Categories Ахбори рӯз

«Равшан»-и Кӯлоб сарпараст ёфтааст

Федератсияи футболи Тоҷикистон сарпарастии дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлобро қисман ба уҳда гирифтааст.
Тавре Баҳром Рустамов, сардори дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар робита ба ин масъал мегӯяд, то пайдо гардидани сарпарасти нав, Федератсияи футболи Тоҷикистон маоши бозингарони дастаро пардохт хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки дастаи футболи «Равшан» аз сермухлистарин тим буда, дар чанд моҳи охир бинобар бе сарпараст мондан дар бозиҳои ахирияш бо ҳисоби бузург шикаст мехӯрд. Ҳафтаи гузашта ин даста аз тими «Истиқлол»-и Душанбе бар ҳисоби бузурги 9:1 шикаст хӯрд. Чанд тан аз бозингарони дастаи “Равшан” бо сабаби мушкилоти молӣ тарки ин даста кардаанд.
Мегӯянд, тими «Равшан» – и Кӯлоб дар солҳои ахир нуфузи худро аз даст додааст, ки сабаби ин даст кашидани сармоягузорон ба даста ва рақиби асосии он шудани тими “Истиқлол” будааст.

More From Author

You May Also Like