Радиои “Имрӯз” чӣ мегуяд?

Ба хотири огоҳӣ аз хабарҳои кишвар, ҳар пагоҳӣ вақти ба кор рафтан мавҷи 107,4 FM-и радиои “Имрӯз”-ро фаъол менамоям. Баъди шунидани хабарҳои кутоҳи радиёи мазкур, барномае таҳти унвони “Ҳарфи шумо”,ки муҷрии он Далери Эмомалӣ аст, рӯи мавҷ баромада, масъалаҳои мубрами рӯзро пайгирӣ менамояд,ки аксар вақт тулонӣ шуда, ду рӯзро дар бар мегирад.

Рӯзҳои 11.05 то 12.05.2015,масъалаи муассисаҳои таълимӣ бардошта шуд.Ровии барнома ҳамеша муштариёнро огоҳ мекунад,ки бо барнома ҳамкорӣ намоянд ва тавассути рақами кутоҳи 88-85 дар тамос шаванд. Мардум низ аз ҳар гушаву канори ҷумҳурӣ занг зада, мушкилотро матраҳ месозанд. Оре ин хеле хуб аст,вале дар мавриди баҳси масъала Д.Эмомалӣ хоҳиш мекунад то бо далел суҳбат кунанд.

Масалан нафаре дар бораи ба мактаб нарафтани наврасони нощияи Рӯдакӣ, деҳаҳои наздик ба маркази савдои “Балх” ва кучаи Турдиеви ҳамин ноҳия хабар дод, ки аз сабаби нарасидани синфхона, яъне набудани ҷои нишасти талаба,фарзандони бисёре аз ин истиқоматкунандагон ба мактаб намераванд ва ҳатто ишора намуд, ки як бинои якошёнаи муасисаи таълимиро сохта ба кор додаанд,ки аз сабаби хурд будан ҳоҷати бошандагонро бароварда наметавонад. Ровӣ бошад мепурсад,ки ӯ ки аст, ному насабашро ироа намо,ё мепурсад,ки шумо ба ягон нафар аз кормандони маориф шикоят бурдаед? Вале ба хотири фишор наовардан ба ин падару модар,муштарӣ иброз медорад,ки ман наметавонам ному насаби онҳоро ифшо намоям ва хоҳиш мекунад,ки худ омада, як таҳқиқот гузаронанд. Ё нафари дигар аз н.Ҳисор занг зада, иброз медорад,ки барои акси хотиравӣ ”винетка” гирифтан 80 сомонӣ талаб доранд,инчунин маблағи таъмири бинои мактабро бояд пардохт намоем,либоси мактабӣ гарон аст,дар ҳоли набудани ҷои корӣ наметавонем чунин маблағро пардохт намоем. Муҷрии барнома аз ин падар мепурсад,ки боре ба ҷаласаи падару модарон ба мактаб рафтаед?

Оре, ҳамагон аз ин маблағситонии устодони массисаҳои таҳсилоти умӯмӣ огаҳанд ва нафаре иброз медорад,ки чунин нест, хато мекунад. Дар муассисаи таҳсилоти умумии № 42-и н.Фирдавсии ш.Душанбе аз хонандагон моҳона маблағи 25 сомонӣ талаб мекунанд ва барои таъмири муассиса моҳи гузашта 30 сомонии дигар ҷамъ оварданд. Чунин иқдом дар муассисаи таҳсилоти умумии № 65 низ ба мушоҳида мерасад. Чунин мисолҳоро метавон дар тамоми муассисаҳои ташкилоти умумии кишвар ном бурд. Агар чунин нест, нафаре аз кормандони ин соҳа метавонанд онро рад намоянд.

Агар кормандони ин барнома холисан барои осон намудани мушкилоти мардум, як таҳқиқоти журналистиро ба роҳ мемонданд,нур алонур мешуд.

Ба хотири ба дарозо накашидани матлаб бояд бигӯям,ки қабули зангҳо танҳо тавассути телефонҳои мобилӣ ба роҳ монда шудааст. Як нафар наметавонад,ки аз телефони корӣ ё хонагӣ ба ин рақами кутоҳ дар алоқа шавад. Нархи ҳар занге,ки ба ин рақами кутоҳи 88-85 –и барномаҳои радиёи мазкур ворид мешавад 1 сомониву 73 дирам мебошад. Яъне ногуфта намонад, ки имрӯзҳо садҳо нафар ба барномаҳои радиёи “Имрӯз” дар тамос мешаванд. Инчунин ровии барномаҳо ба хотири реклом, пурсиши нотамоми мардумро қатъ месозанд, ё гӯширо бардошта баҳона пеш меоваранд,ки ӯро намешунаванд.

Ҳисоби умумии маблағи ба дастовардаи ин родиёро ба муҳосибони кишвар ҳавола менамоям.

Р.Раҷаб

More From Author

You May Also Like