Тоҷикистон дар робита ба интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон вақтро аз даст медиҳад, зеро қисмате аз хатти баландшиддати барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ то ҳол бунёд нашудааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории «Авасто».
Бунёди он қисмати хатти баландшиддат, ки мутааллиқ ба ҷониби Тоҷикистон аст, дар тӯли 118 киломерт ҳанӯз моҳи ноябр ба анҷом расида буд, аммо бунёди қисмати дигар, ки бо арзи 163 киломерт бар ӯҳдаи Афғонистон аст, то ҳол ба итмом нарасидааст, менависад хабаргузорӣ бо такя ба гуфтаҳои масъулини «Барқи тоҷик».
Зимнан бояд гуфт, кай интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ағонистон тавассути ин хат шурӯъ мешавад, чизе гуфта нашудааст, аммо масъулини «Барқи тоҷик» дар сӯҳбат ба хабаргузорӣ гуфтаанд, шурӯъ аз моҳи сентябр сатҳи об дар дарёи Вахш кам мешавад, ки ин боиси коҳиши интиқоли нерӯи барқ ба хориҷа мегардад.
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, дар дарозмуддат ин хатти интиқоли нерӯи барқ то Кобул расонида хоҳад шуд, вале яқинан гуфта нашудааст, ки ин лоиҳа кай амалӣ мешавад.
Бояд гуфт, алъон қисмати қобили таваҷҷӯҳи нерӯи барқ ба Афғонистон аз Ӯзбакистон ва Туркманистон интиқол меёбад. Дар ин замина коршиносон ҳадс мезананд, ки яке аз омилҳои аслии мухолифати Ӯзбакистон дар робита ба сохтмони НБО – и «Роғун» бар ҳамин мабност, на он авомиле, ки ҳукумати ин кишвар бо такя ба онҳо баҳона пеш меорад, зеро агар «Роғун» сохта шавад, эҳтимол меравад, ки Ӯзбакистон бозори энержиро дар Афғонистон аз даст диҳад.
Categories
Ахбори рӯз