Categories Мавқеъ

Даъвати Тошканд

Бо мурури вақт, тавре дар як таҳлили хеш ишора кардам, мавқеъгирии кишварҳои пасошӯравӣ дар қиболи буҳрони Укроин ошкор мешаванд. Бахусус вақте таҷзияи як кишвари мустақил бо дахолати беруна ба вуҷуд меояд ва кишварҳои дигар оқибати инро барои худ нигаронкунанда мебинанд, дигар ҷои хомӯшӣ боқӣ намемонад. Ҳоло Узбакистон аз аввалҳо шуда, ошкоро дар ин маврид мавқеъашро рӯшан кард.

Бале, Тошканд Маскаву Киевро ба музокироти мустақим даъват карда, гуфтааст, таъхир дар ин амр боиси афзоиши ихтилоф ва шиддати бештар касб кардани вазъият мегардад.
Узбакистон муносибати хешро дар буҳрони Укроин бетағйир дониста, “ҷонибдори ҳалли баҳсҳои байналмилалии мусолиматомез ва худдорӣ аз таҳдиду истифодаи зӯр буда , мухолифи дахлпазирии қаламрав ва истиқлоли ҳар як кишвар “мебошаду мавқеъи хешро дар ин маврид тағйир нахоҳад кард. Ҳамчунон бо назардошти наздикии мардуми русу укроин “баргузории музокироти мустақими Маскаву Киевро ҷиҳати пайдо кардани роҳҳалҳои гузашткорона роҳи ягона ва оқилона барои ҳарду тараф медонад, бинобар ин” ҳар қадаре ин фурсат бештар шавад, ҳамон қадар ихтилофот офзоиш ёфта, вазъ шиддат пайдо мекунад “, гуфтааст Тошканд.
Қаблан ҳам тавассути ВАО-и расмӣ аввалин вокуниши Тошканд дар мавриди ҳаводиси Укроин пайдо ва он ҷо ҳам ишора аз мухолифат доштани Узбакистон аз истифодаи зӯр дар баҳсҳои байналмилалӣ шуда буд. Ислом Каримов бошад, дар ҷашнгириҳои наврӯзӣ ҷонибдории кишварашро бар пояи қавонини байналмилалӣ донист. Эҳтимол мавқеъгири ахири Тошканд бо дарназардошти гуфтаҳои боло расман эълон шудааст.

Тошканд дар ҳоле садои хешро рӯшан ва таъкид аз зарурати ҳифзи якпорчагии кишварҳо мекунад, ки дигарҳо аз ошкор кардани дидгоҳу назари худ дар қиболи Маскав ибо меварзанд, чун аксари онҳо хуб медонанд, ки аз Маскав вобастагиҳои зиёд доранд. Агарчи президенти Белорус ҳам ба як тарзе тасарруфи Қримро аз тарафи Русия намунаи бад гуфта буд, вале дар баробари ин ҳарфаш эътироф кард, ки ин минтақа дар дасти Русия аст ва касе онро тағйир дода наметавонад.
Фикр мекунам, дар ин наздикиҳо дигаре аз кишварҳо ҳам, хоҳ, нохоҳ, мавқеъи худро нисбат ба буҳрони Укроин ошкор мекунанд, чун дурнамои ин буҳрон хеле ҷиддӣ ва таъсиргузор ба сиёсатҳои байналмилалӣ ва геостротежӣ ба назар мерасад.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода

More From Author

You May Also Like