Равоншиносон барои муайян кардани вижагиҳои шахсиятии афрод, баррасиҳои мухталифе анҷом додаанд. Аз ҷумла онҳо бо баррасии шакли абруи афрод, робитаи шакли абру бо сифатҳои шахсиятии инсонҳоро чунин арзёбӣ кардаанд.
1- абруҳои нарм ва камму, нишонаи нопухтагӣ ва бетаҷрибагӣ мебошад.
2- Абруҳои серму, нишонаи пурҳаракат будан ва энергияи зиёд доштан аст.
3- Абруҳои баланд (ба суи боло) нишонаи шахсияти бо суббот, талошгар ва кушишкунанда аст.
4- Абруҳои кутоҳ, нишонаи Адами устуворӣ ва хаёлотӣ будан аст.
5- Абруҳои ҷудо ва дур аз ҳам, нишонаи заъф ва инзивоталабӣ аст.
6- Абруҳои пайваста нишонаи ҳассос будан аст.
7- Абруҳои наздик ба чашмҳо нишонаи иродаи ќавӣ ва тамаркузи зеҳн аст.
8- Абруҳои рост, нишонаи шахсияти махкам ва якрав аст.
9- Абруҳои камонӣ, нишонаи Неру, нишот ва хунгармӣ аст.
10-Абруҳое Ки охири онҳо ба самти боло аст, нишонаи ҷуръат, нишот ва шодмонӣ аст.
11-абруҳое, ки охири онҳо аз ҳад зиёд ба поён хамида аст, нишонаи печидагии шахсият ва изтироб аст.
Албатта набояд инро ҳам фаромӯш кард, ки ҳамаи ин гуфтаҳо нисбӣ ҳастанд. Яъне шояд дар ҳамаи инсонҳо дуруст набошанд, аммо дар аксарияти онҳо дуруст меоянд. Зеро дар илмҳои инсонӣ (гуманитарӣ) маъмулан ҳамаи назарияҳо нисбӣ ва қобили тағйир дониста мешаванд.