“Вақте ҳукумати Покистон қодир нест, мушкилоти худро бо Толибон ҳал намояд, вақте ҳукумати Покистон қодир нест аз ноамниҳо ва кушторҳое, ки иқтисоди ин кишварро фалаҷ кардааст, чи тавр ин кишвар метавонад дар сулҳи Афғонистон кумак кунад?”
Оё Покистон хоҳони сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон аст? Усулан, арзёбии Покистон аз таъмини сулҳ дар Афғонистон чист? Оё воқеан ҳамон гуна, ки давлатмардони Афғонистон мегӯянд, сулҳ дар Афғонистон ба нафъи Покистон низ хоҳад буд? Вақте мегӯем, ки Покистон ба сурати содиқона дар таъмини сулҳ дар Афғонистон кумак намекунад, бояд андешид, ки ин кишвар чи манофеъеро дар ҷанги Афғонистон дунбол мекунанд? Оё нооманиҳои густурда дар Покистон, ки иқтисоди ин кишварро дар вартаи варшикастагӣ қарор дод, он гуна, ки баъзе аз таҳлилгарони мо унвон мекунанд, ҳама нақшае аз ҷониби артиши ин кишвар ва ниҳоди амниятии он (ISI) аст? Агар чунин бошад, пас артиши Покистон мехоҳад, ин кишварро нобуд созад! Чи таҳлили аҷибе!
Мушкили бузург дар миёни сиёсатмадорони мо ин аст, ки ҳама дар таҳлилҳояшон мехоҳанд масоили печидаро барои омфаҳм шудан, чунон содда бисозанд, ки комилан аз муҳтаво холӣ гардад. Боваре, ки дар натиҷаи чунин таҳлилҳо эҷод мешавад, ба ин хушбоварӣ меанҷомад, ки Покистон дар ҳоли таҷзия (тақсим) шудан аст ва Покистон чорае ҷуз таслим шудан надорад. Амрико ба Покистон ҳамла хоҳад кард ва бомби атомии ин кишварро нобуд хоҳад намуд…
Чунин таҳлилҳо аз ҷониби коршиносони муҳтарами сиёсӣ фоқиди ин баррасии дақиқи коршиносона аст, ки Толибони Покистон ва Афғонистон бо ҳам чи робитае доранд ва мизони таъсиргузории истихбороти низомии Покистон бар онҳо бо чи маҳдудиятҳое мувоҷеҳ аст. Чаро касоне чун Холид Хуҷа ва Карнел Имом, ки солҳо дар проекти Толибон дахил шумурда мешуданд, ба дасти Толибон кушта мешаванд? Барои таҳти контрол нишон додани Толибон дар ду сӯи дюранд (Покистон ва Афғонистон), ҳатто нақши Толибони Покистон дар интихоботи ахири ин кишвар нодида гирифта мешавад. Дар баъзе маворид, расонаҳо ба ҷои ин ки дар равшан сохтани азҳон нақш дошта бошанд, дар инҳирофи зеҳнҳо ва сохтани афкори умум ба хости як ҷиҳати хос нақш мебозад.
Интихоботи ахир дар Покистон дар зери сояи ваҳшате анҷом шуд, ки Толибони ин кишвар эҷод карда буданд. Аҳзобе, ки дар даврони ҳукумати Ҳизби мардум (ҳизбе, ки Беназир Бҳутто раисаш буд) бо Толибон шиори ҷанг ва душманӣ сар дода буданд, шикаст хурданд. Онҳо ҳатто ин фурсатро ба даст наоварданд, то ҷамъомадҳои калони интихоботӣ ташкил диҳанд ва дар бораи барномаҳои кории худ дар сурати баранда шудан, бо мардум сухан бигӯянд. Дар вилоятҳои Синд (вилояте дар ҷануби Покистон) ва “Хайбар Паштунхоҳ” (вилояте, ки дар шимоли Покистон воқеъ ва ҳаммарз бо Афғонистон аст) ин фишори Толибон ба хубӣ эҳсос мешуд.
Ҳизби “Муслим лег” (Н) ба роҳбарии Навоз Шариф ва Ҳизби таҳрики инсоф ба роҳбарии Имронхон ваъда доданд, то дар сурати ба қудрат расидан бо Толибони покистонӣ ба музокира хоҳанд пардохт ва мушкили ноамниҳоро аз тариқи музокира ҳал хоҳанд кард. Ин ду ҳизб дар зимн ин ваъдаро низ дода буданд, ки дар ҳолати ба қудрат расидан, монеъ аз ҳамлаҳои тайёраҳои бесарнишини Амрико ба минтақаҳои қабоили Покистон хоҳанд шуд. Ба ҳамин далел, ин ду ҳизб бо назари мусоъид аз ҷониби Таҳрики Толибони Покистон мувоҷеҳ шуда, барандаи интихобот гардиданд.
