Categories Uncategorized

Президенти Гурҷистон бояд аз курсияш даст кашад

Эътирозоти мардумӣ дар Гурҷистон  бо гузашти беш аз се рӯз ҳанӯз идома дорад. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи муқобилияти мардум бо пулис чанд нафар шадидан захмӣ гашта, ба бемористон интиқол дода шуданд. Ёдовар бояд шуд, ки дар пайи даъвати мухолифони Саакашвилӣ мардуми зиёде дар майдони Тифлис ҷамъ омада, талаби истеъфои Михайил Саакашвилиро доранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки  собиқи додситони кулли Гурҷистон ва вазири мудофиаи ин кишвар эълон карданд, ки рӯзи дигар вориди Гурҷистон мешаванд.

Ду вазири фирорӣ дар Фаронса умр ба сар мебурданд. Зеро баъди сар задании муноқишаҳое бо Михайил Саакашвилӣ аз тарси кушта шуданашон ба Фаронса паноҳ бурда буданд Нино Бурҷунадзе раҳбари мухолифон  дар назди издиҳоми серодам баромад карда  таъкид доштааст, ки то охирин лаҳза барои аз сари қудрат  дур шудани Президент Михайил Саакашвилӣ майдонро тарк нахоҳад кард. Аммо ҷолиб он аст, ки ҳарчанд ба муқобили мардум аз фишор ва қудрати пулис истифода мешавад, ҳеҷ кишвари ҷаҳон доир ба ин масъала вокунише нишон надодааст. Ҳатто  кишварҳое, ки роҳбарони худкомаро бо таҳримоташон метарсонанд, барои маҳкум кардани Михайил Саакашвилӣ зоҳиран саросема нестанд.

Ёдовар бояд шуд, ки чанде рӯзе пеш Тифлис шоҳиди анбӯҳи зиёди мӯътаризон буд. Мардуми ба шӯр омада ба муқобили сиёсатҳои пешгирифтаи Михайил Саакашвилӣ садо баланд мекарданд.  Аз ҷумла мардуми эътирозгар, ки дар назди телевизиони ҷамъиятии Гурҷистон ҳузур доштанд,  талаби аслияшон истеъфои Президент буд. Бино ба гузоришҳои расида бо дастури Президент Михайил Саакашвилӣ   нерӯҳои махсуси қудратии Гурҷистон  тамоми имконотро истифода мебаранд, то мардуми эътирозгар  пароканда шавад. Гуфта мешавад, ки дар пайи ин ошӯбҳо  аллакай чанд нафар сахт маҷрӯҳ гашта, аз кушта шудани мардуми эътирогар низ хабар дода мешавад. Нерӯҳои қудратии Гурҷистон барои бароканда кардани мардум аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода намудаанд.

Президенти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ба мардум  ҳушдор додааст, ки аз чаҳорчӯбаи қонунҳои кишвар берун набароянд.  Дар акси ҳол ба муқобилашон чораҳои аз ин ҳам сахттар андешида мешавад. Ҳарчанд пулиси Гурҷистон кӯшидааст, ки мардумро аз майдони Тифлис наздик ба телевизиони ҷамъиятӣ пароканда кунад, аммо теъдоди бештари мардум  дар ин майдон ҷамъ омадаанд.  Мавриди зикр аст, ки Президенти Гурҷистон  ошӯбҳои пешинаи мардумро бо зур пароканда карда,  таъкид дошта буд, ки то  фурсати  барояш қонунан муаяншуда  аз мансаб даст намекашад.

More From Author

You May Also Like