Гузориши Бунёди ҷаҳонии зидди СПИД, сил ва варҷа муайян кардааст, ки дар Тоҷикистон, дар соли гузашта 14 ҳазор танфурӯш ва 30 ҳазор ҳамҷинсгаро мебошад.
Бунёди мазкур гуфтааст, ки бар асоси арзёбиҳои тиббӣ ва демографӣ дар кишвар 14 ҳазор нафар ба танфурӯшӣ машғул будаанд. Дар баробари ин, гирифтории ин афрод ба бемории ВИЧ ё норасоии масунияти бадан аз 2,8 дарсади соли 2009 то ҳудуди 5 дарсад дар соли 2014 афзоиш ёфтааст.
“Озодӣ” ба нақл аз гузориши Бунёди ҷаҳонии зидди СПИД, сил ва вараҷа дар Тоҷикистон навиштааст, ки дар Тоҷикистон эҳтимол 30 ҳазор мардони ҳамҷинсгаро низ ҳастанд, ки 57 дарсади онҳо, бо занҳо низ равобити ҷинсӣ доштаанд. Ин дар ҳолест, ки созмони мазкур чунин робитаро сабаби афзоиши бемории ВИЧ унвон кардааст.
Тибқи гузориши мазкур, табибон ва созмонҳои имдодӣ соли 2013 ба 2645 мардони ҳамҷинсгаро барои пешгирӣ аз сироят ба бемории ВИЧ – СПИД кӯмак расонидаанд. Мутахассисон гуфтаанд, ки аз сабабе ки дар Тоҷикистон ҳамҷинсгаро дар Тоҷикистон роиҷ нест аз ин сабаб онҳо ба табибон муроҷиат намекунанд, аз ин рӯ мумкин аст, ки шумораи бешатари онҳо ба бемории ВИЧ – СПИД гирифтор бошанд.
Омори мазкур аз тарафи Бунёди ҷаҳонии зидии СПИД, сил ва вараҷа дар ҳоле гуфта шуда, ки дар кишвар аз афзоиши ҷиноятҳои ахлоқӣ ва ҷалби шумори зиёди занону духтарон ба танфурӯшӣ изҳори нигаронӣ мешавад. Дар робита ба ин, дар моҳи июни соли 2014 баъд аз як суханронии вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода, дар Тоҷикистон як маъракаи густардаи зидди ҷиноятҳои ахлоқӣ ба роҳ андохта шуд ва мақомот эълон карданд, ки дар ҳафтаи аввали ин амалиёт беш аз 500 нафарро бо гумони танфурӯши ва даллагӣ ё ташкили фоҳишахонаҳо боздошт кардаанд.
Тавре дар гузориши “Озодӣ” омада, танфурӯшӣ тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҷиноят ҳисоб намешавад ва занони танфурӯш маъмулан баъд аз боздошт бо пардохти ҷаримаи начандон бузурге раҳо мешаванд. Вале кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои даллагӣ, ҷалби афрод ба танфурӯшӣ, қочоқи инсон ва ташкили фаҳишахонаҳо муҷозоти сангинеро пешбинӣ кардааст.