Пас аз номаи
расмии Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ ба Прокурори генералии ҶТ дар аксари шаҳру навоҳии кишвар ниҳодҳои
тобеъи он аъзои ҳизбро даъват карда, дар мавриди иҷборан аз ҳибз рафтанашон баёнот гирифта истодаанд.
Дар ҳамин ҳол
Мирзоолим Холов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ иброз медорад,
ки “дирӯз 8 нафар аз аъзои ҲНИТ-ро ба прокуратураи ноҳия даъват карда, дар
асоси шикояти онҳо, ки маҷбуран аз тарафи мақомот аризаи ихроҷ шудан навиштаанд,
пурсуҷӯ карданд”.
Ҳамчунин номбурда
қайд мекунад, ки вақте аъзои ҳизбро мепурсанд, ки воқеан онҳо иҷборан аз ҳизб
хориҷ шудаанд, дар ҷавоб ҳамаи онҳо ин гуфтаҳоро тасдиқ карданд. “Аъзои ҳизб бори дигар таъкид намуданд,
ки таҳти фишори амният ва ҳукумат маҷбуран ариза навиштаанд.
Кормандони прокуратураи ноҳия ба мо гуфтанд, ки пас аз 2 дақиқа омада, баёноти
ҳамаи шуморо мегирем, аммо баъди ду дақиқа омада гуфтанд, ки ба ҳамаи шумо
ҷавоб. Қувваи барқ нест, мо наметавонем аризаи шуморо гирем ва баъдан ба
хонаҳоятон рафта, баёнотҳои шуморо мегирем. Аммо то ҳол аз онҳо дараке
нест”-мегӯяд Холов.
Ба гуфтаи
Мирзоолим Холов қаблан ӯро мақомот маҷбур карда буд, ки худаш аз ҳизб хориҷ
шавад, “ҳатто ба худи ман гуфтанд, ки ту худат танҳо дар ҳизб мондаӣ ва бояд
ҳизб дар минтақа баста шавад. Аммо ман гуфтам, ки ман истеъфо намедиҳам”.
Бобои
Муҳаммадназир узви раёсати ҲНИТ дар Кӯҳистони Мастчоҳ низ мегӯяд ӯ ва 2 нафар аз
аъзои ҲНИТ-ро ба прокуратураи ноҳия даъват карда, талаб карданд, ки аз узвияти ҲНИТ даст бикашем. Аммо мо гуфтем, ки аз ҳизб хориҷ намешавем. Агар хориҷ шудан хоҳем ҳизб ташкилоти ибтидоӣ дорад, ки он ҷо аризаҳои худро пешниҳод мекунем. Шумо ҳуқуқ надоред, ки моро маҷбуран аз ҳизб
хориҷ кунед.
Ҳамчунин
Муҳаммадзариф Зарифов, узви ҲНИТ, сокини шаҳри Исфараро раиси шаҳр даъват
карда, мегӯяд ба прокуратура равад. “Мо 3 нафар будем ба прокуратураи шаҳр
рафтем, вале ба мо гуфтанд, ки агар лозим шавад даъвататон мекунем, ҳоло бо дигар кор банд ҳастем” иброз медорад ӯ. Наздики 10
нафаре, ки ба прокуратура даъват шуда буданд, мо аз ҳамаашон пурсидем, ки “оё
барои гирифтани баёнот ба хонаҳояшон кормандони прокуратураи шаҳр омаданд
ё не?” ҳамаашон ҷавоби рад доданд.