Зайнаби Муҳаммаддухт
nahzat.tj
Ҳар сол дар ҷаҳон 18 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳоҷират унвон шудааст.
Рӯзи 18-уми декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳоро қабул намуда, дар таърихи 4-уми декабри соли 2000-ум СММ 18-уми декабрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон ба расмият даровард.
Мутобиқи ҳисоботи Созмони байналмилалии муҳоҷират, имрӯз шумораи умумии муҳоҷирони корӣ дар ҷаҳон ба 214 миллион нафар расида ва тибқи пешбиниҳои СБМ то соли 2050-ум ин шумора ду баробар зиёд гардида, ба 405 миллион нафар мерасад.
Тоҷикистон ҳам яке аз кишваҳоест, ки раванди муҳоҷират бо ба ноил шудан ба истиқлолияти давлатӣ ба миён омад. Ҳоло Тоҷикистон ҳудуди 1 миллион муҳоҷир дар Русия дорад. Аммо созмонҳои байналмилал ин рақамро ҳудуди 2 миллион мегӯянд.
Муҳоҷирони тоҷик аз мушкилот истисно нестанд, солона онҳо ба хонаводаҳои хеш наздик ба 3 миллиард доллар мефиристанд. Бахшида ба ин рӯз бо Умеди Ҷайҳонӣ, донишманди тоҷик ва муқими шаҳри Москав, атрофи вазъи феълии муҳоҷирон пурсон шудем.
– Рӯзи байналмилалии мухочират муборак бошад!
– Ташаккур, ростӣ ман имшаб фаҳмидам, ки ҳамчун Рӯзе вуҷуд доштааст.
– Оё дар ин рӯз муҳоҷирон барномаи хосе доштанд ва онҳо медонанд, ки ҳамчун Рӯзе ба онҳо ихтиос дода шудааст?
– Гумон дорам муҳоҷироне, ки “Озодӣ”-ро мехонанд, аз он ҷо мефаҳманд, чунин рӯзе аст, вагарна ин ҷо аз ин рӯз хабаре нест.
– Нисбат ба солҳои қабли Русия дар нисбати муҳоҷирони мо чӣ имтиёзе додааст?Масалан, оё боздошти онҳо дар хиёбонҳо ва таҳдиди миллатгароён болояшон кам шудааст?
– Ҳеҷ имтиёзе ман эҳсос накардаам. Пулис ва бегонаситезон ҳамчунон пулу ҷон мегиранд, ки мегирифтанд.
– Миллатгароён чӣ, чун онҳо чанд шаҳрванди моро сар аз тан ҷудо карданд?
– Оморе аз ҷиноёташон дар даст надорам, ки мустанад сӯҳбат кунам, вале миллатгароӣ дар Русия ки ҳамон бегонаситезист, рӯз аз рӯз густардатар мешавад. Роҳпаймоии рӯзи 4 ноябр гувоҳ бар ин гуфта аст.
– Дар чанд соли охир эҳсос мешавад, ки ҳукумат барои муҳоҷирон чи кореро ба сомон расонид, то вазъи буду боши онҳо беҳ гардад?
– Ҳеҷ иттилоъе дар ин бора надорам. Аммо дида мешавад, ки вазъашон чунон аст, буд. Муҳоҷирон ин ҷо камтарин ҳуқуқро низ надоранд.