ҳама таҳдидҳо, таҳқирҳо, фишорҳо,
парвандасозиҳоалайҳи масъулин ва аъзои ҳизб, кашида гирифтану тахриби
моликияти ҳизбиву аъзо ва масъулин барои эҷоди фазои тарсу навмедӣ байни аъзо, фалаҷсозии
ниҳодҳои ҳизбӣ ва ба таври сунъӣ дур сохтани ҳизби дорои кафолати конститутсионӣ
аз саҳнаи сиёсӣ мебошад. То ба ҳол санадҳову далелҳои зиёде дар бораи қонуншиканиҳо
ва ҳуқуқпоймолкунии мақомоти давлатӣ алайҳи ҳизб ва аъзои он дар ихтиёри ниҳодҳои
тафтишотӣ, ВКД, КДАМ, Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва
Суди Олии ҶТ гузошта шуд, ки қисме аз онҳо дар ВАО низ ба нашр расиданд.Ҷои
нигаронист, ки то ба ҳол ҳеҷ мақоми расмии давлатӣ, бахусусВазоратиадлиява
ҳатто Президенти ҶТ барои гирифтани пеши роҳи ин ҳама қонуншиканиҳо ҳеҷ иқдоме
накардаанд ва вазифаи аслии риояи қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонрофаромӯшсохтаанд.

Дар огоҳинома омадааст, ки Вазорат нусхаи қарорҳои сохторҳои
маҳаллии ҳизбро аз 58 шаҳру ноҳияи ҶТ оид ба қатъи фаъолият дастрас намудааст
ва гӯё нусхаи аслии онҳо ба Раёсати Олии ҲНИТ ирсол шуда бошад, ки ин гуфта дур
аз воқеъият мебошад. Протоколҳои мазкур ҳама сохтаи мақомоти интизомӣ ва иҷроияи
маҳаллӣ буда, бо роҳи фишор, таҳдид ва ҳатто лату кӯби аъзо ва масъулини ҳизб
таҳия шудаанд ва ин мақомот протоколҳоро ба вазорат ирсол намудаанд. Мувофиқи
моддаи 8-и Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” “сохторҳои маҳаллии ҳизби
сиёсӣ тибқи тартибе, ки Оинномаи ҳизби сиёсӣ муқаррар менамояд,таъсис дода
мешаванд”. Бар асоси банди 4.6-и Оинномаи ҲНИТ, ки аз тарафи вазорати мазкур
тасдиқ карда шудааст, танҳо “Раёсати Олии ҳизб ваколат дорад, сохторҳои ҳизбӣ
ва ниҳодҳои заруриро таъсис ва барҳамдиҳад”. Бинобар ин протоколҳои
мазкур эътибори ҳуқуқӣ надоранд ва даъвои вазорат барои баррасии онҳо аз тарафи
Раёсати Олии ҳизб бепоя мебошад.

Дар огоҳинома зикр шудааст, ки гӯё аъзои ҳизб бо хоҳиши
худ аз узвият даст кашида бошанд. Ҳама аризаҳо аз аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бо
роҳи таҳдиду фишор, таъқибу ҳатто латукӯб аз тарафи мақомот ва ходимони иттиҳодияҳои
динӣ гирифта шудаанд. Чуноне ки аз матни ин ”аризаҳо” бармеояд, қисме ба номи
раиси ҲНИТ навишта шудаанд ва матнашон як хел мебошаду ба таври номаълум пеш аз
расидан ба мақомоти ҳизбӣ ба дасти масъулини давлатӣ расидаанд. Аз тарафи
дигар, қисме аз ин ”аризаҳо” на ба номи мақомоти ҳизбӣ, балки ба номи раиси
ноҳия, раиси ҷамоат ва ҳатто, мақомоти амниятии ноҳияҳо навишта шудааст, ки
далолат бар фишору таҳдидҳо аз тарафи ҳамин мақомот мекунад. Пас аз фаҳмидани
ин ”иштибоҳ” мақомот талош карданд, то ин аризаҳоро аз шаҳрвандон ҷамъоварӣ
намоянд, вале миқдоре аз онҳо ба ҳизб расид, ки ҳамчун санади раднашаванда
барои фош шудани ин сохтакориҳо мебошад. Аммо, Вазорати адлияи ҶТ ин ҳама воқеъиятҳоро
нодида гирифта, санаду протоколҳои сохтаву тақаллубии мақомотро ҳамчун асос
барои нашр намудани огоҳинома ва талаби қатъи фаъолияти, ба гуфти онҳо, ”ғайриқонунӣ”
истифода намудааст. Билфарз, агар Вазорати адлияи ҶТ эътиқод дошта бошад, ки
камбудие ё қонуншикание дар амалҳои ҲНИТ вуҷуд дорад, бояд тибқи қонун ва салоҳиятҳои
хеш муҳлати 10 рӯзро барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ҷудо намояд ва дар рафъи
ин ”камбудиҳо” мусоидат намояд, на қатъи фаъолият. Агар ҳизб қатъи фаъолият
намояд, пас ”камбудиҳои” ҷойдошта чигуна ва кай ислоҳ хоҳанд шуд? Пас, бармеояд,
ки ҳадафи Вазорати адлия на ислоҳи вазъ ва мусоидат ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта
аст, балки мисли дигар ниҳодҳо вазифадор шудааст, ки то санаи баргузории анҷумани
ҳизб бо хар роҳу васила фаъолияти онро ғайриқонунӣ эълон намояд.

