Categories Ахбори рӯз

Президенти Тоҷикистон ба Малайзия рафт

Шоми дирӯз, 22 – юми июн Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон вориди шаҳри Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти сардори кишвар иттилоъ додааст.
Ба иттилоъи манбаъ, мулоқоту музокироти миёни Тоҷикистону Малайзия ва дигар чорабиниҳо имрӯз оғоз меёбанд.
Гуфта мешавад, «зимни сафар мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо Абдулҳалим Муаззам, подшоҳи Малайзия, Наҷиб Абдурразоқ, сарвазири ин кишвар ва ба имзо расидани як зумра санадҳо дар назар аст, ки ба заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни ду кишвар асоси устувор мегузоранд».
“Санадҳо, аз ҷумла доир ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, илму техника, таҳсилоти олӣ, туризм, варзиш ва доир ба машваратҳои сиёсӣ ба имзо хоҳанд расид. Ҳамчунин баргузории анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия низ дар назар аст», омадааст дар манбаъ.
Бояд гуфт, дар ин сафараш президентро завҷааш низ ҳамроҳӣ мекунад.

More From Author

You May Also Like