Categories ДИДГОҲ

Қарзовӣ: Эълони хилофат мувофиқ ба шариат нест

Рӯзи шанбе, 5-уми июл дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар донишманди маъруфи исломӣ ва яке аз сарварони зеҳнии ҷаҳони Ислом, доктор Юсуф Қарзовӣ изҳор дошта, ки эълон доштани «Давлати исломӣ» ё «хилофат» аз сӯйи як гурӯҳе дар манотиқи зери контороли худ дар Ироқу Суриё ба барқарори шариъат мувофиқ нест, иттилоъ медиҳад «Arab Nеws».
“Бале, мо интизори ҳарчи тезтар барқарор гардидани хилофат ҳастем, аммо эъломияи «Давлати исломӣ» аз нигоҳи шариъат дуруст нест ва барои мусалмонҳои сунии Ироқ ва онҳое, ки дар Суриё мубориза мебаранд, оқибати хатарноке дошта метавонад, таъкид кардааст ин донишманди маъруф.
Ба гуфти шайх Қарзовӣ, «таъйини халифа» аз ҷониби як гурӯҳи алоҳида, ки бо дидгоҳи ифротӣ шинохта мешаванд, ба шартҳои хилофат мувофиқ нест ва «унвони халифаро бо раъйи тамоми уммати исломӣ додан мумкин аст».
Бояд ёдовар шуд, ки ҳафтае қабл гурӯҳи «Давлати исломӣ» маҳдудаи зери тасаруфи хешро «хилофат» эълон дошта, амран аз тамоми мусалмонҳои ҷаҳон талаб карда, ки ба раҳбари он Абубакр ал-Бағдодӣ ҳамчун «Халифа Иброҳим» байъат намоянд. Ин иқдом боиси вокуниши шадиди мусалмонҳо шудааст, аз ҷумла чеҳраҳои маъруфи мусалмон.
Сарвари гурӯҳи «Давлати исломии Ироқу Шом» ё ДИИШ ва «халифа»-и худхонда Абубакр ал-Бағдодӣ бори аввал дар ҳузури мардум пайдо шуд ва дар навори видеоие, ки ин гурӯҳ аз тариқи интернет пахш сохтанд, ӯ пайравони худро ба тобеъият ва гӯш кардан ба амраш фаро хонд.
«Халифа Иброҳим» зимни қироъати хутба дар намози ҷумъа дар «Масҷиди бузург»-и шаҳри Мосул чунин изҳор кардааст: «Гӯш кунед ба оне, ки Худованд маро масъул гардонидааст. Худованд бародарони шумо, муҷоҳидҳоро баъди солҳои тӯлонии ҷиҳод ва сабр ба ғалаба насиб гардонид, ба онҳо барои расидан ба ҳадаф кӯмак кард. Аз ин хотир дар байъати барқарории хилофат ва таъйини имом бишитобед».

More From Author

You May Also Like