Categories Ахбори рӯз

Путин эътимодномаи сафири Тоҷикистонро қабул кард

Владимир Путин рӯзи 27 июн, зимни қабули эътимодномаи 14 сафири давлатҳои алоҳида дар Русия, ки дар толори Александровскии Кремл баргузор гардид ва сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов ҳам дар қатори онҳо ҳузӯр дошт, қайд кардааст, ки Русия пайваста аз тақвияти муносибатҳои шаффофу эътимодбахш дар саҳнаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ мекунад, аз ҷумла услубу қарорҳои дипломатӣ-сиёси рабт дошта ба қазияи Сурия, мушкилоти лоиҳаи ҳастаии Ирон, авзоъ дар нимҷазираи Куриё, Афғонистону Шарқи наздик ва ахиран мутаасифона дар Укроинро.
Сарвари Русия ба муносибатҳои кишвари хеш бо Тоҷикистон дахл карда гуфтааст: Моҳияти муносибатҳои Русия бо Тоҷикистон ҳамшарикии танготангеро дунбол кардан аст ва ин гуна муносибатҳо дар самти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ рушд пайдо карда истодаанд. Далили рушани дӯстии қатънашавандаи мо ба тасвиб расидан ва ҳукми амал пайдо кардани шартнома оиди рисолат ва шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аст. Ҳоло барои ширкат дар гирдиҳамоии сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе омодагӣ мегирем, ки моҳи сентяби соли 2014 баргузор мегардад.

More From Author

You May Also Like