Одинамаҳмад
Мирзомаҳмадов номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ, ҳавзаи №16,
участкаи №15-и деҳаи Худгифи Соя, ба ситоди марказии интихоботии ҲНИТ хабар
дод: шахси бо эътимоди номбурда Мулломаҳмадов Муллошамсӣ, раиси участкаи
интихоботӣ Муллоҷонов Муллоҳакимро барои роҳнамоии интихобкунандагон дар дохили
толори интихоботӣ мавриди интқод қарор додааст, ки дар натиҷа раиси участка шахси
боэътимоди номзад Мулломаҳмадов Муллошамсиро барои гӯйё “қонунвайронкунӣ”
аз участкаи интихоботӣ берун кардааст.
Дар ҳоле ки шахси боэътимод ҳатто ҳамчун нозир
ҳуқуқи назорати раванди интихоботро дорад.
Чунин амалҳои
ғайриқонунӣ метавонад ба шаффофияти интихобот ва имиҷи кишвари дунявӣ ва
демократӣ зарбаи сахте ворид намояд. Умедворем дар идома масъулин аз
қонуншиканиҳо пешгирӣ намоянд то интихобот дар масири дуруст ба анҷом расад.