Categories Uncategorized

Президенти Ироқ сарвазири навро муаррифӣ кард

Фуъад Массум, президенти Ироқ зимни муроҷиати телевизионии хеш эълон дошта, ки барои таъсиси ҳукумати нав ҷонишини раиси парлумони кишвар, Ҳайдар Ибодиро дастур додааст ва ин амр тӯли як моҳ бояд анҷом бигирад, хабар медиҳад «Arab Nеws».
Ин иқдом вокуниши сареъеро аз сӯи Ал-Моликӣ, сарвазири амалкунанда ба вуҷуд оварда, ки ӯ сарвазири қонуниест барои даври савум.
Пас воқеъият ин аст, ки масъала танҳо суханпарокании ҷонибайн аст. Тавре гуфта мешавад, нерӯгоҳои вафодор ба Ал-Моликӣ, ду кӯчаи Бағдодро, ки маъмулан дар он ҷо гирдиҳамоиҳои дуҷониба доир мегаштанд, феълан зери назорат гирифта, аллакай садҳо ҷонибдорони Ал-Моликӣ ба кӯчаҳо рехтаанд.
Вале аз тариқи шабакаҳои телевизионии Ироқ наворҳое пахш мешаванд, ки дар онҳо президент дасти ҷаноби Ибодиро фишурда, мегӯяд: «Умед аст, ки барои таъсиси ҳукумате бо доштани асосҳои фарохтари сиёсӣ имкон меёбед»
Сарвазири тозатаъин ҳам дар изҳороти аввалини хеш ба муттаҳидии  тамоми нерӯҳои сиёсӣ авлавият қоил шуда, таҳдидҳоеро аз ҷониби гурӯҳҳои радикалӣ, қабл аз ҳама ДОИШ ҷиддӣ арзёбӣ кардааст.
Ҳассосияти авзоъ ҳамчунин бар он ишора мекунад, ки қаблан Суди олӣ қарореро дар мавриди ҳукумати пешниҳод шуда аз ҷониби блоки «Давлати қонун» бо раҳбарии Ал-Моликӣ ба тасвиб расонид ва дар он омадааст, блоки мазкур дар парлумон ваколат дорад, ки сарвазирро таъин ва ҳукуматро таъсис бидиҳад.
Хайдар Ибодӣ як сиёсатмадори маъмулии «радаи дувум» ба ҳисоб рафта, амалгаро ва иҷтимоӣ нест. Дар вақташ донишгоҳи Бирмингемро хатм карда, дар кумита оид ба молияи парлумон кор карда, ҳамчунин мушовири сиёсии сарвазир ва вазири корҳои иртиботот низ будааст. Маълум ҳам ҳаст, ки ишон бештари вақти хешро дар Бритониё мегузаронад.

More From Author

You May Also Like