Categories Ахбори рӯз

Зокиров дигар адвокати Зайд Саид нест

Яке аз адвокатҳои Зайд Саид, Фахриддин Зокиров, ки бо қонуни афв, пас аз ҳашт моҳи дар ҳабс озод шудааст, ба фаъолияти касбияш идома медиҳад, аммо ӯ дигар нияти ҳимоят аз манфиатҳои Зайд Саидро надорад.

Ба гузориши “news.tj”, Исҳоқ Табаров, ҳамкори Зокиров дар робита ба ин мавзуъ иброз дошта, ки мутобиқи қонуни афв Фахриддин Зокиров аз толори суд озод шуда, доғи судияш бекор ва айни замон ба ҳайси адвокат фаъолият хоҳад кард.

Лозим ба ёдоварист, ки адвокати дигари Зайд Саид, Шуҳрат Қудратов айни замон ба иттиҳоми порадиҳӣ зери ҳабс қарор дорад, ки мурофиаи парвандаи ӯ дар суди шаҳри Душанбе ҷараён дорад.

Ин дар ҳолест, ки дар рафти мурофиаи парвандаи Шуҳрат Қудратов хабарнигоронро иҷозаи вуруд ва ширкат дар он надода буданд.

More From Author

You May Also Like