Categories ҶОМЕА

Пушитибонии фарзанд падарро пушти панҷара бурд

Ҷ. Ҳокӣ

Суди ноҳияи Мастчоҳ сокини 48 – солаи деҳаи Сабақи ҷамоати Палдораки ноҳияи мазкур, Маҳмадризо Шарифовро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаи тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят ва одамкушии Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста, ба муддати 11 соли зиндон маҳкум намуд.

Вале бо назардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» мӯҳлати ҷазои ӯ аз 4 як ҳисса кам шуда ба 8,5 сол муқаррар шуд.

Бино ба маълумоти мақомоти Прокуратураи ноҳияи Мастчоҳ, 3 – уми майи соли 2011 писари Шарифов ҳангоми чаронидани чорвои хешовандонаш бо сокини маҳаллӣ баҳс мекунад.

Маҳкумшуда аз ин хабардор гардида, ба Сафаров занг мезанад ва мегӯяд, ки рӯзи дигар ин масъаларо ҳал мекунанд. Дар рӯзи 4-уми май ӯ бо аслиҳаи шикорӣ ба назди Сафаров рафта, ба сӯи ҳамдеҳааш чанд тир холӣ мекунад.

Дар робита ба ин Прокуратура мегӯяд, дар баробари он ки Сафаров ҷароҳатҳои вазинин бардошта буд, табибон тавонистанд ӯро наҷот диҳанд.

Тибқи гузориши манбаъ, Маҳмадризо Шарифов мӯҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳотии низомаш шадид адо хоҳад кард.

More From Author

You May Also Like