Қаблан низ, Толибони покистонӣ хоҳиши мушобеҳро аз ҳукумати қаблии Покистон доштанд ва гуфта буданд, ки ин кор метавонад бо миёнҷигарии роҳбарони аҳзоби мазҳабии Покистон анҷом ёбад, аммо ин кор баъди кушта шудани Валиур-раҳмон, муовини Таҳрики Толибони Покистон дар моҳи май дар асари ҳамлаи тайёраи бесарнишини Амрико ба таъвиқ уфтод.
Бо ба қудрат расидани ҳукумати ҷадид интизор ин буд, ки ҳамлаҳои Толибон коҳиш ёбанд ва замина барои музокирот омода гардад, аммо бо идомаи ҳамлаҳои ҳавопаймои низомии бесарнишини амрикоӣ аз як тараф ва нотавонии ҳукумати Покистон дар муқобила дар баробари он ҳамлаҳо аз тарафи дигар, фаъолиятҳои размии Толибон вусъат гирифт ва ҳатто кор ба ҷое расид, ки онҳо бо лашкаркашӣ ба водии Исмоилхон (минтақае дар қабоили Покистон) ва гушудани дари яке аз мустаҳкамтарин зиндонҳои Покистон дар ин минтақа, беш аз 200 тан аз ёрони худро озод карданд. Ҷанг ва куштор ҳамчунон идома ёфт ва ҳамла ба нирӯҳои пулис ва артиш афзоиш ёфт. Толибони покистонӣ ҳукумати ҷадидро ба хомӯшӣ дар баробари ҳамлаҳои Амрико муттаҳам менамоянд.
Навоз Шариф, сарвазири Покистон, ки дар ҷараён муборизоти интихоботӣ ба мардуми Покистон ваъдаи сулҳу амният ва пешрафт дода буд, то кунун дар таҳаққуқи ваъдаҳои хеш ноком будааст. Далели ин амрро метавон ношӣ аз нотавонии ҳукумати мулкӣ дар баробари артиши қудратманди Покистон донист. Артиши Покистон намехоҳад, чунин вонамуд созад, ки дар баробари шуруши дохилӣ ноком будааст.
Ахиран, бори дигар тамоюле аз ҷониби Толибони Покистон барои музокира бо ҳукумати марказии Покистон ба мушоҳида расидааст; Шоҳидуллоҳ, сухангӯи Таҳрики Толибони Покистон бори дигар барои музокироти сулҳ бо ҳукумати Покистон ибрози омодагӣ намудааст. Ин бор низ, Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) хоҳони миёнҷигарии Мавлоно Фазлур-раҳмон (роҳбари яке аз бонуфузтарин аҳзоби исломии Покистон) ва Мунаввар Ҳасан (амири Ҷамоати исломии Покистон) дар ин музокирот шудааст.
Мавлоно Ҷалилҷон, сухангӯи Ҷамъияти уламои Ислом ба роҳбарии Мавлоно Фазлур-раҳмон музокирот ба ҳадафи дастрасӣ ба сулҳ дар Покистонро як зарурати муҳим дониста, гуфтааст, ки “дар Афғонистон низ барои музокирот миёни ҳукумат ва Толибони афғон роҳ ҳамвор гардидааст. Амрико ҳамчунин мехоҳад бо Толибони афғон музокира намояд ва барои Толибон дар Қатар дафтар боз кардааст. Агар дар Покистон низ музокирот сурат бигирад, дар кул муфид ва ба нафъи тамоми минтақа хоҳад буд.”
Аммо дар шароите, ки як бори дигар тамоюл ба музокира аз ҷониби Толибони покистонӣ бо ҳукумати Навоз Шариф иброз мешавад, ҳукумат бори дигар силсилаи эъдомҳоро аз сар мегирад. Қарор аст, баъд аз 5 соли танаффус, бори дигар ҷинояткорони бо ҷурмҳои сангин ба муҷозоти марг мувоҷеҳ гарданд. Вазорати адлияи Покистон эълон дошт, ки ба зудӣ ҳукми эъдом дар мавриди 4 нафаре, ки чанд сол пеш ба эъдом маҳкум шуда буданд, ба иҷро дарояд. Ду тан аз онон вобаста ба лашкари “Ҷангвӣ” (яке аз созмонҳои низомии ифротии Покистон) мебошанд, ки дар куштани як табаби шиамазҳаб даст доштанд. Толибони Покистон дар баробари ин тасмими ҳукумат вокуниш нишон дода, онро эълони ҷанг алайҳи худ хондаанд.
Дар чунин шароите, қарор аст раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай сафаре ба Покистон дошта бошад (ин матлаб пеш аз ин сафар навишта шудааст), вай аз қабл мушаххас намудааст, ки дар ин сафар дар чорчуби масоили муайян бо мақомоти покистонӣ музокира хоҳад кард ва масъалаи кумаки Покистон ба барномаи сулҳ дар садри ин музокирот қарор хоҳад дошт.
