Categories Ахбори рӯз

Раиси ҲНИТ ҳамла ба корвони Абдуллоҳ Абдуллоҳро маҳкум кард

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамла ба корвони мошинҳои Абдулло Абдуллоҳ, номзади пештоз дар интихоботи президентии Афғонистонро маҳкум кард.
Тайи як тамоси телефонӣ бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ раҳбари ҲНИТ шоми дирӯз, 6 июн ҳамлаи интиҳориро ба корвони мошинҳои номзади пештози интихоботии Афғонистон, ки бар асари он се тан аз муҳофизини ӯ шаҳид гашта, ҳамчунин 15 нафари дигар захм бардоштанд, маҳкум карда, таъзият ва ҳамдардии роҳбарият, аъзою ҷонибдорони ҳизбро расонд. Ҳамзамон Муҳиддин Кабирӣ барои шуҳадо ҷаннат-ул-фирдавс ва барои захмиҳо аз даргоҳи Худованд шифои комилро хост.
Доктор Абдуллоҳ, собиқ вазири умури хориҷаи Афғонистон ва номзади пештози интихоботи президентии ин кишвар дар навбати худ бо изҳори сипос аз раҳбари ҲНИТ гуфт, ҳамдилӣ ва дуои бародарону хоҳарони тоҷик дар чунин лаҳзаҳои душвору тақдирсоз барои ӯ ва ҳамроҳонаш нерӯи бештар мебахшад.
Дар ахири суҳбат бо доктор Абдуллоҳ Муҳиддин Кабирӣ дар даври дуюми интихобот, ки қарор аст, 14 –уми июн баргузор гардад, ба ӯ пирӯзию комёбӣ таманно намуд.

More From Author

You May Also Like