10-уми июни соли 1948 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Соли 1966 мактаби миёнаро хатм намуда, ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудааст.
Соли 1971 донишгоҳи мазкурро бо дипломи аъло тамом кард.
Дар солҳои 1971 – 1972 ба ҳайси муҳаррири ҳуқуқии Энсиклопедияи советии тоҷик дар Академияи илмҳои ҶТ фаъолият намуд.
Соли 1972 аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ба аспирантураи Академияи илмҳои Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1976 ба итмом расонида, ҳамон сол ба факултети ҳуқуқшиносӣ ба вазифаи ассистенти кафедраи назарияи таърихи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон даъват шуд.
Соли 1984 бо роҳбарии академик Раҷабов С.А. рисолаи илмиро дар мавзуъи “Роли РСФСР ва СССР дар ташаккул ва рушди давлати миллии халқи тоҷик дар солҳои сохтмони сотсиализм (1917 – 1937) дар ш. Тошканди Ӯзбакистон ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардид.
Дар солҳои 1978 – 1989 муаллимаи факултети ҳуқуқшиносӣ буд. Соли 1989 декани факултаи мазкур интихоб шуда, дар ин вазифа то соли 1993 фаъолият дошт. Дар ин муддат бо ташаббус ва дастгирии Бобоназарова дар факултети мазкур як силсила чорабиниҳои ташкилӣ, илмӣ – методӣ ва дастурӣ татбиқ гардиданд, ки сифати баланди тайёрии касбии донишҷуёнро таъмин сохтанд.
Солҳои 1996 – 2005 дар “Миссияи Тоҷикистон”-и Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ба сифати машваратчии ҳуқуқӣ фаъолият намуда, дар ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсӣ ва раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакат нақши сазоворро гузоштааст.
Дар солҳои 1998 – 2007 вазифаи раиси Бунёди байналмилалии “Сорос”-ро дар Тоҷикистон низ ба уҳда дошт.
Аз соли 2007 ба ҳайси раиси созмони ҷамъиятии фонди “Перспектива +” фаъолият мекунад.
Маводи илмӣ ва корие, ки ба қалами Бобоназарова тааллуқ доранд, бештар ба мавзуъи таърихи давлат ба ҳуқуқ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон бахшида шудаанд.
Рӯзи 10-уми сентябри 2013 ӯ ҳамчун номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ба мақоми президентӣ эълон гардид.
Рӯзхи 17-уми сентябр дар Анҷумани ҲНИТ ҳамчун номзад ба мақоми Президентӣ пешниҳод шуд.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.
Манбаъ: Сомонаи Наҳзат