Дар робита ба ин сафар, ин суол шоёни матраҳ шудан аст, ки вақте ҳукумати Покистон қодир нест, мушкилоти худро бо Толибон ҳал намояд, вақте ҳукумати Покистон қодир нест аз ноамниҳо ва кушторҳое, ки иқтисоди ин кишварро фалаҷ кардааст, чи тавр ин кишвар метавонад дар сулҳи Афғонистон кумак кунад? Оё интизори Кобул аз Исломобод барои миёнҷигарӣ миёни Толибони афғон ва ҳукумати Афғонистон то чӣ ҳад метавонад амалӣ бошад?
Толибон мушкили дарҳаму печидаи дар Афғонистон ва Покистон ва наметавон ононро аз ҳам ҷудо кард. Покистон ба хубӣ медонад, ки агар Толибони афғон ва ҳукумати Афғонистон бо ҳам ба тавофуқ бирасанд, Толибони покистонӣ дар мавқеъияти беҳтаре қарор хоҳанд гирифт ва ҷанг дар Покистон шиддат хоҳад ёфт. Бо таваҷҷуҳ ба ҳассосияте, ки Покистон аз нақши Ҳинд дар Афғонистон дорад, мақомоти низомии Покистон ба ин тасаввуранд, ки сулҳ дар Афғонистон ин фурсатро дар ихтиёри Ҳиндустон қарор хоҳад дод, то ба кумаки Толибони покистонӣ бишитобанд ва бо истифода аз уқдаҳои Толибон алайҳи Покистон, ин кишварро ба лахчаеаз оташ мубаддал созад.
Аз ҷониби дигар, сулҳи Покистон бо Толибони ин кишвар дар шароити феълӣ ба нафъи Покистон нест, зеро Толибон дар мавқеъияти муносибтаре аз назари низомӣ ва сиёсӣ қарор доранд ва дар сурати баргузории музокироти сулҳ, онҳо хоҳони нақши муҳимтар ва амалитари дин дар сиёсати Покистон хоҳанд шуд. Амрико ва муттаҳидин ғарбии Покистон ҳаргиз чунин ҳолатеро намехоҳанд ва дар натиҷаи чунин тавофуқе, Покистон аз кумакҳои кишварҳои ғарбӣ, ба хусус Амрико маҳрум хоҳад гардид.
Покистон наздикӣ миёни Амрико ва Ҳиндустонро хатаре бузург барои худ мешуморад ва ҳатто ба қимати густариши ноамниҳо дар дохили Покистон, намехоҳад ин ҷанг ба шакле ба поён бирасад, ки Ҳиндустон дар ҷойгоҳи бартаре дар минтақа қарор гирад. Покистон ба далели мушкилоти иқтисодӣ, тавони рақобат бо Ҳиндустонро дар арсаҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар Афғонистон надорад, аммо ноамнӣ ва ҷанг дар Афғонистон метавонад, дар маҳори нақши Ҳиндустон дар Афғонистон абзори муассире ба шумор ояд.
Бинобарин, дахолати Покистон дар барномаи сулҳи Афғонистон, ба нафъи афғонҳо нест ва дуруст ба ҳамин далел буд, ки роҳбарияти Толибон тарҷеҳ дод, ки дафтари Толибон ба ҷои кишварҳое чун Туркия ва Арабистон Саъудӣ, ки дастгоҳи истихбороти низомии Покистон аз даҳҳо сол ба ин тараф дар масъалаи Афғонистон бо созмонҳои истихборотии ин ду кишвар кор кардааст, дар Қатар эҷод гардад, дар муқобил ҳукумати Афғонистон ҳамеша бо матраҳ сохтани ин иттиҳом, ки Покистон дар ноамниҳои Афғонистон нақш дорад. Талоши номуваффақеро ба роҳ андохта, то Покистон зери фишори Ғарб қарор гирад, аммо баръакс, Покистон бо истифода аз ҳамин иттиҳомот, ки ин кишвар нақши калидӣ дар Афғонистон дорад, аз кумакҳо ва имтиёзоти Ғарб бархурдор шудааст.
Бинобар ин, сафари Ҳомид Карзай ба Покистон монанди сафарҳои гузашта дастоварди мушаххасе нахоҳад дошт ва агар ҳукумати Покистон ҳозир шавад, ҳатто Мулло Бародарро озод намояд, метавонад дастоварди андаке аз ин сафар бошад. Аммо дар ниҳоят мушкили ҷанг дар Афғонистон ҳал нахоҳад шуд, зеро калиди ҳалли ин мушкил дар Исломобод нест. Ин мушкил замоне ҳал хоҳад шуд, ки музокирот миёни Толибони афғон ва Амрико ба натиҷа бирасад ва ба дунболи он, музокирот миёни афғонҳо оғоз гардад.
Ваҳид “Мужда”, таҳлилгари афғонӣ дар масоили амниятӣ ва сиёсӣ