Мувофиқи моддаи 28-и Сарқонуни ҶТ “…шаҳрвандҳақ
дорад, дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва
атеистӣ дошта иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ
гардад”. Бар асоси банди 2.4-и Оинномаи ҲНИТ шаҳрванд бояд хоҳиши
баромадан аз ҳизбро бо ариза ба ташкилоти ибтидоии ҳизб изҳор дорадва танҳо
пас аз баррасии ариза ва қабули қарори дахлдор,шаҳрванд аз узвияти ҳизб
хориҷ мегардад. Зимни ҷамъоварии аризаҳо аз аъзо ва шаҳрвандони дигар,мақомот
меъёрҳои Сарқонуни ҶТ ва Оинномаи ҲНИТ-ро дағалона поймол кардаанд. Бинобар ин аризаҳои
бо роҳи фишор гирифташуда ғайриқонунӣ буда, аз эътибор сокит мебошанд. Дар ин
бобат Шӯрои сиёсии ҲНИТ рӯзи 08.05.2015 қарори дахлдор қабул ва он рӯзи
14.08.2015 аз тарафи Раёсати Олии ҲНИТ тасдиқ гаштааст.

Чунмасъалаидохилшуданвахориҷ
шудан аз ҳизб дар салоҳияти ташкилотҳои ибтидоии он аст,даъвои Вазорати
адлияи ҶТ дар мавриди бе баррасӣ мондани протоколҳои сохта ва аризаҳои бо роҳи
фишорҷамъоваришуда,беасос ва ғайриқонунӣ мебошад.

Ҳамчунон ВазоратиадлияиҶТмоҳиятиҷумҳуриявӣдоштани
ҲНИТва дар ин шароитбаргузоршуданиАнҷуманиХIIхисоботӣваинтихоботии
онро дар огоҳинома зерисуолбурдааст, кидуразвоқеъиятмебошад.

Ҳарчанд сохторҳои маҳаллии
ҳизб зери фишори мақомот қарор доранд, аммо
фаъолиятионҳоҳамоноидомадорад. Дар шаҳру ноҳияҳои
зикршуда дар Огоҳиномаи Вазорати адлия, ки гӯё фаъолияти ҳизб қатъ шудааст,
фаъолияти ҳизб мунтазам идома ёфта, ба мақомоти болоии ҳизб гузоришҳои хаттӣ ва
санадҳои дохилиҳизбӣ фиристода мешаванд. Дар сурати зарур шуморидани Вазорати адлияи
ҶТ, мақомоти ҲНИТ омода аст, ки ин санадҳоро дар ихтиёри онҳо вогузор намояд. Қатъииҷбориисохторҳоимаҳаллӣаз
тарафи мақомот ва гузориш дар ин бобат ба вазорат ғайриқонунӣ ва дур аз
воқеъият мебошад.

ОинномаиҲНИТтартибипешниҳодивакилонробар
ӯҳдаи раёсати ҳизб вогузор кардааст, ки он сирф коргузории дохилиҳизбист.

