Абдуқаюм Қаюмзод, рӯзноманигори таҳлилгар, дар бораи сифатҳои президенти оянда чунин гуфт:
“Нафареро президенти оянда дидан мехоҳам, ки бо президенти феълӣ кадом монандие надошта бошад.
Мехоҳам, ки ӯ пеш аз ҳама ба рӯзи қиёмат бовар ва дар қалбаш тарси Худо ҷой дошта, халқро эҳтиром бигзорад ва ходими воқеъии ин миллат бошад.
Мехоҳам, ки ӯ талош накунад, ки сари қудрат зиёд биистад ва ин ду навбати ҳафтсолии дар қудрат буданро то ба чаҳор ва ё панҷсолӣ поин барад.
Мехоҳам, ки ӯ фарзандон, хешу табор ва ҳаммаҳалҳои хешро дар масъулиятҳои баланди давлатӣ таъйин накунад.
Мехоҳам, ки писаронаш мисли дигарон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хидмат намоянд ва ягон бартариву имтиёзе надошта бошанд.
Мехоҳам, ки кадрҳоро аз ҷумлаи ашхоси шоиста ва соҳибтахассус бо дарназардошти ҳамаи манотиқи кишвар ба масъулиятҳои баланди давлатӣ ҷалб созад ва боиси маҳалгароӣ дар сатҳи давлат қарор нагирад.
Мехоҳам, ки нукоти барномавии президенти оянда асосан аз таъмини барқ, гармӣ, сӯзишворӣ иборат бошад ва аз аввалин корҳое, ки бояд анҷом диҳад, барҳам додани истифодаи пулакии роҳ бошад.
Мехоҳам, ки ӯ:
– Бо аҳзоби сиёсӣ ва кишварҳои ҳамҷавор ҳамкорӣ ва робитаи хуб ба роҳ монад.
– Вақте муҳлати даврони президентӣ ба итмом мерасад, ба тағйир додани қонун ба хотири тамдиди муҳлати хеш роҳ надиҳад.
– Худро «қаҳрамон»-и барномаҳои телевизионӣ насозад.
– Президент чеҳраи миллат аст, ба ин хотир ӯ дар ҳама маврид бояд ҷиддӣ бошад, рақс кардан хоҳиши ҳар нафаре буда метавонад, вале президент ҳаққи рақс карданро дар маърази ом надорад.
– Ба дину оини мардум таҳқирро раво набинад, чун ин гуна муносибат оқибати бад дорад.
– Ҳар сол даромади хешро ба мардум ошкор намояд ва маоши хешро пинҳон надорад.
– Пули халқро ба корҳои беҳуда ба хотири ҳангома кардани амале сарф накунад, мисли байрақи баландтарин дар ҷаҳон.
– Президенти ояндаро як фарди асилу комил дидан мехоҳам, ӯро амалаш аз гуфтораш бояд боло бошад.
– Ҳатман шикастанафс бошад.”