Варзишгари машҳури Австралия Ислом овард

Блек Фрегсон бозикуни машҳури лигаи олии Регбайи Австралия бо забон овардани шаҳодатайн ба дини мубини Ислом мушарраф ва мусалмон шуд.

Ба гузориши “islamworldnews”, ба нақл аз хабаргузориҳо, варзишгари мазкур 23 сол дошта, дар яке аз масҷидҳо дар ҷамъе аз намозгузорон Исломро роҳи ояндаи худ интихоб кард.

Вай дар гуфтугӯ бо расонаҳо гуфтааст, ки инхоби дин ин масъалаи шахсии ҳар фард аст ва ман намехоҳам дар масъалаи шахсии худам бо расонаҳо гуфтугӯ намоям. Аммо ман хушҳолам, ки дини Исломро қабул кардаам.

Пас аз интишори ин хабар, варзишкорон ва афроди машҳуре, ки тайи солҳои ахир ба Ислом мушарраф шудаанд, паёмҳои табрикии худро дар сафҳаҳои иҷтимоии интернетӣ мунташир карданд.

More From Author

You May Also Like