Путин вазъи Сурияро бо Мурсӣ баррасӣ мекунад

Муовини Владимир Путин, раисҷумҳури Русия эълом кард, ки Путин дар ҳошияи иҷлосияе, ки қарор аст дар Африқои ҷанубӣ сурат гирад, бо ҳамтои мисрии худ дидор кунад.

Ба гузориши як пойгоҳи хабарӣ, ба нақл аз хабаргузориҳои “Олмон”, муовини раисҷумҳури Русия гуфта, ки Путин дар ҳошияи иҷлосияи БРИКС, дар шаҳри Дирбони Африқои ҷанубӣ бо Муҳаммад Мурсӣ дидор ва гуфтугӯ мекунад.

Бар асоси ин гузориш, Путин имрӯз, сешанбе Маскавро ба мақсади Дирбон дар Африқои ҷанубӣ тарк мекунад ва дар сафаре дурӯза ба ин шаҳр дар панҷумин иҷлоси гуруҳи БРИКС ширкат хоҳад кард.

Муовини Путин изҳор дошта, ки Путин дар ҷараёни ин сафар бо Ҷокуб Зумо, раисҷумҳури Африқои ҷанубӣ ва Мон Муҳон Синг, нахуствазири Ҳинд дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

Ба гуфтаи манбаъ, қарор аст Путин фардо чоршанбе низ бо Муҳаммад Мурсӣ дидор ва дар бораи вазъи Сурия ва вазъияти Кипр бо вай гуфтугӯ намояд.

More From Author

You May Also Like