РаёсатиОлииҲНИТ
дарҷаласаирӯзи 14.08.2015 тартибро тасдиқ ва баргузориианҷуманробарӯзи15.09.2015таъиннамуда
буд, ки ҳеҷ мухолифате ба қонунгузории кишвар ваОинномаиҲНИТ надошт.
Аммо бинобар афзоиши таҳдиду фишорҳо болои аъзо, масъулин ва вакилони анҷуман,
монеагузориҳо ва набудани шароити мусоид барои баргузории анҷуман ва ҳаводиси
ахир дар кишвар, Раёсати Олии ҲНИТ дар ҷаласаи рӯзи 04.09.2015 баргузории
анҷумани 12-уми ҳисоботӣ-интихоботии ҲНИТ-ро ба таъхир гузошт.

Вазорати адлияи
кишварҳатто ба таври муваққат тағйири макон кардани қароргоҳи ҲНИТ-ро ҳамчун
қонуншиканӣ ба қалам додааст ва ба моддаи 10-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои
сиёсӣ» истинод кардааст, ки он дар бораи ҳар сол ба вазорат пешниҳод намудани
ахборот дар бораи фаъолият ва давом додани фаъолият дар қароргоҳ мебошад. Бинобар
пайдо шудани баҳси молӣ миёни соҳибмулк ва мақомоти давлатӣ, ки бар асари он
Суди иқтисодии шаҳри Душанбе қароргоҳи марказии ҳизбро ҳабс ва истифодаи онро
манъ намуд, ҲНИТ дар яке аз гӯшаҳои пойтахт биноеро ба иҷора гирифт. Роҳбарияти
ҲНИТ дафъатан бо дастрасӣ аз банди 10.2 -и Оинномаи ҳизб рӯзи 26.08.2015
Вазорати адлияро дар бораиба таври муваққаттағйир ёфтани суроғаи қароргоҳимарказӣ
дар ҷараён гузошт. Суоле ба миён меояд, ки агар дафтари ҳизб муҳр карда шавад ва
мақомоти давлатӣ дар иваз ҷои дигареро пешниҳод накунанд, пас як ҳизби сиёсӣ
дар куҷо идомаи фаъолият намояд? Чунин мавқеъгирӣ адолатҳоҳӣ ва беғаразии вазорати
муҳтарамро зери суол мегузорад.

Агарчи ҲНИТ ба сифати ҳизби
характери динӣ эътироф гаштааст, он ҳеҷ гоҳ ҳамчун иттиҳодияи динӣ фаъолият
надоштааст ва танҳо дар чорчӯби қонунгузорӣ ва Оинномаи хеш фаъолиятҳои сиёсӣ
ва фарҳангиро ба роҳ мондааст. Густариши арзишҳои волои исломӣ, миллӣ ва
умумибашарии шаҳрвандон, эҳёи фарҳанг ва маънавиёти шаҳрвандони Тоҷикистонбар
асоси арзишҳои волои исломӣ ва миллӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои ҲНИТ мебошанд, ки дар
банди 1.3 – и Оинномаи ҳизб дарҷ гардидаанд. Дар робита ба мавзӯъ ду огоҳиномаи
вазорат ба ҲНИТ воридва камбудиҳо бартараф шуда, ба Вазорати адлияи ҶТ
посухи расмӣ ирсол дошта шудааст.

Бо назардошти далелҳои овардашуда,
Раёсати Олии ҲНИТ огоҳиномаи Вазорати адлияи ҶТ-ро фармоишиву дорои ангезаи
сиёсӣ ва идомаи барномаи муштараки мақомоти давлатӣ бар асоси Протоколи 32-20
меҳисобад.

Роҳбарияти ҲНИТ аз
масъулини Вазорати адлияи кишвар тақозо менамояд, то барои ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо,
ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва эҳтироми қонун иқдом намуда, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмиро
бо ҳизби расмии сабтиномшуда дар вазорат ба роҳ монад ва дар амри баргузории Анҷумани
ХII ҳисоботӣ-интихоботии ҳизб тибқи уҳдадорӣ ва таъиноти қонунии худ мусоидат
намояд.

More From Author

You May Also Like